Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди соҳаи маориф дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

485Ҳамасола дар арафаи Соли нави мелодӣ мардуми Тоҷикистони биҳиштосо ироа гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизор мешаванд. Паёми навбатии Роҳбари давлат, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, аз паёмҳои солҳои қаблӣ аз лиҳози муҳтаво ва серпаҳноии худ фарқкунанда мебошад. Паём ҳамчун таҷассумкунандаи фалсафаи давлатдории миллӣ, фишанги доимамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амалӣ гардидани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардо, пеш аз ҳама мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо ин роҳу усулҳои муосирро баёну тарҳрезӣ ва пешниҳод менамояд. Дар баробари ифода намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар барои соли пешомад, вобаста ба такмил додани низоми идоракунии давлатӣ ва ислоҳоти сохторӣ, аз эътибор соқит кардани қарзи андозҳо барои соҳибкорон то соли 2018, зиёд кардани музди меҳнат то 40 ва нафақа то 30 дарсад, баҳри такмили қонуният ва волоияти қонун эълон кардани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» Пешвои миллат нақши маорифро ҳамчун самти калидӣ дар рушди кишвар арзёбӣ намуданд.
Дар низоми давлатдории миллӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми сокинони мамлакат гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор медиҳанд.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва рушди устувори иқтисоди кишвар санади муҳим буда, иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат аз ҳар шаҳрванди кишвар заҳмати софдилонаву шабонарӯзиро тақозо менамояд. Иҷрои нишондодҳои Паём ҷиҳати ба як кишвари мутараққӣ ва рақобатпазир табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол қадами ҷиддӣ хоҳад буд.
Бояд қайд намуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад. Чунки Паём дар шароити таърихие ироа гардид, ки Тоҷикистони азизи мо дар арафаи таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии хеш қарор дорад. Албатта, дар сатҳи баланди сиёсӣ ва қадршиносӣ аз давлатдории миллӣ пешвоз гирифтани ин маъракаи муҳим ва тақдирсози миллат аз ҳар як сокини Тоҷикистони биҳиштосо масъулияти баланди шаҳрвандӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва садоқату самимиятро талаб менамояд.
Дар оғози Паёми хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он - хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.
Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд».
Пешвои муаззами миллат бо такя ба хиради азалӣ ва таҷрибаи бузурги роҳбарӣ тавонистанд, ки дар Паёми хеш на танҳо аз муваффақиятҳо сухан гӯянд, балки камбудиву мушкилоти мавҷударо дар сохторҳои гуногуни давлату ниҳодҳои иҷтимоӣ бозгӯ кунанд ва ҷиҳати ҳалли мушкилот пешниҳодоти муассир манзур созанд.
Бояд зикр намуд, ки дар баробари таҳлилу баррасӣ ва дурнамои ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар, муҳимтарин бахше, ки дар Паём зикр гардид, ин самти рушди соҳаи маориф ва илми кишвар мебошад. Албатта, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, алалхусус, соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Возеҳ аст, ки маориф ва илм ба ҳайси яке аз ниҳодҳои муҳимтарини иҷтимоӣ таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овардааст. Зеро ки роҳи наҷот аз буҳрони фарҳангӣ, ки метавонад таъсири манфии хешро ба бор оварад, маҳз аз низоми мукаммал ва фарогири маориф ва илм вобастагӣ дорад.
Пешвои муаззами миллат соҳаи маориф ва илмро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкимбахши давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Ба ҳамин далел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи бемайлони маориф ва илм, сатҳу сифати донишомӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати омода намудани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки «Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду азнавсозӣ карда шуданд. Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд.
Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.
Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дастгирии тадқиқотҳои илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад».
Дар робита ба ин, Президенти кишвар ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.
Иброз карда шуд, ки агар соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Чунин нишондодҳои соҳа дар соли 2023, албатта аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ҳоло нокифоя арзёбӣ гардиданд, вале сухан атрофи таъсири возеҳи буҳрони молиявӣ, ки вобаста ба таъсири манфии бемории фарогири КОВИД-19 ҷомеаи инсониро фаро гирифта буд, меравад. Яъне сарфи назар аз чунин вазъи печидаву буҳронӣ, рушди соҳаи илм ва маорифи кишвар дар маркази диққати шахсан Пешвои муаззами миллат қарор дорад.
Масъалаи таҳлили муфассали вазъи инфрасохтори соҳаи маориф ва илми кишварро тибқи Паём баррасӣ намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар 32 соли Истиқолияти давлатӣ рушди босуръати соҳаи маориф ва илм дар кишвари мо ба назар мерасад.
Шаҳодати гуфтаҳои боло ин суханронии Пешвои муаззами миллат дар Паёми соли 2022 ба Маҷлиси Олии кишвар мебошад, ки чунин таъкид намуда буданд: «Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ дар кишвар 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кардааст».
Дар соли 2023 бошад, ин нишондиҳанда ба 18,5 миллиард сомонӣ, яъне 1,9 баробар зиёд гардидааст. Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам аст. Зеро ҳанӯз 73 ҳазор хонанда бе ҷойи нишаст мемонад.
Албатта, субъектони марказии тарбия дар ҷомеа, пеш аз ҳама оила ва маориф мебошанд, ки дар меҳвари он падару модар ва омӯзгорон қарор доранд. Аз ин хотир, дар Паём ба ин қишри ҷомеа Пешвои миллат таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, масъулияти муайянро низ дар ҷодаи таълиму тарбия ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи имрӯзи ҷомеа ба онҳо вогузор намудаанд.
Дарвоқеъ, ихтисоси омӯзгорӣ ба маънои томаш касби басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа аст. Зеро, пойдориву устувории ҳар ҷомеа аз сиришту солимии наслҳои барумандаш вобаста мебошад. Маҳз наслҳои солимфикр ва соҳибмаълумоту дорои ҷаҳонбинии комил метавонанд суръати киштии миллатро бидуни каҷу килебиҳо рост сӯйи соҳили мақсуд биронанд. Сиришти чунин наслҳои олимақом аз бисёр ҷиҳат ба заҳмати фидокоронаи муаллимони олиқадр вобаста аст.
Омӯзгор машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб ёфта, ин рисолат ӯро дар ҷомеа сазовори обрӯ ва эҳтироми хоса гардонидааст.
Бинобар ин, вазифаи асосии омӯзгор, дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин, таълими одоб ва ҳидояту раҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад.
Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки фармудаанд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Яъне, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун раҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи миллат масъул аст.
Имрӯз таваҷҷуҳи бевоситаи давлату Ҳукумат, хосатан Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф равона гардида, маорифро омили калидии амнияти миллӣ арзёбӣ намуда, омӯзгорро дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи хеш қарор додаанд.
Чунонки Пешвои миллат дар Паёми хеш нисбат ба мақоми омӯзгор иброз намуданд: «Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад».
Қайд кардан зарур аст, ки имрӯз бидуни мутахассисони барҷаста ва технологияи пешрафта наметавон соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус саноату иқтисодро тараққӣ дод. Ба ин хотир ҳамасола барои рушду инкишофи соҳаи маориф ва илм аз буҷети давлат маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд, то шароиту имкониятҳои хуби касбу ҳунаромӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониш муҳайё карда шавад. Аз ин хотир, ба масъалаи тарбияи кадрҳо ва тақвияти неруи зеҳнӣ низ дар Паём эътибори аввалиндараҷа дода шуда, пайваста ба маблағгузории соҳаҳои маориф ва илм, ки ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат равона шудаанд, таваҷҷуҳ карда мешавад.
Ҳамзамон, Президенти мамлакат дар ин раванд қайд намуданд, ки такмили ихтисос ва аз бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад.
Вобаста ба рушди соҳаи маориф, илм ва тақвияти тафаккури техникии хонандагону донишҷӯён, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои 2020-2040 ҳамчун «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» ёдовар шуда, зикр намуданд, ки бо мақсади татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 таҳия карда шуда, он мавриди татбиқ қарор дорад.
Зикр намудан зарур аст, ки ин иқдоми наҷиб ва воқеан созанда дар ҷомеаи Тоҷикистон барои мубориза бо таассубу хурофот ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ, махсусан бо такя ба фанҳои табиию риёзӣ як омили муҳим ва такони ҷиддие дар тақвияти мафкураи мардум, хосатан наврасону ҷавонон хоҳад гашт.
Аз ҷониби дигар, татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати кишвар низ, пеш аз ҳама ба тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ ва рушду нумӯи илмҳои табиию риёзӣ ва дақиқ вобастагии амиқ дорад. Бинобар ин, талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат, пеш аз ҳама ба самти рушди илмҳои бунёдӣ ва дар ин замина тарбия намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа равона гардидааст.
Бо ин мақсад, дар Паём таъкид гардид, ки «Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад».
Дар ҳамин радиф Президенти кишвар иброз намуданд, ки бо мақсади баланд бардоштани донишҳои назариявии аҳолии мамлакат баргузории озмунҳо, аз ҷумла «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фурӯғи маърифат» собит намуд, ки дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расидаистодаро пайдо карда, онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем.
Масъалаи дастгирии ҳамаҷонибаи иштирокчиёни озмунҳои мазкур, зиёд намудани маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардида ва сатҳу сифати баргузории чунин озмунҳо бошанд, зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор доранд. Дар ин робита як қатор вазорату идораҳо ва масъулини соҳа, аз ҷумла Маркази миллии тестӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Мехостам иброз намоям, ки масъалаи болозикр ба муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, алалхусус Академияи он, ки ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият менамояд, алоқамандии зич дорад, зеро, дар баробари омода кардани ихтисосҳои равияи гуманитарӣ, ҳамзамон дар муассисаи мазкур фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ низ омӯзонида мешаванд. Имрӯз дар Академияи ВКД тамоми барномаҳои таълимӣ ва умуман низоми таҳсил тибқи муқаррароти стандарти давлатӣ амалӣ шуда истодааст. Дар ҳамин радиф, ҷиҳати татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ», муассисаи мазкур чораандешӣ намуда, дар ин самт фаъолияти худро собитқадамона пеш бурда истодааст.
Вобаста ба омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар заминаи шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД ва муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии хориҷи кишвар низ зери назорати қатъии роҳбарияти ВКД қарор дошта, дар ин самт корҳои мушаххас анҷом ёфта истодаанд.
Ҳама ин ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва пеш аз ҳама Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи илму маориф, баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Вобаста ба вазъи муассисаҳои олии таълимӣ, бунёду азнавсозии онҳо дар замони Истиқлолияти давлатӣ, таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ, шумораи муассисаҳои мазкур ва теъдоди донишҷӯёне, ки дар онҳо таҳсил менамоянд, сифати омодасозии кадрҳои соҳа, баланд бардоштани стипендияи донишҷӯёну магистрҳо, аспирантону докторантҳо ва дигар масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм дар Паём мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Таъсиси донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, ки дар раванди омодасозии мутахассисони оянда нақши муҳим мебозанд, дар робита ба ин шумораи муассисаҳои олии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ба 41 адад расидааст. Пешвои миллат дар Паём баррасӣ намуданд, ки «дар тӯли ин солҳо 1 миллиону 48 ҳазор нафар ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул гардидаанд».
Нуктаи муҳиме, ки дар ин замина мавриди баррасӣ қарор дода шуд, сифати омодасозии кадрҳо дар ҷараёни қабули довталабон ба муассисаҳои олии таълимӣ мебошад.
Вобаста ба масъалаи таҳсили ҷавонони кишвар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ бошад, дар Паём таъкид гардид, ки “Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд”.
Дар ин замина Пешвои муаззами миллат мушаххасан ба мақомоти марбутаи соҳа супориш доданд, ки бояд тавассути барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда ба таҳсили ҷавонони боистеъдод дар хориҷи мамлакат вусъат бахшанд.
Дар баробари дастуру супоришҳои мушаххас ва роҳнамоиҳое, ки барои соҳаи маориф ва илми кишвар дода шуд, Пешвои миллат барои дастгирии иҷтимоии кормандони соҳа, баланд бардоштани стипендияи донишҷӯён, магистрҳо ва аспирантону докторантон, пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд.
Зиёд намудани нафақаи табақаҳои алоҳидаи ниёзманди ҷомеа ва стипендия дар чунин шароит, ки вазъи молиявии буҳронӣ ҷомеаи ҷаҳонро фарогир аст, бори дигар аз сиёсати одилона ва инсонпарваронаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад. Чунин таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукукумати мамлакат буд, ки ҷалби ҷавонон ба соҳаи илм рӯз то рӯз меафзояд.
Ҳамин тавр, дар бахши таҳлилу баррасии низоми маориф ва илми кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди олимони кишвар вазифаҳои мушаххас, аз ҷумла ба роҳ мондани корҳои илмию тадқиқотии хеш дар доираи самтҳое, ки Ҳукумати мамлакат муайян кардааст, гузоштанд, ки иҷрои саривақтии онҳо омили муҳимтарини рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, инчунин расидан ба ҳадафҳои миллии давлату Ҳукумат ва таъмини шароити зиндагии арзандаи мардуми кишвар мебошад.
Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ,
сардори Академияи ВКД ҶТ,
д.и.ҳ., дотсент,
генерал-майори милитсия

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...