Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

998«Қувваҳои мусаллаҳи мо дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ба эътидол овардани вазъи мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот, фурӯ нишондани ошӯбҳои исёнгарона ва зарбаи қатъӣ задан ба ҳамлаҳои берунӣ, несту нобуд сохтани гурӯҳҳо ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, пешгирии табаддулотҳои ҳарбӣ ва қочоқи маводи мухаддир хизмати беназир намудаанд»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон1000


Санаи 21-уми феврали соли 2024 дар толори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори роҳбарият ва кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили 31 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати намояндагони Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон баргузор гардид.
1001Бо сухани ифтитоҳӣ сардори Академияи ВКД ҶумҳурииТоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиноси, полковники милитсия Насуриён П. А. баромад намуда, дар бораи ташаббусҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушд ва инкишофи Артиши миллӣ иттилоъ дод.999
Сипас намояндагони Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Ҳамчунин, подполковники милитсия Самеъзода Бахтиёр Салим -– дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, бо маърӯза дар мавзуи «Артиши миллӣ ва иқтидори мудофиавии он»; Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич -– ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД, полковники милитсия, бо маърӯза дар мавзуи «Саҳми Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақвияти мудофиа ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Абдуллозода Салоҳиддин - курсанти курси 4-уми гурӯҳи таълимии 401 факултети №2, бо қироати шеър дар мавзуи «Ватан»; Солеҳзода Ҳоҷиакбари Неъматулло - курсанти курси 4-уми гурӯҳи таълимии 401 факултети №2, бо қироати шеър дар мавзуи «Маҳбуби мо»; Саидов Толиб Шамсиддинович - курсанти курси 4-уми гурӯҳи таълимии 407 факултети №2, бо қироати шеъри Бозор Собир дар мавзуи «Хоки Ватан» баромад намуданд.
Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ сардори Академия ҳозиринро бо Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ самимона табрику муборакбод намуда, бурдбориҳои нав таманно намуд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...