Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКАДЕМИЯИ ВКД: ЧОРАБИНӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

2251Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Академияи ВКД чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
2252Чорабинии тантанавӣ аз се бахши асосӣ иборат буд.
22531. Табрикоти сардори Академия ва тақдими мукофотҳои давлативу соҳавӣ ба ҳайати шахсӣ;
22542. Мулоқот бо сиёсатшинос, директори Маркази тарғиби адабиёти миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО дар мавзӯъи “Истиқлолияти давлатӣ: дастовардҳои бунёдӣ ва дурнамои рушди кишвар”;
22553. Бахши фарҳангӣ бо иштироки аҳли санъат ва ҳунари кишвар.
2256Нахуст, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия НАСУРИЁН Пулод Асадулло меҳмонону устодон ва шогирдонро барои ташрифашон хайру мақдам гуфт.
2257Ва иброз намуд, ки чорабинии илмӣ - амалӣ ва фарҳангии имрӯза, ки ба хотири арҷгузорӣ ба муҳимтарин арзиши миллӣ, яъне таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ мувофиқ омадааст, Шумо меҳмонон, собиқадорон, омӯзгорону шогирдон, аҳли санъату ҳунар ва дар симои Шумо мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори ин санаи тақдирсози миллат табрику таҳният гуфта, барору комёбиҳо хоҳонем.
2258Роҳбари муассисаи таълимӣ дар мавриди мафҳум ва мақоми Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, масъулияту қадршиносӣ барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон ва дигар масоили мубрами атрофи мавзуъ баромад карда, ҳозирин ва ҳамватанонро ба ин дастоварди бебаҳо - Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва муборакбод гуфт.
2259Дар қисмати ҳавасмандгардонӣ бошад, сардори Академияи ВКД 82 нафар кормандони Академияро бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2-нафар), Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (20-нафар), Фармоиши сардори Академияи ВКД (60- нафар) бо мукофотҳо сарфароз намуд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ мулоқоти сиёсатшинос, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, директори Маркази тарғиби адабиёти миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО дар мавзӯъи “Истиқлолияти давлатӣ: дастовардҳои бунёдӣ ва дурнамои рушди кишвар” доир гардид.
Баромади мутахассиси соҳа дар ин мавзуъ хеле ҷолиб, шавқовар, пурмазмун буду, аз ҷониби аҳли толор хеле хуб пазируфта шуд. Сардори Академияи ВКД ба Абдуллои Раҳнамо аз номи ҳайати шахсӣ изҳори сипос намуда, барои боз ҳам дар дигар мавзӯъҳои мубрам иштирок намуданаш ӯро ба таълимгоҳ даъват намуд.
Дар бахши фарҳангӣ бошад, ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ Изат Шарифзода, Шаҳриёр Мардонов, Комрони Ҳошим ва Манижаи Сабо бо суруду оҳангҳои дилнишинашон хотироти аҳли толорро шод намуданд.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...