Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманди сардори Академияи ВКД бо тамоми ҳайати омӯзгорону курсантони факултети №6

478

Мулоқоти хеле судманди сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо тамоми ҳайати омӯзгорону курсантони факултети №6-и Академияи ВКД сурат гирифт.479

Дар оғози суҳбати хеш мавсуф қайд кард, ки ташкил ва баргузории чунин вохӯриҳо бо мақсади татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорат дар самти тарбияи ҷавонон, алалхусус баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси худшиносиву меҳанпарастии курсантон равона гардидааст.
477Баъдан, миннатдории хешро ба садорати факултет ва ҳайати профессорону омӯзгорон ҷиҳати ташкил намудани вохӯрии мазкур ва дар умум омода намудани кормандони оперативӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, иброз намуд.480
Генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. қайд кард, ки: “Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бонуфузтарин муассисаи олии таълимӣ дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маҳсуб меёбад ва зери таваҷҷуҳи доимии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қарор дорад.
481Дастпарварони ин боргоҳи таълимиву илмӣ имрӯзҳо дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар шарафмандона кору фаъолият менамоянд. Мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун мақомоти босалоҳияти давлатӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа мавқеи муҳим дошта, дар раванди мукаммалсозии қонунгузории кишвар низ нақши бориз мегузорад.
Мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳама давраҳои таърихии хеш вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро бар уҳда дошта, вобаста ба таҳаввулоти гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ такмилу азнавсозӣ гардида, хушбахтона аз уҳдаи иҷрои чунин масъулият сарбаландона баромадааст.
Ҳоло бошад, метавон гуфт, ки милитсияи Тоҷикистон аз имтиҳони вазнини солҳои ибтидои истиқлолият гузашта, ба талаботи муосир мутобиқ гардида, дар раванди ислоҳот қарор дорад, ки ҳадафи асосии онро ҳамкории мутақобилан судманд бо ҷомеа, ташаккули вазифа ва уҳдадориҳои нави касбӣ ва умуман мутобиқсозии сохторӣ ташкил менамояд.
Ҳамагон огоҳ мебошем, ки имрӯз таҳдиду хатарҳои замони муосир ба асосҳои давлатдории миллӣ ва амнияту истиқлоли кишвар, фарҳангу маънавиёт ва суннату анъанаҳои миллӣ возеҳу равшан мебошад.
Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 аз таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои киберӣ изҳори нигаронӣ намуда, дар Паёми соли гузашта низ иброз дошта буданд, ки “ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии гароиши ҷавонон ба равияҳои ифротгароӣ, бо роҳи дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ тарбия намудани онҳо, тақвият дода шавад”.
Чунин таъкидҳои Пешвои муаззами миллат ҳар як шаҳрванди бо нангу номус ва содиқ ба миллуту давлат, алалхусус шумо ҷавонон - донишҷӯёнро, ки қишри закӣ ва огоҳи ҷомеа мебошед, водор менамояд, ки ҳарчӣ бештар барои ҳифзи арзишҳои миллӣ аз таҳдиди чунин зуҳуроти номатлуби ҷомеа талош намоед.
Воқеан, ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созанда ва умеди фардои дурахшини давлату миллат эътироф шудаанд, ки албатта чунин таваҷҷуҳ пеш аз ҳама ҷавонон, бахусус Шумо курсантони факултети №6-и Академия, ки оянда яке аз муборизони роҳи адолат ва қонуният мебошед, масъулиятшиносиро талаб менамояд.
Зеро, дар замони бархурди манфиатҳо ва бартариятҷӯии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи манфиат ва арзишҳои миллӣ, барои ҳама қишрҳои ҷомеа, алалхусус курсантон ва шунавандагони Академия, ки ояндаи миллат ва ҷамъият мебошанд, аз ҳама муҳим арзёбӣ мегардад. Чунки мо имрӯз дар марҳилаи ҳассос қарор дорем, ки аз ҳарвақта дида вазъи сиёсӣ, ба таъмини амният, ҳифзи асосҳои истиқлолият ва суботи комил бештар ниёз дорад.
Таъмини амнияти миллӣ имрӯзҳо муҳимтарин бахш дар раванди бунёди давлатдории миллӣ ҳисоб меёбад. Ҳифзи ҳама арзишҳои милливу давлатӣ ба амнияти ҷомеа алоқаманд мебошанд. Бинобар ин таъмини амнияти кишвар ва ҳифзи тамомияти арзии он омили меҳварии истодагарӣ намудан дар муқобили таҳдидҳои имрӯзи ҷомеа мебошад.
Ягона роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, мутобиқат намудан ба равандҳои босуръати кайҳонӣ пешравандаи ҷомеа ва умуман эмин нигоҳ доштани давлат аз таҳдиду хатарҳои муосир, маърифати баланд, соҳибмаълумот ва рӯй овардани наврасону ҷавонон ба мактабу маориф мебошад.
Аммо новобаста аз ғамхориҳои бесобиқаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масоили мубраме, ки дар ин самт ҷой дорад, ин гаравидани баъзан ҷавонони фиребхурда ба коми гурӯҳҳои ифротгаро, мутаассиб ва бегонапараст мебошад, ки албатта, сабаб ва омилҳои худро дорад.
Оид ба омили маърифатӣ-фарҳангӣ метавон зикр намуд, ки тибқи таҳлилҳое, ки аз ҷониби мутахассисони соҳа дар мақомоти корҳои дохилӣ анҷом дода шудаанд, аз доираи шахсони шомилгардида ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ 10% дорои маълумоти олӣ, 15% маълумоти олии нопура ва миёнаи махсус ва 75% онҳо бошанд, маълумоти миёнаи умумии нопурра доранд.
Вобаста ба синну соли чунин шахсони дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои Сурия ва Ироқ, метавон зикр намуд, ки 87% онҳоро ҷавонони аз 18 то 35 сола ташкил медиҳанд. Дар дохили онҳо синну соли аз 22 то 26 сола бошанд, 35%-ро ташкил медиҳанд, ки дар ҳақиқат аз надоштани донишҳои қазоӣ, сатҳи пасти таълиму тарбияи онҳо дарак медиҳад.
Омили динӣ низ дар раванди ҷалб гардидани баъзан ҷавонон ба доираи фиреби чунин гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ хело васеъ ва манфиатҷӯёна истифода мегардад. Яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар ин ҷода, дар зеҳни ҷавонон ҷо намудани ақидаҳои пучу беасос, сӯиистифода аз арзишҳои динӣ, ки минбаъд асоси таассуби диниро ба вуҷуд меоранд, баромад менамояд.
Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат то имрӯз зиёда аз 350 нафар занон ва кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ ба кишвар баргардонида шуда, ба онҳо ёрии руҳиву равонӣ, офиятбахшии ҷисмонӣ ва кӯмакҳои иҷтимоӣ расонида шудааст. Дар панҷ соли охир бошад, зиёда аз 750 нафар ҷавонони ба гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ гаравида, ки аз амалҳои худ сидқан пушаймон гардида буданд, дар асоси талаботи эзоҳи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шудаанд.
Инчунин, бо дастури роҳбарияти кишвар аз соли 2010 то соли 2022 зиёда аз 4000 ҷавонони бо таври ғайриқонунӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои давлатҳои арабӣ ва дигар мамолики Шарқи Наздик ба таҳсилоти динӣ фарогирифта, ба Ватан баргардонида шуданд.
Зеро, яке аз сабабҳои рушд ёфтани экстремизм дар минтақа ба равияҳои гуногуни динӣ-мазҳабӣ ҷалб гардидани бархе аз ҷавонони ноогоҳ мебошад. Ҷалби ҷавонони кишвар ба донишгоҳу донишкадаҳои дохилу хориҷ дар замони истиқлоли давлатӣ низ аз муҳимтарин барномаи низоми маориф ҳисоб меёбад.
Бо ин мақсад дар Паём зикр карда шуд, ки “Дар тӯли ин солҳо 1 миллиону 48 ҳазор нафар ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул гардидаанд”. Чунин раванд бори дигар исботи он аст, ки омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи муосир бахши афзалиятноки сиёсати давлат мебошад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки милитсия яке аз шохаҳои васеи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба шумор рафта, дар сатҳи ҳар як маҳал, шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳияҳо ва минтақаву вилоятҳо дорои воҳидҳои зертобеъ мебошад. Аз ин лиҳоз 70 фоизи ҷиноятҳои дар ҷумҳурӣ содиршуда бевосита аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ошкор ва ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Аз таҳлил ва баррасии масъалаҳои зикргардида бар меояд, ки мавҷудияти зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа, яке аз омилҳои асосӣ дар ҷодаи коста гардонидани ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва садоқат ба Ватан ҳисоб меёбад.
Возеҳ аст, ки дар ин даврони ҳассоси таърихӣ, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ бо суръати бесобиқа пеш мераванд, маҳз ҳисси баланди ватандӯстӣ метавонад дар муқобили чунин зуҳуроти номатлуби ҷомеа, хосатан терроризм ва ифротгароӣ истодагарӣ намуда, бо қувваи муҳофизи Ватан ва рӯҳияи шикастнопазири миллат табдил ёбад.
Дар муқобили терроризм ва ифротгароӣ мо аз ватандӯстӣ дида ҳеҷ нерӯеро болотар қайд намудан наметавонем. Чунки, маҳз тақвияти ҳисси ватандӯстӣ метавонад дар замири шаҳрвандон қобилияти тафаккури оштинопазирро бар зидди бегонапарастӣ ва умуман ҷинояткорӣ ба вуҷуд оварад. Таърихан миллате, ки худро нашинохт умри дароз надида, дар набардҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, забонӣ бо дигар халқҳои аз худ бузург омезиш ёфта бо онҳо махлут мегардад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз дар раванди худшиносии миллӣ, рушди идеяҳои миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва дар маҷмуъ таҳким бахшидани давлатдории миллӣ қарор дорад. Ин аст, ки густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус Шумо донишҷӯён, яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад”.
Дар анҷоми суханаш сардори Академияи ВКД сипосгузории хешро ба ҳайати профессорону омӯзгорон дар ҷодаи тарбияи мутахассисон изҳор намуд.
Назарзода Носир, полковники милитсия





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...