Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Академияи ВКД

443

30-юми декабри соли 2023 дар толори асосии маҷлисгоҳи Академияи ВКД ҷашни ботантанаи 32-юмин солгарди таъсисёбии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар чорабиниҳои тантанавӣ сардорони муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, собиқ сардорони муассисаи таълимӣ, намояндагони Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ветеранҳои “Бародарони ҳамяроқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, собиқадорони муассисаи таълимӣ, ҳунармандон ва намондагони ВАО иштирок доштанд.444
Чорабинӣ аз 3 қисмат иборат буд. Баъди хондани Суруди миллӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ тамоми ҳозиринро барои ташриф ва иштирокашон дар чорабинии мазкур хайра мақдам гуфт.
445Дар суханронии хеш қайд кард, ки: “Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли кишвар буда, муддати 32-сол аст, ки фаъолият дорад. Академия, ягона боргоҳи омода намудани кадрҳои миллӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ ва ниёзи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.446
Бо истифода аз фурсати муносиб, Шумо муҳтарам, роҳбарони муассисаҳои олии касбӣ ва ҳозирини арҷмандро, барои ташриф овардан ба ин даргоҳ хайрамақдам гуфта, фарорасии соли нави мелодиро бароятон табрик менамоям.
448Академия ҳамчун муассисаи олии касбӣ, дар давраи фаълияти худ ҳазорон кадрҳои баландихтисос ва ҷасуру далерро омода намудааст, ки онҳо дар лаҳзаҳои вазнину ҳассоси кишварамон, ҳомиёни воқеии Ватан ва ҳимоятгарони манфиатҳои миллӣ будани хешро исбот намудаанд.447
Вазъияти ибтидои солҳои истиқлоли кишвар, сарфи назар аз печидагиву дурнамои номуайян, алалхусус мавҷудияти буҳрони кадрии он, зарурати омода намудани кадрҳои миллиро барои ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тақозо менамуд.
449Маҳз ҳамин заминаву омилҳо, роҳбарияти ҷумҳуриро водор намуданд, ки ба таъсиси Мактаби олии ВКД ва минбаъд дар таърихи 30 декабри соли 2000-ум табдил намудани он ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом намоянд.450
Албатта, гузашти солҳо собит намуд, ки иқдоми мазкур, ки тасмими Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, саривақтӣ ва дурандешона будааст.
Воқеан, Ҳукумати Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин марҳилаи ташаккулёбии истиқлоли миллӣ ба рушди соҳаи илму маориф ва нерӯҳои ақлонии мамлакат аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.
Пешвои муаззами миллат аҳли илму маориф ва қувваҳои солими зеҳниро хазинаи тиллоии мамлакат номида, дар ҳама кору пайкор, ҳолатҳои тақдирсозу душвор ва ҳалли муҳимтарин масоили ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ аз фикру ақида, хулосаҳои илмӣ, донишу таҷриба ва таклифу пешниҳодоти онҳо самаранок истифода менамоянд.
Дар замони Истиқлоли давлатӣ, бахусус баъд аз соли 1992 новобаста ба вазъи душвори ҷамъиятӣ-сиёсӣ Пешвои миллат шахсияти омӯзгорро ҳамчун мураббӣ ва созандаи ҷомеаи мутамаддин арҷгузорӣ намуда, ба шароити зист, таъмини рӯзгор ва маърифатнокии онҳо аҳамияти хоса дода, ба таълиму тармими тамоми сохтори маориф шуруъ намуданд.
Миллати бомаърифат ҳамеша хоҳишманди рушду нумӯи ватани хеш буда, дар ин зимина насли давронсозро барои фаро гирифтани донишҳо ҳидоят мекунад. Пешвои миллат ҳамеша ба соҳаи маориф ва илм афзалият медиҳанд ва ин матлаб дар ҳама баромаду суханрониҳо, бахусус паёмҳои Пешвои миллат ба мақомоти олии қонунгузори кишвар мақоми меҳварӣ дорад.
Бо ин мақсад, ҳамасола аз ҳисоби буҷаи кишвар маблағҳои хело зиёд ба ин соҳа ҷудо карда мешаванд, ки дар солҳои охир тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, алалхусус маорифчиёни кишвар аз он баҳраманд гардидаанд.
451Пешвои муаззами миллат дар паёми хеш ба Маҷлиси олӣ, ки чанд рӯз қабл ҳамагон шоҳиди ироаи ин санади сарнавиштсози миллат будем, чунин қайд намуданд, ки “...Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад.452
Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд”. Ин гуфтаҳо, бори дигар собит месозанд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи мактаби маорифпарваронаи гузаштагони худ чун Аҳмади Дониш ва Садриддин Айнӣ мебошад, ки маорифи миллиро аз буҳрони амиқ берун оварда, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ сохт.
Дар заминаи тадбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумат, алалхусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти ВКД, бахусус Вазири муҳтарам, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба масъалаи таъсис ва рушди муассисаҳои таълимии вазорат, муҷаҳҳаз намудан бо муосиртарин шароити таълим, мутобиқсозии онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ, дастгирии пайвастаи омӯзгорон ва умуман мустаҳкам намудани иқтидори кадрии ин муассисаҳо, пайваста чораандешӣ менамоянд.
Далели суханҳои зикргардида, бо истифода аз маблағҳои буҷавӣ ва суратҳисоби махсус, давра ба давра баланд бардоштани музди маош ва дигар иловапулиҳо мебошанд, ки ба кормандон, омӯзгорон ва курсантони ин муассисаи таълимӣ пардохт карда мешаванд.
Чунин дастгириҳои иҷтимоии роҳбарияти олии кишвар ба ҳайати профессорону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ВКД имрӯз низ идома дошта, дурнамои он дар “Барномаи рушди Академияи ВКД барои то соли 2043” дарҷ гардидааст.
Академия, ки имрӯз мақоми ҳамоҳангсозро дар миёни муассисаҳои таълимии вазорат касб намудааст, фаъолияти худро дар самти таъмини раванди таълим, пешбурди корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, тарбиявӣ ва робитаҳои байналмилалӣ ба роҳ мондааст.
Айни замон, Академия фаъолияти худро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва аз рӯи ихтисосҳое, ки ба талаботи стардарти давлатӣ ҷавобгӯй мебошанд, амалӣ менамояд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳайати профессорону омӯзгорони Академия дар самти фаъолияти илмию тадқиқотӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ сол ба сол беҳтар мегарданд.
Ҳамаи ин комёбиву муваффақият дар самти иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки таваҷҷуҳ ба корҳои илмӣ, ки омили асосии рушду тараққиёти ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ мебошад, сол то сол дар ҳоли рушду густариш аст. Аз ҷониби дигар, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи илм аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ВКД, ба пешрафту самаранок гардидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар Академия, мусоидат намуда истодааст.
Имрӯз дар 6 факултети Академия, 40 кормандони дараҷа ва унвонҳои илмидошта, аз ҷумла 3 доктори илм, профессорҳо ва 37 номзади илм, дотсентон, Ҳуқуқшиносони шоистаи Тоҷикистон, Кормандони шоистаи Тоҷикистон, аълочиёни маориф ва илми ҷумҳурӣ, кормандони фахрии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолият менамоянд.
Ҳайати профессорон ва омӯзгорон дар 7 самт, оид ба масъалаҳои мубрами илм ва амалияи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва 4 мавзуъҳои илмии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда корҳои тадқиқотиро анҷом медиҳанд.
Имрӯзҳо дар назди Академия шуъбаи адъюнктура ва Шурои дифои рисолаҳои илмӣ аз рӯйи ихтисосҳои 12.00.11 - Фаъолияти судӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва 12.00.12 - Криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ амал менамоянд, ки дар самти омодасозии кадрҳои соҳа дастоварди муҳим ба ҳисоб мераванд.
Ба доираи маҷаллаҳои илмии Низоми Россиягии иқтибосоварии илмӣ (РИНЦ) ворид гардидани маҷаллаи илмии «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон», комёбии дигари Академия мебошад.
Ғайр аз ин, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим ва таъмин намудани он бо кадрҳои илмӣ-амалӣ ва пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, олимону мутахассисон аз дигар донишгоҳу донишкадаҳо, вазорату идораҳо ва институтҳои илмӣ-тадқиқотии кишвар ба сифати ҳамкор ҷалб карда шудаанд, ки яке аз онҳо олими шинохтаи кишвар, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро мебошанд.
Фаъолияти омӯзгории Вазири муҳтарам барои ҳайати омӯзгорони Академия мояи ифтихор буда, далели таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ ба раванди омода намудани кадрҳои ояндасози кишвар мебошад.
Ҳамзамон, бо мақсади омода намудани кадрҳои соҳа, алалхусус кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогӣ, Академия ҳамкориҳои худро бо бонуфузтарин муассисаҳои олии касбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоти байналмилалӣ, алалхусус Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Беларусия, Туркия, Эрон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо, ба роҳ мондааст.
Натиҷаи чунин ҳамкориҳо мебошанд, ки танҳо дар ду соли охир, 3 нафар рисолаи докторӣ ва 13 нафари дигар рисолаҳои номзадии хешро бо муваффақият дифоъ намудаанд.
Аз ҷониби устодони Академия дар зарфи 32 соли мавҷудияти он беш аз садҳо китобу монографияҳо, ҳазорҳо мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва коркарду пешниҳодҳо оид ба такмил додани қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод гардидаанд.
Айни ҳол иқтидори Академия аз 6 факултет, 24 кафедра, зиёда аз 112 синфхонаи таълимӣ; 29 синфхонаи махсуси таълимӣ, китобхона, толори лексионӣ, толори маҷлисгоҳ, толори тирпарронӣ, шаҳраки варзишӣ, майдончаҳои варзишӣ, майдони техникаи ҳарбӣ-хизматӣ ва майдони сафороӣ иборат буда, дар хизмати курсантону шунавандагон қарор доранд.
Курсантони Академия дар озмунҳо, олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъол намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Мисоли равшани гуфтаҳои мазкур дар се соли охир сазовори ҷои аввал гардидани курсанти курси 4 - уми Академия Ҷононаи Зикрулло, курсанти курси 3-юм Саидова Муқаддас ва корманди шуъбаи таъминоти Академия, милитсияи қаторӣ Ҳасанов Каримҷон дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон ватани азизи ман”, мебошанд.
Инчунин, иштироки фаъол ва сазовори ҷойи 1-ум гардидани курсанти курси 1-ум Абдуҷабборзода Худойдод дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” дар соли 2022, ҳамзамон иштироки фаъоли ҳайати омӯзгорон ва курсантони Академия дар давраҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии озмунҳои зикргардида ва соҳиби сипосномаву дигар мукофотҳои молию пулӣ гардидани онҳо дастоварди Академия мебошанд.
Масъалаи забондонӣ, ки зери таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат қарор дорад, дар Академия нисбат ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Кафедраи забонҳо, ки бевосита масъулияти татбиқи амалии чунин дастуру супоришҳо ва барномаву стратегияҳоро дар ин муассисаи олии касбӣ бар уҳда дорад, ҳамеша зери назорати
қатъии роҳбарияти Вазорат ва Академия қарор дорад. Дар соли равон бо теъдоди 3 воҳиди корӣ зиёд намудани ҳайати профессорон ва омӯзгорони кафедраи мазкур, далели таваҷҷуҳи роҳбарияти ВКД ба масъалаи забономӯзӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ ҳисоб меёбанд.
Масъалаи дигаре, ки бо мақсади тақвияти забономӯзӣ дар Академия роҳандозӣ гардидааст, эълон гардидани рӯзҳои чоршанбе ва панҷшанбеи ҳар ҳафта, ҳамчун рӯзҳои муоширати забони русӣ ва англисӣ мебошанд.
Бахши дигаре, ки ҳамчун фанҳои тахассусӣ ба омӯзиши он дар Академия таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад, омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ мебошанд, ки дар факултети №5 Академия омӯхта мешаванд. Маҳз дар заминаи чунин иқдомҳо, алалхусус аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар эълон гардидани солҳои 2020 – 2040, ҳамчун «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф», бори аввал ба омӯзгори Академия, подполковники милитсия Муминов Алишер, муяссар гардид, ки дар доираи озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” аз рӯи наминатсияи ихтирокорӣ, соҳиби “Патент” гардад.
Пешбурди корҳои тарбиявӣ дар Академия яке аз муҳимтарин бахши фаъолияти ин муассисаи олии касбӣ ҳисоб меёбад. Дар баробари дигар субъектони пешбарандаи корҳои тарбиявӣ дар миёни курсантону шунавандагон, ҳамзамон Шурои кураторон амал менамояд, ки ҳайати он аз 87 нафар профессорону омӯзгорон иборат мебошад.
Шурои мазкур, ҳоло дар доираи системаи интернетӣ, гурӯҳи ягонаи волидонро ташкил намуда, ҳаррӯза онҳоро аз бурду бохти фарзандонашон бохабар намуда, бо онҳо дар робитаи қавӣ қарор доранд. Яъне муваффақият ва ё одитарин кирдори ғайри интизомии содирнамудаи фарзандонашон, ҳамон лаҳза ба онҳо ирсол мегардад.
Масъалаи ҳамкорӣ бо падару модарони курсантон, ҷиҳати таълиму тарбияи фарзандони онҳо зери таваҷҷуҳи роҳбарияти Академия қарор дошта, ҳар семоҳа як маротиба ҷаласаи волидон ташкил гардида, бо роҳбарияти Академия сӯҳбату вохӯриҳо анҷом медиҳанд.
Илова бар ин, рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта қабули шаҳрвандон, падару модарон ва курсантону шунавандагон аз ҷониби шахсан сардори Академия сурат мегирад, ки натиҷаҳои хуб ба бор овардааст.
Равон намудани мактубҳои расмии миннатдории роҳбарияти Академия ба волидоне, ки фарзандони онҳо бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил менамоянд, инчунин мактубҳои изтиробӣ низ нисбати баъзан курсантону шунавандагон ба унвонии раисони шаҳру ноҳияҳо, шуъбаҳои ВКД, ки номзадии чунин курсантонро ба Академия пешниҳод намудаанд, ҷамоат ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумие, ки чунин курсантон онро хатм намудаанд ва падару модарони онҳо ирсол карда мешаванд, ки яке аз муҳимтарин таҷриба дар ҷодаи тарбияи кадрҳо ба ҳисоб меравад.
Соҳаи варзиш яке аз бахшҳои зарурӣ дар фаъолияти касбӣ ҳисоб ёфта, ба он диққати махсус равона мегардад. Фаъолияти назарраси сексияҳои варзишӣ ва таълиму тарбияи курсантон дар онҳо, инчунин узви расмии клубҳои бонуфузи варзишии кишвар будани курсантони Академия, дастовардҳои назаррасро ба бор овардааст. Дар ин замина, курсантони Академия имкон пайдо намудаанд, ки дар мусобиқаҳои варзишии дохилӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, иштироки фаъол намоянд.
Таъсиси сомонаи расмии интернетӣ, Студияи телевизион, Радиои дохилӣ, Нашрияи Академия “Набзи милитсия”, яке аз муваффақиятҳои назарраси ин муассисаи олии таълимӣ мебошанд, ки дар ҷодаи омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи имрӯзи бозори меҳнат мусоидат менамоянд.
Ҳоло бошад мақомоти корҳои дохилӣ дар раванди ислоҳот қарор дорад, ки яке аз муҳимтарин бахши он, таъмини сатҳу сифати омодасозии кадрҳо ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани раванди мазкур, ҳисоб меёбад.
Боварии комил дорем, ки бо татбиқи амалии барнома ва стратегияҳои раванди ислоҳоти милитсия, имкон фароҳам мегардад, ки сохторҳои Академия такмилу азнавсозӣ гардида, раёсатҳо, факултет ва ихтисосҳои нав таъсис дода шуда, барои тағйири мақоми Академияи ВКД ба Донишгоҳ шароити мусоид муҳайё гардад.
Дар анҷоми сухан бори дигар Шумо меҳмонони олиқадрро ба ин даргоҳ хайру мақдам гуфта, ба ҳар кадоми Шумо дар ҷодаи пешбурди фаъолияти пуршарафи соҳаи илм ва маориф, комёбиҳо таманно дорам.
32-юмин солгарди таъсисёбии Академияи ВКД муборак, ҳамкасбони азиз!”
Баъдан, раиси Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷуиҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор, генерал-лейтенанти милитсия Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ баромад карда, аз таърихи кутоҳи Академия, саҳми вазирон, талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омӯзгорону олимон ва дастовардҳои муассисаи таълимӣ ёдоварӣ кард.
ДАР ҚИСМАТИ ДУЮМ фармоишҳои ВКД ва сардори Академияи ВКД қироат карда шуд. Дар маҷмуъ барои саҳми беандоза дар ташкилу танзими фаъолиятҳо дар Академияи ВКД, хизмати содиқона ва софдилона ба Ватан теъдоди 360 нафар кормандон, афсарону омӯзгорон, олимон, курсантону шунавандагон, собиқадорон бо нишону медалҳо, тӯҳфаҳо, маблағҳои пулӣ ба собиқадорон ва курсантони ятими кул ва бо фармоиши Вазири корҳои дохилӣ 30 нафар кормандон бо медали “Барои хизмати шоён” дараҷаҳои гуногун сарфароз гардонида шуданд.
ДАР ҚИСМАТИ СЕЮМ: ҳайати дастаҳои курсантони Академияи ВКД саҳнаҳои гуногуни омодакардаи хешро пешкаши ҳозирин карда, аз ҷониби ҳунармандони шинохташудаи ҷумҳурӣ: Лайлӣ Каримова, Бахтовари Сӯҳроб, Сабринаи Мирзо, Умеди Бурҳон, Шукронаи Баҳодур, Комрони Ҳошим, Шаҳриёр Мардонов, ансамбли “Сипар”-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оҳангҳои дилнишин сароида шуд. Курсантони Академияи ВКД Мамадҷонзода Н., Туронова Р., Саидова Муқаддас ва дигарон низ ҳунару истеъдоди хосашонро манзури иштирокчиёни толор карда буданд, ки дар умум писанди ҳамагон гашт.
Сардори Академияи ВКД дар охир чорабиниро ҷамъбаст намуда ба ҳунармандон, меҳмонон, собиқадорон изҳори сипоси роҳбарияти Академияи ВКД-ро баён карда, барояшон дар арафаи соли нави мелодӣ комёбиҳо таманно намуд.Баъди анҷоми чорабинӣ ба ҳайати шахсӣ ва курсантон аз номи вазири корҳои дохилӣ оши идона дода шуд.
Назарзода Носир Ҷобир, полковники милитсия

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...