Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки мутахассисони Академияи ВКД дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар шакли маҷозӣ

694Тибқи Протоколи ҳамкорӣ байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳуқуқшиносии Урали ВКД Россия, ки 23 октябри соли 2023 ба имзо расид, конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Ватандӯстӣ ва тарбия: ташаккули мутахассис» 7 майи соли 2024, ки аз ҷониби кафедраи фалсафа, психология ва фанҳои гуманитарии Донишкадаи мазкур (Екатеринбург) ташкил карда шуд, баргузор гардид.
Дар конференсия доираи васеи масъалаҳо бахшида ба тарбияи ватандӯстӣ, аз ҷумла, масъалаҳои мубрами одоб, ахлоқи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, дастурҳои стратегӣ оид ба корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ, арзишҳои маънавию ахлоқӣ ҳамчун асоси пешгирии рафтори ғайриқонунии ноболиғон ва дигар масъалаҳои марбут ба мавзӯи конференсия баррасӣ шудаанд. Дар чорабинии илмӣ мутахассисон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии ВКД Россия, Қазоқистон, Тоҷикистон, инчунин мутахассисони Вазорати мудофиа ва Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Россия иштирок намуданд.695
Дар конференсия дар шакли маҷозӣ профессори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети № 2 Академияи ВКД, полковники милитсия Ҷ.Ҷ. Бойзода иштирок намуда, дар мавзуи «Ҷанбаҳои сотсиологии идоракунии мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза ба мукобили чинояткорй» баромад намуд.
Дар фарҷоми конференсия ба иштирокчиёни фаъоли он сертификатҳо супорида шуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу-нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...