Натиҷаи давомот ва арзёбии сатҳи донишандӯзиии курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ санаи 16.12.2025 таъкид намуданд: «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Дар ин радиф масоили давомот дар дарсҳои ҳатмӣ, худомӯзӣ ва сатҳи аз барнамоии фанҳои таълимӣ, ки ба ҳамдигар вобастагии амиқ доранд аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳуриии Тоҷикистон ҳамчун ҳукми анъана дар ҳар як охири моҳи соли таҳсил натиҷагирӣ ва арзёбӣ мегардад.
Бо ҳамин мазмун санаи 06.04.2026 натиҷаи давомот ва дониш андӯзии курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои моҳи марти соли 2026 пайгирӣ карда шуд. Вобаста ба омузиш ва таҳлили журналҳои синфӣ сатҳи иштироки курсантон, аз рӯи дастхатҳои сафӣ, иштирок дар навбатдории шабонарӯзӣ, дарсҳои худомӯзӣ ва сабақгардонӣ муайян гардид, ки дар байни курсҳои воҳиди таълимӣ низомии факултетҳо ва гуруҳҳои таълимӣ фаъолияти намунавӣ ва хубро сазовор мебошанд:
- курси 3 воҳиди таълимӣ низомии факултети 2;
- курси 2 воҳиди таълимӣ низомии факултети 4;
- курси 4 воҳиди таълимӣ низомии факултети 6.
Вобаста ба натиҷагирии мазкур аз ҷониби сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал майори милитсия Насуриён П.А., ба курсҳои дар боло зикр шуда рамзи «Курси беҳтарин», аз рӯи хониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ (вымпел)-ро дар ҷамъомади умуми академиявӣ мушараф гардонид.
Ҳамчунин сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал майори милитсия Насуриён П.А., ба ҳайати шахсии доимӣ ва таъuийрёбанда талабот оид ба аз худкунии фанҳои таълимиро таъкид намуда, ба масъулин, аз ҷумла шуъбаи таълим ва қисмҳои таълимии факултетҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода тавсия ва супрпишҳои мушаххас дод.
Сардори қисми таълимии факултети №2,
подполковники милитсия, аълочии милитсия
Раҳимзода Дилшод Маҷид







































































































































































