ХОНИШИ ЛЕКСИЯИ НАМУНАВӢ ДАР ШАКЛИ МАҶОЗӢ, БАХШИДА БА 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶБВ (солҳои 1941-1945)
Ба ифтихори ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва созишномаи ҳамкориҳои таълимию илмӣ байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоркунии Россия, ҳамзамон, бо хоҳиши Академияи федералии ислоҳи ҷазои федератсияи Россия дар таърихи 25 апрели соли 2025 дарси онлайни аз ҷониби сарходими шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Асламов Б.С. дар мавзуи «Вклад Таджикистана и таджикского народа в общую Победу над фашизмом и годы Великой Оттечественной Войны» гузаронида шуд.
Дар дарси мазкур, инчунин омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия Бойзода Ҷ.Ҷ., иҷрокунандаи вазифаи сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, подполковники милитсия Самиъзода Б.С., нозири калон оид ба робитаои байналмилалии шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва таъбу нашри Академиям ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия Абдуллобекзода Т.А. иштирок намуданд.
Дар баёни дарс омӯзгор оид ба қаҳрамониҳои фиристодагони Тоҷикистону тоҷикистониён дар сангарҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълумтҳои мушаххасу илмӣ доданд, ки аҳли толор аз ин қаҳрамониҳо огоҳ шуданд.
Ҳамзамон, сардори шуъбаи адъюнктураи Академия н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Самиев Н.М. ба аҳли толор аз эҷодиёти худ шеър бо номи «Наши деди и отцы» қироат намуданд, ки хотири ҳозиринро шод гардонид.
Дар охир, аз ҷониби намояндагони Академияи федералии ислоҳи ҷазои федератсияи Россия ба кумитаи тадорукот - кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, омӯзгорони иштирокчӣ, бахусус, лектор ҷиҳати гузаронидани лексияи пурмазмун изҳори сипос намуданд.
ШУЪБАИ ИЛМ