Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

И С Т И Қ Л О Л И Я Т – НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ!

2260Ҳамагон огоҳ мебошем, ки миллати сарбаланди тоҷик дар охири асри ХХ соҳиби арзишмандтарин неъмат, яъне Истиқлоли давлатӣ гардид, ки ҳифзу бақои ин дастовард бо талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардидааст.
Албатта, Истиқлолият дар баробари орзӯи деринаи миллати тоҷик будан, инчунин лаҳзаи андеша ва масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва кору фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад.
Эҳсоси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доимо зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор иҷро намоем.
Табиист, ки равандҳои имрӯзи ҷомеа гувоҳи он мебошанд, ки дар баробари дастёб гардидан ба арзишҳои волои милливу давлатӣ, ҳамзамон ҳифзи онҳоро тақозо менамоянд.
Далели гуфтаҳои зикршуда, суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба истиқболи Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, санаи 30-юми августи соли равон ироа гардид, мебошад.
Дар суханронии Роҳбари давлат таъкид гардид, ки: «Чунонки мушоҳида мекунем, вақтҳои охир вазъи геосиёсии сайёра бо сабаби талошҳои бесобиқаи қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, ташкили тартиботи нави ҷаҳонӣ ва дигар равандҳои хатарнок ниҳоят мураккабу ҳассос гардида истодааст».
Чунин таъкид ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат моро ба зиракии сиёсӣ, дарки баланди шинохти арзишҳои милливу давлатӣ ва ҳифзу бақои онҳо масъул менамоянд.
Дар ин рӯзҳои барои миллат тақдирсоз, мехоҳам аз садоқату самимият ва ҳисси баланди ватандӯстии кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои амнияту субот ва таъмини ҳукумати Конститутсионӣ ҳаёти худро дареғ надошта, дар ин роҳи муқаддас ҷони хешро аз даст додаанд, ёдоварӣ намоем.
Мактаби ҷавонмардие, ки аз онҳо барои имрӯзи фаъолияти насли ҷавони мақомот боқӣ мондааст, ибратомӯз мебошанд.
Боиси ифтихор ва сарфарозӣ мебошад, ки имрӯзҳо мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ, д.и.ҳ., Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба як қатор дастоварду комёбиҳои касбӣ ноил гардидааст.
Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек, кулли ҳамватанони хешро табрик гуфта, ба хонадони ҳар якашон хушбахтиву файзу баракат, саломативу сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор ва пешрафту ободии рӯзафзун орзӯ менамоям.
РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАР ПЕШ ИСТОДА МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...