Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озодии виҷдон ва эътиқод омили ташаккули дунявият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

575Яке аз музаффариятҳои муҳими инсоният дар шароити ҳукмрони ҷомеаи демократӣ эълон доштани озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ мебошад. Ин имконият чӣ барои диндорон ва чӣ барои атеистҳою шаккокон неъмати бениҳоят арзишманд ба ҳисоб меравад. Чунки таърих гувоҳ аст, ки дар ҷомеаи инсонӣ аз замони мавҷудият ҳама гуна маҳкумнамоӣ ва маҳдудсозӣ вобаста ба изҳори озодонаи ирода , озодии виҷдон ва эътиқод ба назар мерасид, ки ин боиси поймолгардии ҳуқуқҳои фитрӣ мегардид. Ҳуқуқ ба озодии виҷдон яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳуқуқи башар буда, чӣ аз назари илмҳои сиёсию ҷомеашиносӣ ва чӣ аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ яке аз арзишҳо ва талаботи асосии ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бунёди ҷомеаи дунявии демократии ҳуқуқбунёдро пеш гирифтааст, ба ин асли ҳуқуқи башарӣ ва фароҳам шудани шароити татбиқи он аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Омӯзиши масъала нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташаккули сиёсати давлатӣ, эҷоди заминаи устувори ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии асосҳо ва арзишҳои таъмини озодии виҷдон қадамҳои устувор гузошта, дар муддати кутоҳи таърихӣ ба дастовардҳои камназир муяссар гаштааст.
Озодии виҷдон – ин ҳуқуқи фитрии инсон ба ташаккули эътиқоди инфиродӣ, бидуни расонидани зарар ба озодии дигарон аст. Озодии виҷдон яке аз ҳуқуқҳои асосии шахсии инсон буда, озодии шахсиятро аз ҳама гунна назорати идеологӣ, ҳуқуқи ҳар касро барои мустақилона баҳри худ интихоб кардани низоми арзишҳои маънавӣ дар назар дорад.
Мутобиқи таърихнигории қабулгардида масоили озодии виҷдон бори нахуст дар замони Ислоҳот (Реформатсия) дар Аврупо пайдо гардид. Яке аз нафароне, ки бори аввал масъалаи озодии виҷдонро дар китоби худ арзёбӣ намудааст ин Себастиян Кастеллио буд ва китоби ӯ «Оё бидъаткоронро таъқиб намудан равост» (Следует ли преследовать еретиков) номгузорӣ гардида буд.
Муҳаққиқи барҷаста Лукашева Е.А. бар он назар аст, ки мазмуни озодии виҷдон аз рӯи маъно бо мафҳуми « озодии афкор» хеле наздик буда, бисёр вақт дар ҳамбастагӣ истифода мешавад. Озодии афкор ва виҷдон ҳаҷман назар ба «озодии эътиқод» хеле васеъ аст, зеро аввалан доштани ақидаҳои атеистиро низ фаро гирифта, сониян на танҳо ҷанбаи динӣ, балки ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти зеҳнӣ ва маънавии инсонро ба худ шомил месозад.
Мафҳуми озодии виҷдонро одатан бо мафҳуми «секуляризм», яъне ҷудоии дин аз давлат мувозинат менамоянд. Ин мафҳумҳо дар асл аз ҳамдигар фарқ мекунанд, вале мафҳуми озодии пайрави ба дин бо мафҳуми секуляризм алоқаи бевосита дорад. Ба ибораи дигар, озодии виҷдонро дар мазмуни маҳдуд ҳаммаънои озодии пайрави ба дин мефаҳманд. Аммо озодии виҷдон дар мазмуни васеъи худ ин ҳуқуқи доро будани эътиқоди фардӣ мебошад.
Дар иртибот ба озодии виҷдон озодии эътиқод имконияти ба таври инфиродӣ ё якҷоя бо дигарон эътиқод овардан ба ҳар дин, озодона интихоб намудан, доштан ва паҳн кардани эътиқоди динӣ ва тибқи он амал карданро фаро мегирад. Ҳамзамон озодии пайравӣ ба дин ҳуқуқи ҳар як инсон ва шаҳрванд барои озодона ва мустақилона интихоб кардани ягон дин ва пайравӣ намудан ба он, иштирок дар ибодати динӣ, адои маросимҳои динӣ ва таълими динӣ ба ҳисоб меравад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки масъалаҳои марбут ба эътироф ва ҳимояи ин ҳуқуқҳо аз ҷониби як қатор санадҳои байналхалқӣ ва дохилидавлатӣ, мавриди танзим қарор гирифтаанд. Пеш аз ҳама дар моддаҳои 18 ва 19-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дарҷ гардидааст, ки ҳар як инсон ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад, ин ҳуқуқ аз тағйири озодонаи дин ва эътиқод, пайравии озодонаи дин ё эътиқоди худ чӣ бо тартиби инфиродӣ ва чӣ якҷоя бо дигарон, ба таври оммавӣ ё хусусӣ дар таълим гирифтан, ибодат намудан ва расму оинҳои динӣ ва маросимиро иҷро кардан иборат аст. Меъёри мазкур аз он далолат медиҳад, ки шахс дар баёни фикр, дар амалӣ гардонидани муносибати худ бо дин ва эътиқод, таълими динӣ ва расму анъаноти динӣ озод аст ва ҳама гуна маҳдудият дар ин самт маҳкум карда мешавад. Ҳамзамон моддаи 18-и Паймони байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ба масъалаи озодии виҷдон ва эътиқод бахшида шудааст. Мувофиқи он ҳар як инсон ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ озодии пайравӣ ё қабул кардани дин ё эътиқодро бо интихоби худ ва озодии дар алоҳидагӣ ё якҷоя бо дигарон ибодат, риояи амалӣ ва таълим доданро дар бар мегирад. Ҳеҷ кас набояд таҳти маҷбуркунӣ қарор дода шавад, ки ин амал озодии пайравӣ ё қабул кардани дин ё эътиқодро мувофиқи интихобаш маҳдуд месозад. Озодии пайравӣ кардан ба дин ё эътиқод танҳо ба андозае маҳдуд карда мешавад, ки тавассути қонун муқаррар гардидааст ва барои ҳифзи амният, тартибот, саломатӣ ва маънавиёти ҷамъиятӣ, ҳамчунин ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии дигар ашхос зарур аст. Давлатҳои иштироккунандаи ҳамин Паймон ӯҳдадор мешаванд, ки озодии волидайн ва дар ҳолатҳои мувофиқ озодии сарпарастони қонуниро дар мавриди таъмини тарбияи динӣ ва маънавии фарзандонашон мутобиқи ақидаи худ эҳтиром кунанд.
Метавон иброз намуд, ки аз гуфтаҳои зикргардида якчанд ҷабҳаҳои ҳуқуқи мазкур муайян гардиданд. Аз он ҷумла ҳуқуқи эътиқод овардан ба ҳар дин, ҳуқуқи ба ҷо овардани расму оинҳои динӣ, ҳуқуки иваз кардани дин, ҳуқуқи паҳн кардани иттилоот дар бораи таълимоти динӣ,
Ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти динӣ, ҳуқуқи баамал баровардани фаъолияти хайру эҳсонкорӣ, ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолияти динии фарҳангӣ-маърифатӣ, озодӣ аз табъиз аз рӯи аломати динӣ.
Қайд намудан ба маврид аст, ки озодии эътиқоди динӣ аз озодии виҷдон бар меояд ва дуввумин намоиш додани эътиқоди динии худро низ фаро мегирад. Намоишдиҳӣ бошад, моҳиятан хеле васеъ буда, ибодат намудан, иҷрои расму оин ва маросимҳои динӣ, бунёд намудани ибодатгоҳҳо, истифодаи таълимот ва ашёҳои маросимӣ, ба ҷо овардани шартҳои парҳезкунӣ аз хӯрок, пушидани либос ва кулоҳҳои фарқкунанда ва истифодаи забони махсус, интихоб намудани пешвоёни динӣ ва руҳониён ва ғайраро дар бар гирифта метавонад. Аз ин бар меояд, ки мазмуни озодии виҷдон дарбаргирандаи афкору ақоидҳо, ҳама гуна муносибатҳои ба эътиқод ва диёнат мансубуда , ҳамзаман муносибаҳои хусусияти атеистӣ дошта ба ҳисоб меравад.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки соли 1993 Кумитаи СММ вобаста ба моддаи 18 Паймони байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ Тавзеҳот оид ба тартиботи умумӣ қабул намуда, баъзе аз масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи мазкурро ба таври иловагӣ равшан намуд. Кумита аз ҷумла қайд менамояд, ки моддаи 18 ақидаҳои теистӣ, ғайритеистӣ ва атеистиро ҳимоя намуда, ҳуқуқи пайравӣ накардан ба ҳеҷ як дин ва ақидаро кафолат медиҳад. Ҳамчунин дар тавзеҳот муқаррар гаштааст, ки эълон шудани ин ва ё он дин ба сифати дини расмӣ ва ё давлатӣ ҳаргиз маънои маҳдудияти озодии виҷдон ва динро надорад.Вале ба таври махсус қайд мегардад, ки дар чунин давлатҳо бояд масъалаи рафъи табъиз аз рӯи дин мавриди назорати қатъӣ қарор гирад.
Дар иртиботу ҳамбастагӣ ва дар заминаи санадҳои байналхалқӣ дар самти ҳуқуқи инсон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масоили ҳуқуқ ба озодии афкор, виҷдон ва динро эътироф намуда, риояи бемамонияти онро кафолат медиҳад. Пеш аз ҳама дар қонуни асосии кишвар аниқтараш Конститутсия вобаста ба озодии виҷдон ва эътиқод меъёри мушаххас роҳандозӣ гардидааст. Аз ҷумла мувофиқи моддаи 26 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд». Меъёри мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки шахс дар интихоб намудани ин ва ё он дину мазҳаб, пайравӣ намудан ва ё пайравӣ накардан, ҳамзамон дар истифода аз расму оинҳои динӣ ва иштирок дар ибодат ва маросимҳои динӣ озод аст. Ҳама гунна маҳдудият ва фарқиятгузорӣ вобаста ба муносибати шахс ба озодии виҷдон ва эътиқод мамнуъ дониста шудааст.
Дар баробари дар қонуни асосии кишвар мустаҳкам гардидан озодии виҷдон ва эътиқод таҳкими минбаъдаи худро бевосита дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз 26-уми марти соли 2009 дарёфтааст, ки маҳз қонуни мазкур махсусиятҳо ва тамоми паҳлӯҳои муҳими ин ҳуқуқро дар бар гирифта, бо як дебочаи хеле пурмазмун омода гаштааст. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки «Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо , бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон Қонуни мазкур қабул карда мешавад. Дар қонуни мазкур барои дарку фаҳми дурусти озодии виҷдон ва эътиқод ва дар ҳаёт дуруст пиёда гардонидани моҳияти ин ҳуқуқи бағоят диққатпазир якчанд мафҳумоту қоидаҳои муҳим мустаҳкам гардидааст. Аз ҷумла озодии виҷдон – ҳуқуқи ҳар як инсонва шаҳрванд барои ихтиёрӣ ва мустақилона муайян намудани муносибати худ ба дин, ба танҳои ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ва ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб кардан ва тағйир додан эътиқоди динӣ, инчунин баён намудан ва паҳн кардани ҳама гуна эътиқоди марбут ба дин ва ҷаҳонбинии атеистӣ.
Иттиҳодияҳои динӣ бошад – иттиҳоди ихтиёрии пайравони як дин ба мақсади якҷоя анҷом додани ибодат ва маросимҳои динӣ, таълими динӣ, инчунин паҳн намудани эътиқоди динӣ аст. Ҳамзамон дар қонуни мазкур масоилҳо вобаста ба ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, муносибати давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин, низоми таҳсилоти давлатӣ ва таълими динӣ,тарзи таъсиси иттиҳодияҳои динӣ ва вазъи ҳуқуқии онҳо, тарзҳои бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои динӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иттиҳодияҳои динӣ ва дигар масъалаҳо дар ин самт ба танзим дароварда шудааст, ки ин аз хусусияти дунявӣ доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон далолат медиҳад.
Ҷалолзода Сорбон Ислом капитани милитсия
муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...