Омодабошии фаврии ҳайати шахсии Академияи ВКД
Дар асоси нақшаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11-уми декабри соли 2021 соати 02:00 дақиқа ҳайати шахсии доимии Академияи ВКД бо «Бонги хатар» ҷиҳати амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои фаъолияти хизматӣ сафарбар карда шуданд.
Роҳбарияти Академия ба омодабошии фаврии ҳайати шахсии доимии Академияи ВКД баҳои «хуб» дода, доир ба риояи интизоми хизматӣ, қонуният, ҳушёрию зиракӣ дастурҳои мушаххас дода, ҷиҳати риояи хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон, одоби баланди касбии корманди милитсия, иҷрои бечунучарои Оинномаҳои ВКД тавсияҳои муфид пешниҳод намуда, дар навбати худ руҳияи хизматию таълимии кормандону омӯзгорони Академияро барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ баланд бардоштанд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ омодабошии фаврии ҳайати курсантон низ марҳила ба марҳила санҷида мешаванд.
Гузаронидани чорабиниҳои мақсадноки мазкур имкон медиҳад,ки дараҷаи омодагии ҳарбию ҷисмонии кормандони милитсия боз ҳам баланд бардошта шуда, онҳо барои ҳимояи манфиатҳои давлат, сохтори конститутсионӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамеша тайёр бошанд.
Асламов Б.,Убайдуллоев Ш.,Ҳайдарзода О.