Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ дар фазои Авруосиё»
10 майи соли 2024 бо ташаббус ва ибтикори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 – ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ дар фазои Авруосиё» дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ба кори конференсия бо сухани ифтитоҳӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро - Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ализода Зариф - ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва Бодров Николай Филиппович - Президенти ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Иттифоқи криминалистон ва криминологҳо», номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи экспертизаҳои судии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносӣ ба номи О.Е. Кутафини шаҳри Москва ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар ҷараёни конференсия олимону коршиносони дохилу хориҷи кишвар ба таври мустақим ва маҷозӣ иштирок намуда, оид ба роҳҳои муқовимат бар зидди ҷиноятҳои муосир, доир ба пешгирии ҷинояткорӣ ва муқовимат ба терроризму экстремизм баромад карда, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Бояд қайд кард, ки ҳайати меҳмонону иштирокчиёни конференсия дар саҳни Академияи ВКД аз дастовардҳои илмиву варзишии Академияи мазкур шиносоӣ пайдо намуда, синфхонаҳои таълимӣ ва машқ бо силоҳ аз ҷониби курсантдухтарони ин муассисаи олии таълимиро тамошо намуданд.
Гул Маҳбуба