Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо

Самадова Миҷгона - курсанти курси 2-юми Академияи ВКД барандаи медали тиллоии бозиҳои байналмиллалӣ дар шаҳри Бухоро гардид 01.10.2018 15:36
Сержанти хурди милитсия Самадова Миҷгона Абдусаломовна, курсанти курси 2-юми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил намудан дар Академияи мазкур мудом ба варзиш машғул буда, шарафи варзишии ҷумҳуриро дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ баланд мебардорад.Ӯ 4-карат чемпиони ҷаҳон оид ба намуди муҳорибаҳои тан ба ....
Курсҳои такмили ихтисос дар Академияи ВКД 28.09.2018 18:26
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иҷрои саривақтии қарори ҷаласаи кории Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сардори Академияи ВКД, ....
Забон донӣ –ҷаҳон донӣ 28.09.2018 18:23
Бо мақсади таъмини саривақтии иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оид ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявӣ байни ҷавонони то синни 35-сола дар самти забонҳои хориҷӣ аз ҷумла: англисӣ, русӣ, немисӣ, ....
Курсантон Савганди садоқат ба Ватан ёд карданд 25.09.2018 14:44
Дар маросими тантанавие, ки рӯзи 24-уми сентябр дар қисми низомии 6592-и Қӯшунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид, он курсантоне, ки дар соли хониши 2018-2019 ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дохил шудаанд, Савганди садоқат ба Ватан ёд карданд.Тавре дар ин чорабинии хотирмон, ки бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ ....
Викторинаи ҳуқуқӣ дар мавзӯи «Конститутсия – сарчашмаи асосии қонунҳо» 24.09.2018 10:59
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии курсантон ва ҷоннок намудани маҳфили илмии «Давлатшинос» санаи 21-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд викторинаи ҳуқуқӣ дар мавзӯи «Конститутсия – сарчашмаи асосии қонунҳо» баргузор гардид, ки дар он муовини сардори факултети №4 ....
Савгандёдкунии курсантони Факултети 4-уми Академияи ВКД 21.09.2018 16:57
Рӯзи 21-уми сентябри соли 2018 дар саҳни Факултети № 4-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд маросими савгандёдкунии курсантони соли аввал баргузор гардид. Дар чорабинии тантанавӣ сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода, муовини якуми сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Музаффар Ализода, намояндагони донишкадаву донишгоҳҳои ....
Саҳми курсантони Академияи ВКД дар ободонию созандагӣ 20.09.2018 15:00
Тибқи супориши роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 сентябри соли равон дар минтақаи замини Академияи ВКД, воқеъ дар кӯчаи Восеъ-123 назди бинои «Беморхонаи бемориҳои пӯст»-и шаҳри Душанбе аз ҷониби курсантони курси 2-юми факултети №6-и Академияи мазкур шанбегӣ гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ сардори факултети №6, н.и.ҳ., полковники милитсия Самиев ....
Тамошои дастаҷамонаи мулоқотҳои Пешвои миллат дар ВМКБ аз ҷониби курсантони Академияи ВКД 14.09.2018 10:43
Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва роҳбарияти Академияи ВКД, тамошои дастаҷамъонаи мулоқотҳои Пешвои миллат дар ВМКБ бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби курсантони курси якуми Академияи ВКД, ки таҳти роҳбарии муовини сардори Академия полковники милитсия Ҳалимзода А. ва ....
Курсантони факултети №4 дар мусобиқаи варзишӣ дар намуди гӯштини тарзи «Самбо» ғолиб гардиданд 13.09.2018 09:36
Дар партави ҷашнгирии 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи мақомот ва ҷузъу тамҳо ва сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ чорабиниҳои сиёсӣ-оммавӣ ва варзишӣ баргузор гардиданд. Зеро Истиқлолият ин неъмати бебаҳост, Истиқлолият - ин ширинтарин меваи талошҳо, беҳтарин тӯҳфаи деринтизор ва бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар тӯли таърихи ҳазорсола мебошад. ....
Маросими хатми ботантанаи адъюнктони тоҷикистонӣ дар шаҳри Москва 12.09.2018 16:52
10-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори Шарафи Донишгоҳи ВКД Россия ба номи В.Я. Кикоти шаҳри Москва маросими хатми тантанавии адъюнктони факултети кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва илмии Донишгоҳи мазкур, ки аз курсҳои олии таълимӣ гузашта, аттестатсияи давлатиро ба муваффақият супоридаанд, баргузор гардид. Дар маросими супоридани дипломҳо сардори Донишгоҳ, генерал-полковники политсия Игор Александрович ....
Таҷлили Истиқлолияти давлатӣ дар факултети 4-и Академияи ВКД 11.09.2018 09:45
08.09.с.2018, ба истиқболи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати курсантону омӯзгорони факултети 4-и Академияи ВКД чорабинии тантанавӣ доир намуда, дар фазои идона санаи таърихии шиносномаи давлатро таҷлил карданд. Чорабинӣ бо ворид намудани Парчами миллӣ ба суфраи низомӣ ва садои Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар чорабинӣ сардори факултет полковники ....
Баргузории конференсияи илми-амалӣ дар Академияи ВКД 06.09.2018 16:51
Рӯзи 5-уми сентябри соли 2018 дар Академияи ВКД бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи «Истиқлолият - рамзи худшиносии миллат», бахшида ба ифтихори таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал – майори милитсия Шарифзода ....
Дар Академияи ВКД Рӯзи дониш ва дарси сулҳ баргузор гардид 01.09.2018 12:25
Дар чорабинии идона бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, ки имрӯз – 1-уми сентябр дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, оид ба дастгириву зоҳир намудани ғамхорӣ нисбати ҷавонон, таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи он ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани кадрҳои ба ....
Таблиғи арзишҳои миллӣ миёни аҳолии кишвар 31.08.2018 09:52
Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, санаи 27-28-уми августи соли 2018 як гурӯҳ омӯзгорони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, дар ҳайати сардори шуъбаи таълими Академияи ВКД, н.и.ҳ., полковники милитсия Одиназода А.Ш., сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ....
Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.08.2018 09:54
Солҳои 90-ум асри 20-ум собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Сотсиалистӣ (ИҶШС) ба бӯҳрони шадиди сиёсӣ ва иқтисодӣ дучор гашт. Барҳам хурдани ИҶШС заминаҳои объективӣ ва субъективии худро дошт. Охири солҳои 80-ум сатҳи истеҳсолоти моддӣ дар ин кишвари сермиллат поён рафт. Сохти тоталитарии яккаҳизбӣ монеъи инкишофи равандҳои демократӣ ва бозори иқтисодӣ гардида ....


Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...