Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШУЪБАИ ТАШКИЛӢ-ИЛМӢ ВА ТАБЪУ НАШРИ АКАДЕМИЯИ ВКД

29

 

Фаъолияти шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр ҳанӯз аз соли 1991, ки Мактаби миёнаи махсуси милитсия ба Мактаби Олии милитсия табдил дода шуда буд, оғоз гардида, яке аз ҷузъу томҳои асосии Академия ба ҳисоб меравад.

Аз рӯзи таъсиси шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварии онро ба ҳайси сардори шӯъба ӯ низ муовини сардори муассиса шахсиятҳои зерин ба уҳда доштанд:


995- Қурбанов Юрий Алиевич - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия (1991-1997);

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


996- Абдулов Аслам Мирович - номзади илмҳои таърих, полковники милитсия (1997-2001);

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


997- Солиев Карим Ҳоҷиевич - Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи маориф», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи МКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавӣ «Дар бораи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои олимон ва фармоишҳои сардори Академия ба роҳ мондааст.
Яке аз нишондодҳои муҳимми самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ - нашр намудани маводи илмию таълимӣ ба шумор меравад. Бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбии аввал Мактаби олӣ ва баъдан Академия, зиёда аз 3000 адад китобҳои дарсӣ, монография, маҷмӯаи осори илмӣ, брошюраҳо, мақолаҳои илмӣ, маводи таълимӣ-методӣ таҳия шуда, садҳо пешниҳоду таклифҳо оид ба такмили қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудаанд.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар навбати худ ду самти асосиро таъмин менамояд:
1) таъминоти илмӣ ва методии ҷараёни таълим, ки он барои дар заминаи дастовардҳои илмӣ асоснок кардани раванди омӯзиш равона карда шудааст ва барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисос хизмат мекунад;
2) амалӣ намудани тадқиқоти бунёдӣ ва ё амалӣ дар соҳаи муайяни ҳаёти ҷамъиятӣ.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ аз чунин самтҳо иборат мебошад, аз ҷумла:
- ташкил ва инкишофи фаъолияти илмии устодон, мутахассисон, докторантон, адъюнктон, унвонҷӯйён, коромӯз-тадқиқотчиён, курсантон ва шунавандагон;
-гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
- гузаронидани тадқиқоти диссертатсионӣ (ҳам докториву ҳам номзадӣ);
- ташкил ва доир намудани конференсия, семинар ва мизҳои мудаввари илмӣ;
- истифодаи натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар раванди таълим баҳри баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисони ба талаботи замони пешрафти илмӣ-техникӣ ҷавобгӯ;
- ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб намудани курсантон ва шунавандагони лаёқатманд ва мусоидат баҳри мустақилона иҷро намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз ҷониби онҳо;
- таҳия ва татбиқи барномаи ҳамкориҳои Академияи ВКД ҶТ бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохилу хориҷи кишвар;
- васеъ гардонидани доираи ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ бо муассисаҳои таълимӣ, идораҳо ва дигар ташкилотҳои мамлакатҳои хориҷӣ бо мақсади ворид гардидан ба системаи ҷаҳонии илму маориф ва таҳияи муштараки дастовардҳои илмӣ;
- ташкили таҳкурсии сифатан нави таҷрибавӣ барои мутахассисони оянда.

998

Касбомӯзӣ дар Академия ҳамеша бо фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ пайваст буда, дар заминаи навтарини дастовардҳо дар соҳаи ташкили мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба роҳ монда шудааст. Ин ҳадаф тавассути ба ҷараёни таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб кардани мутахассисони аълодараҷа – педагогҳо, олимон, кормандони амалӣ ба даст меояд, ки он аз нерӯи муқтадири илмӣ-педагогии Академия шаҳодат медиҳад. Дар назди шуъба китобхонаи электронӣ ва маркази Интернет амал менамояд, ки аз он омузгорону курсантону шунавандагон ба таври васеъ истифода мебаранд.
Соли 2007 ба воҳиди кории Академия тағйирот ворид гардида, дар асоси он вазифаи сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр ташкил ёфт. Шурӯъ аз соли 2007 роҳбарии шуъбаро шахсони зерин ба уҳда доштанд:
- Саидолим К.С. (Саидолимов К.С.) – номзади илмҳои филологӣ, подполковники милитсия (солҳои 2007-2009);
- Хокироев Р.Г. – номзади илмҳои филологӣ, подполковники милитсия (солҳои 2009-2012);
- Ғафуров М.Ҳ. – номзади илмҳои техникӣ, дотсент, полковники милитсия (солҳои 2013-2014);
- Раҳмадҷонзода Р.Р. (Юлдошев Р.Р.) – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия (солҳои 2014-2016).
Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва таъбу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Ю.А. Қурбанов, номзади илмҳои таърих, полковники милитсия А.М. Абдулов, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия К.Ҳ. Солиев, номзади илмҳои филологӣ, подполковники милитсия К.С. Саидолим, номзади илмҳои филологӣ, подполковники милитсия Р.Г. Хокироев, номзади илмҳои техникӣ, дотсент, полковники милитсия М.Ҳ. Ғафуров, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Р.Р. Раҳмадҷонзода, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Ф.С. Хайруллоев, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия А. М. Рустамзода, полковники милитсия С. Миров, полковники милитсия Р.М. Ҳаитова, подполковники милитсия Ҷ.З. Сафолов, подполковники милитсия Л.Ф. Ахмедова, подполковники милитсия Т.А. Ҳоҷивалиева, подполковники милитсия Ф.А. Убайдуллозода, капитани милитсия М. Кенҷаева, капитани милитсия Ф.Ю. Пулатова, лейтенанти калони милитсия М.К. Қодирова, лейтенанти калони милитсия Ҷ.Х. Одиназода, лейтенанти калони милитсия Б.А. Розиқзода, лейтенанти калони милитсия Ф.А. Буриев, лейтенанти калони милитсия Интизор Фатҳуллозода фаъолият намуда, ҷиҳати рушди илм дар Академияи ВКД саҳми худро гузоштаанд.
Айни ҳол дар воҳидҳои кории шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва таъбу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони зерин фаъолият менамоянд:

999

- сардори шуъба - Аълочии милитсияи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М.;
- сарнозир оид ба робитаҳои байналмилалӣ, полковники милитсия Каримова Л.М.;
- котиби Шӯрои олимон, н.и.ҳ., полковники милитсия Абдурашидзода А.А.
- ходими калони илмӣ, Аълочии матбуот, Аълочии маориф, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, полковники милитсия Асламов Б.С.;
- ходими илмӣ, номзади илмҳои филологӣ, подполковники мустаъфӣ Саидолим К.С.;
- ходими илмӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники мустаъфӣ Хайруллоев Ф.С.;
- ходими илмӣ, лейтенанти калони милитсия Дудиева А.О.;
- ходими илмӣ, лейтенанти калони милитсия Одиназода Ш.И.

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...