Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Натиҷагирии озмунҳои муассисаҳои таълимии ВКД

2639Баҳри истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон бо фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар Академияи ВКД бо ибтикори Раёсати кадр ва кор бо хайти шахсии ВКД санаи 08.04.2026 дар назди комиссияи салоҳиятнок даври ҷамъбастии озмунҳои «Китобхони бехтарин» ва «Донандаи забонҳои хориҷӣ» баргузор гардид.

2640Дар озмунҳо курсантони Академияи ВКД, Коллеҷи милитсияи ВКД вокеъ дар шахри Кӯлоб, Коллеҷи техникӣ-оташнишонии ВКД дар нохияи Данғара барои ғолибият рақобат намуданд.
2641Дар рафти озмунҳо довталабон донишҳои баланди илмӣ-бадеӣ ва забондонӣ нишон доданд.
Дар натиҷаи ҷамъбасти озмунҳо ҷойҳои зерин муқаррар гардиданд:
Дар номинатсияи китобхонӣ ҷои аввал насиби курснти курси 3 факултети №2 Файзиддинзода М.Ф.,ҷои дуюм насиби курснти курси 1 курсанти факултети №2 Мирзоев Ш.Х., ҷои сеюм насиби ду нафар -курсанти курси 1 Коллеҷи техникӣ - оташнишонии ноҳияи Данғара Давлатов Б.О., рекурти курси 1 Коллеҷи милитсияи ВКД вокеъ дар шахри Кӯлоб Файзуллозода М.А. гардиданд.
Дар номинатсияи забондонӣ аз забони русӣ ҷои аввал насиби курсанти факултети №2 Академияи ВКД Алиматов А.М., ҷои дуюм насиби курсанти факултети №4 Академияи ВКД Набиев Қ.О., ҷои сеюм насиби курсанти факултети №4 Академияи ВКД Эргашев Б.М. гариданд.
Дар номинатсияи забондонӣ аз забони англисӣ ҷои аввал насиби курсанти курси 4 Академияи ВКД Зарипзода Б.С., ҷои дуюм насиби курсанти курси 2 Академияи ВКД Муминова М.А., ҷои сеюм насиби ду нафар курсанти курси 3 Академияи ВКД Ҷалилзода Ҷ.Л., курсанти курси 1 Бобоев Ё.С., ҷои ифтихорӣ насиби ду нафар - курсанти курси 4 Коллеҷи милисияи ВКД Раҳимзода М.А. ва курсанти курси 1 факултети №4 Мирзоализода Ш.М. гардиданд.
Комиссияи озмун ба ҳар як иширокчии озмунҳо баҳогузории объективона намуда, озмунҳо дар руҳияи якдигарфаҳмӣ ва ҳунсни тафоҳум ҷамъбаст гардиданд.
Бо фармоиши Вазири корҳои дохилӣ барои ҷои аввал – 5 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм 4 ҳазор сомонӣ, ҷои сеюм 2 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.
Дар фарҷоми озмунҳо иширокчиёни он ба Вазири корҳои дохилӣ ва комиссияи озмун барои объективона ва ва адолатнок ҷамъбаст намудани озмунҳои мазкур изҳори минатдорӣ баён намуданд.
Комиссияи озмун

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...