Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», «Олими сол» ва «Магистранти сол»

185225-уми апрели соли 2025 дар “Кохи Сурӯш” бахшида ба Рӯзи илми тоҷик маросими ҷоизасупории ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», «Олими сол» ва «Магистранти сол» бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, иштирокчиёну ғолибони озмунҳои болозикр ва дигар кормандони соҳаи маориф ва илм баргузор гардид.
1853Дар озмуни “Олими сол” миёни омӯзгорон ва олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 23 муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 80 ҳуҷҷат аз рӯйи 10 равия пешниҳод гардид.
1854Зимни хулосаву баҳогузории комиссияи экспертии озмун муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон “Олими сол” аз рӯи равияи фанҳои таърих, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ сазовори ҷойи якум гардид.
1855Бояд ёдовар шуд, ки расидан ба чунин дастовард аз шахс меҳнат ва заҳматро талаб менамояд.
Бори дигар роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷонро ба муносибати сазовор гардиданаш ба чунин дастоварди илмӣ таҳният ва муборак намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳои нав ба навро таманно менамоянд.
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...