Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни мақолаи беҳтарин вобаста ба ҳуқуқи инсон байни курсантони Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

78Бо мақсади амалӣ намудани банди 37 фасли 4 нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори маҷлиси маҳфили илмии «Давлатшиносони ҷавон»-и кафедраи фанҳои давлатӣ – ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дарку фаҳм ва баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва сайқал додани савияи дониши курсантон дар моҳи декабри соли 2023 бо ташаббуси ҷамъияти илмии курсантони «Давлатшиносони ҷавон»-и кафедраи номбурда озмуни мақолаи беҳтарин оид ба ҳуқуқи инсон эълон карда шуд.79
Дар озмуни мазкур теъдоди зиёди курсантон иштирок намуданд. Натиҷаи озмун бо хулосаи ҳайати професорону омузгорони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни ҷамъияти илмии курсантони «Давлатшиносони ҷавон»-и кафедра муайян гардид, ки тибқи он курсанти курси 4-уми гурӯҳи таълимии 407 факултети №2 сержанти милитсия Саидов Толиб Шамсиддинович ҷойи аввал, бо мақолаи “Вазъ ва ҳуқуқи занону модарон дар гузаштаи таърих ва замони муосир дар саросари ҷаҳон”, ҷойи дуюм курсанти курси 3-юм гурӯҳи таълимии 306 факултети №2 милитсияи қаторӣ Муродов Сино Мусоевич, бо мақолаи “Нақши мақомоти корҳои дохилӣ дар механизми таъмини ҳуқуқи инсон”, ҷойҳои сеюм ба курсанти курси 3-юм гурӯҳи таълимии 307 факултети №2 милитсияи қаторӣ Ниёзов Оламафрӯз Шарифович бо мақолаи “Сарчашмаҳои миллӣ ва байналхалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва курсанти курси 2-юми гурӯҳи таълимии 208 факултети №2 милитсияи қаторӣ Холов Муҳаммад Фаридунович бо мақолаи “Конституция Республики Таджикистан – основной источник по защите прав и свобод человека и гражданина”, ишғол намуданд.
Ба ғолибони озмун аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Фахридинзода Ҳ.С., роҳбари маҳфили илмии «Давлатшиносони ҷавон», муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...