Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИСТИҚЛОЛИЯТ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ

2236«Истиқлолияти давлатииТоҷикистон
натиҷаи кӯшишу талошҳои тӯлонии
халқи тоҷик дар роҳи пуршебу фарози
таърихи худ мебошад. 2237Чунки андешаи
Истиқлолият ва талоши расидан ба
давлатдории худ дар зеҳни миллати мо
дар давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша
зинда буд».
2238Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 5 – уми сентябри соли 2025 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Истиқлоли миллӣ ва бақои давлатдорӣ», бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Точикистон баргузор гардид. Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ., дотсент, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло оғоз намуда, иштирокдорони чорабинӣ ва дар симои онҳо кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори ин санаи тақдирсозу муқаддаси миллиамон табрику таҳният гуфта, ба онҳо сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек таманно намуданд.
2239Дар кори конфронс, олимону муҳаққиқон, коршиносон ва умуман намояндагони аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ Шарипов Амриддин Нуриддинович – мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ н.и.т., дотсент, маърӯза дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол»; Давлатзода Комрон Давлат - ходими хурди илмии шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, д.и.ҳ., дотсент, маърӯза дар мавзуи «Ташаббусҳои минтақавию байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ»; Шарифхонзода Моҳира Шарифхон – корманди Маркази таҳқиқоти стротегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маърӯза дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ, кафили истиқрори муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии фарогири Тоҷикистон бо Чин»; Умарзода Фатҳулло – профессори кафедраи забонҳои Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ф., маърӯза дар мавзуи «Нақши Истиқлоли давлатӣ дар муттаҳидии халқи тоҷик»; Бобохонзода Раҷабалӣ Хайрулло – сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, маърӯза дар мавзуи «Табрикоти ҷашнӣ вобаста ба Истиклоли давлатӣ»; Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич - ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва таҳкими Истиклолияти давлатӣ»; Муҳаммад Саъдӣ Абдураҳмон - сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, н.и.с., дотсент, подполковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рамзи бунёди давлатдории навини тоҷикон»; Бойзода Ҷамшед Ҷумабой - дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, полковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Ватандӯстӣ омили асосии таҳкими Истиқлолият»; Самиъзода Бахтиёр Салим - дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, подполковники милитсия, маърӯза дар мавзуи «Ормони истиқлолхоҳӣ дар масири таърихи тоҷикон»; Султонзода Вамариҷ Иброҳим – муаллими калонии кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, майори милитсия, маърӯза дар мавзуи «Истиқлолияти сиёсӣ ва ҳифзи дастовардҳои он»; Ниёззода Беҳрӯз Зафар – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия, маърӯза дар мавзуи «Иқтисоди сабз ва нақши он дар рушди иқтисоди Тоҷикистон соҳибистиқлол». 2240Одиназода Самеъҷон Раҳматуло – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия, маърӯза дар мавзуи «Нақши иқтисоди рақами дар рушди иқтисоди Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ». 2241Зардакзода Довуд Сироҷиддин – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия, маърӯза дар мавзуи «Нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди илму маориф» баромад намуданд.
Дар суханронӣ ва баромадҳои маърузачиён қайд гардид, ки Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша баҳри пойдорӣ ва бақои чунин неъматҳо кушиш ба харҷ додааст. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар раванди ҷаҳонишавии муносибатҳои ҷамъиятӣ, моро ҳарчи бештар зарурат пеш меояд, ки атрофи андешаҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, баҳри нигоҳдошти арзишҳои милливу давлатӣ ҳамеша устувор бошем.
Вобаста ба амалишавии қарор ва натиҷаҳои кори конфронси ҷумҳуриявӣ бошад, зикр карда шуд, ки маърӯза ва пешниҳодоти ироагардидаро зарур аст, ки тавассути маҷаллаи илмии Осори Академия, ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа», нашрияи «Набзи милитсия», васоити техникӣ-ахборӣ дарҷ намуда, дар раванди таълим низ ба таври васеъ мавриди истифода қарор дода шавад.
Дар анҷоми кори конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ аз ҷониби роҳбарияти Академия ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба маърузачиён ва курсантони фаъол мукофоту ифтихорнома ва туҳфаҳои рамзӣ бахшида ба 34-мин солгарди Истиқлоли давлати тақдим гардиданд.
Муҳаммад С.А., Султонзода В.И.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...