Ҷиноятҳо ба муқобили ҳаёт ва саломатӣ
Шарифзода, Ф.Р., Насуриён, П.А., Назарзода, Н.Ҷ., Ҳусейнзода, С.Ҳ. Ҷиноятҳо ба муқобили ҳаёт ва саломатӣ: воистаи таълимӣ / зери таҳрири д.и.ҳ., дотсент Раҳимзода Р.Ҳ. – Душанбе: Империал-Групп, 2024. – 288 с.
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии тоҷикистон муҳиммтарин манфиати ҳифзшаванда – ҳаёт ва саломатиро эътироф намуда, Қисми махсуси он аз ҷиноятҳо ба муқобили ҳаёт ва саломатӣ оғоз мегардад. Вобаста ба ин дар воситаи таълимии мазкур доир ба ҷиноятҳо ба муқобили ҳаёт ва саломатӣ, ки дар моддаҳои 104-129 Боби 16 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, тавсифи ҳуқуқии ҷиноятӣ дода шудааст.
Воситаи таълимӣ ба курсантон, донишҷӯён, аспирантон, адъюнктон, ки дар муассисаҳои таълимии ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва тиббӣ таълим мегарданд, тавися карда мешавад. Инчунин, омӯзгорон дар рафти машғулиятҳои таълмӣ, судяҳо, прокурорҳо, адвокатҳо, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони соҳаи тиббӣ ва шунавандагон дар рафти такмили ихтисос истифода бурда метавонанд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр