Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат

687Ҳайдарзода, М.П. Ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат: дастури илмӣ-таълимӣ / М.П. Ҳайдарзода. – Душанбе: «ЭР-граф», 2022. – 140 с.

Дар дастури илмӣ-таълимии мазкур ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат ҷилавгирӣ шуда, дар он ба ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ, таҳлили таркибӣ, баррасии ҳолатҳои вазнинкунанда ва масъалаҳои тафриқабандии ҷавобгарии ҷиноятӣ дар байни худ ва дигар ҷиноятҳои ба онҳо монанд афкори арзишманд матраҳ гардидааст. Дар дастур, пеш аз ҳама, тавсифи умумии ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат таҳлил гардида, аломатҳои таркибии ҷиноятҳои мазкур манзур карда шуда, то андозае мушкилоту норасогиҳои онҳо қайд карда шудаанд. Сипас, ҳар як ҷинояти дар ин боб мавҷудбуда дар алоҳидагӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, аломатҳои объективӣ ва субъективии онҳо таҳлил карда шуда, проблема ва роҳҳои ҳалли онҳо то андозае пешниҳод карда шудаанд. Ба ғайр аз ин, як қатор андешаҳои судманд оид ба фарқияти ин ҷиноятҳо аз ҷиноятҳои ба онҳо мушобеҳ пешниҳод шуда, масъалаи бандубасти онҳо бо ҳолатҳои сабуккунандаю вазнинкунанда ва ҳамзамон, аз рӯйи маҷмуи ҷиноятҳо таҳлил карда шуда, чандин мафҳумҳои нави илмӣ, ки натиҷаи таҳқиқоти мазкур мебошанд, манзур карда шудаанд.
Дастури мазкур аз сарсухан, чор боб, сенздаҳ зербоб, хулоса ва рӯйхати адабиёт иборат мебошад
Дастури илмӣ-таълимӣ барои донишҷӯён, курсантону шунавандагон, магистрҳо, аспирантон (адъюнктон), омӯзгорон, олимон, кормандони амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва доираи васеи хонандагон тавсия карда мешавад.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...