Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсия бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Хуҷанд

194

7-уми майи соли равон бахшида ба 73-юмин солгарди «Иди Ғалаба аз болои фашизми гитлерӣ», дар мавзӯи «Дастгир намудани гурӯҳи ҷинояткорони силоҳбадаст аз тарафи мақомотҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ҷалби мутахассисони касбии баландихтисоси ДТММ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, қисми ҳарбии 3501 Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Кумитаи амнияти давлатии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти давлатии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Қисми мустақили №23-и ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Хуҷанд, Қисми ҳарбии 08362 Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантони Факултети №4, аз тарафи кафедраи Фанҳои ҳарбӣ-хизматии факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикисон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, «Конференсияи ҷумҳуриявӣ» ташкил ва гузаронида шуд.

195

Бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯ низ сардори факултети №4, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло, оид ба кушодашавии чорабинӣ баромад намуда, ҳозиринро бо рӯзи Иди Ғалаба, 9-уми май шодбош намуд ва меҳмонони чорабиниро муаррифӣ намуда, хайрамақдам бигуфт.
Мавсуф дар баромадаш оид ба Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маълумоти пурра дода, дар фарҷоми суханронӣ гуфт: «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад» ва барои поси хотири шаҳидони родмард дақиқаи хомӯшӣ эълон намуд.
Сипас мутобиқ ба барномаи баргузории чорабинӣ, капитани милитсия Шарипов Далер Маҳмудович - сардори шуъбачаи омодагии ҳарбии ДТММ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар мавзӯи «Таҷрибаи ҳамлаи кормандони ДТММ бо истифода аз силоҳ ва воситаҳои махсус ҳангоми дастгир ва безарар намудани ҷинояткорони силоҳбадаст», капитан Нурзод Маҳбуб - сардори зершуъбачаи корҳои сиёсӣ-тарбиявии қисми ҳарбии 3501 ҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзуи «Нақшаи Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастгир намудани гурӯҳи ҷинояткорони силоҳбадаст», подполковник Тоиров Хайрулло Қодирович - сардори шуъбаи 3-юми взводи таъиноти махсуси зидди терористии «Алфа»-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзуи «Тарзи гузаронидани амалиёти махсус оид ба пешгирӣ ва дастгир намудани гурӯҳи ҷинояткорони силоҳбадаст», майор Акрамов Алишер Қурбонҷонович - намояндаи Қӯшунҳои сарҳадии Раёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар мавзӯи «Пурзӯр ва амалӣ намудани наряди сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадӣ», майори хизмати дохилӣ Ҷураев Собирҷон Рустамович - муовини сардори қисми мустақили №23-и ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Хуҷанд, дар мавзӯи «Истифодабарии техника ва таҷҳизотҳои оташнишонӣ, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои махсус», лейтенант Азизов Рауф Ёқубович - командири ротаи чорабиниҳои махсуси қисми ҳарбии 08362 Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, майори милитсия Исмоилов Обид Нурмуҳаммадович - муаллими кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ, дар мавзӯи «Ба нақшагирии амалиёти махсус оид ба дастгир намудани гурӯҳи ҷинояткорони силоҳбадаст» ва дигарон баромад намуданд.
Дар ҷараёни баргузории конференсияи илмӣ-амалӣ аз аёниятҳо, лавҳаҳо, ВТТ, силоҳҳои оташфишон, лавозимотҳои ҷангӣ ва махсуси худмуҳофизаткунандаи хизматчиёни ҳарбии мақомотҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳирона истифода бурда шуд.
Конференсияи мазкур дар як фазои идона ва хотирмон гузаронида шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи роҳбарияти факултет, полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло, сухани ҷамъбастӣ намуда ба ҳамаи иштирокчиёни он арзи сипос намуд ва бори дигар ҳамаи иштирокчиёнро бо «Рӯзи Иди Ғалаба» табрику таҳният гуфта ба ҳамагон пеш аз ҳама осмони соф, хонаободию сарбаландӣ ва дар фаъолияти хизматиашон комёбиҳои беназир ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳи беинтиҳоро орзу намуд.
Ҳақбердӣ Н. сардори кафедраи фанҳои
ҳарбӣ-хизматии факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...