БАРГУЗОРИИ VIII-УМИН КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА ҶАҲОНИШАВӢ», БАХШИДА БА РӮЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН
Бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2025, таҳти №32/10-284 ва нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон дар таърихи 10 декабри соли 2025 дар толори конференсиявии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон VIII-умин конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзуи «Ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид. Дар ин конференсияи сатҳи байналмилалӣ якқатор олимону муҳаққиқон ва шахсиятҳои маъруфи кишвар иштирок намуда, суханронӣ намуданд.
Сараввал ба кори конференсия сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло ҳусни оғоз бахшида, сухани ифтитоҳии худро ироа намуданд ва ҷамъомадагонро бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон табрику таҳният намуданд.
Мавсуф дар рафти суханронии худ ёдоварӣ намуданд, ки ҳамасола 10-уми декабр ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи муҳим ба қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон мансубият дорад, ки он соли 1948 қабул гардидааст.
Мо имрӯз ин санаи муҳимро дар марҳилае ҷашн мегирем, ки талошҳо барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар саросари ҷаҳон идома дорад. Ҳамасола олимони варзидаи ватанӣ ва хориҷи кишвар дар конференсияи мазкур иштироки фаъолона менамоянд, ки имрӯз низ онҳо дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ ҳузур доранд ва барои ташрифашон изҳори миннатдорӣ менамоям.
Сипас сухани ифтитоҳии навбатиро ба ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам пешниҳод намуданд. Номбурда дар мавзӯи «Ахлоқ ва ҳуқуқ: робита, фарқият ва виҷдон ҳамчун қонуни ботинӣ» суханронӣ намуда, паҳлӯҳои мубрами алоқамандӣ, тафовут ва нақши падидаи ҳуқуқ, ахлоқ ва озодии виҷдонро дар батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ таҳлил намуданд.
Сухани ифтитоҳии навбатиро Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Саидзода Иззатулло Ҳабибулло идома дода, вобаста ба масоили ҳуқуқи инсон ва тамоюлҳои поймолшавии он дар арсаи байналмилалӣ изҳори андеша намуд. Дар идомаи кори конференсия сухани навбатӣ барои ироаи маърӯза ба профессори кафедраи Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Раҷабзода Равшан Муҳитдин вогузор гардид. Мавсуф атрофи рушду инкишоф ёфтани вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи демократӣ ва мустаҳкам гардидани қадру манзалати он дар сатҳи конститутсионӣ суханронӣ намуда, якқатор дастоварду натиҷаҳои назаррасро дар самти риояи ҳуқуқи инсон дар давлат ёдоварӣ намуданд.
Ҳамзамон тибқи регламенти барнома модератории кори конференсияро сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода Амиршоҳ Мансур ба уҳда гирифта сухани навбатиро ба мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Буризода Эмомалӣ Бозор пешниҳод намуданд. Номбурда бо маърӯза дар мавзуи “Ҳуқуқи меҳнат дар марҳилаи тошуравии давлатдории тоҷикон” баромад намуда, муҳиммияти ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар бахши меҳнат дар даврони тошуравии давлатдории тоҷикон дар таносуб бо замони шуравӣ ва соҳибистиқлоли кишвар таҳлил намуд.
Сипас дар рафти кори конференсия Шосаидзода Шаҳбоз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар таҳия ва қабули Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқи инсон”, Мирализода Исфандиёр Қарахон мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи арзишҳои миллӣ дар мисоли Эъломияи Куруши Кабир”, Мансурзода Амиршоҳ Мансур сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия дар мавзуи “Дастовардҳо ва дурнамои рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Мирзоҳофизиён Мирзоалӣ Мирзоҳофиз сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия дар мавзуи “Иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ”, Абдулохонов Файзалӣ Маҳмудович дотсенти кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқи Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент дар мавзуи “Нақш ва аҳаммияти таърихии Эъломияи Куруши Кабир дар ҳифзи ҳуқуқи инсон дар раванди ҷаҳонишавӣ”, Қурбонзода Абдумалик Турахон муовини сардори шуъбаи қонунгузоӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Механизмҳои риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар даврони истиқлолияти давлатӣ” ва дигарон баромад намуданд.
Бо ҳамин VIII-умин конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзуи «Ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонишавӣ» бо иштироки ҳуқуқшиносон ва муҳаққиқони варзидаи ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар он тавсияву пешниҳодҳои муфид вобаста ба муҳиммияти ҳуқуқи инсон, ҷаҳонишавӣ, тамоюлҳои поймолшавӣ ва роҳҳои пешгирии он манзур гардиданд.
Дар интиҳо меҳмонону иштирокчиёни конференсияи мазкур аз баргузории чунин як конференсияи сатҳи байналмилалӣ таасуроти хотирмон бардоштанд.
Капитани милитсия Ҷалолзода С.И.







































































































































































