Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

WhatsApp Image 2026-04-20 at 11.43.45WhatsApp Image 2026-04-20 at 11.43.45 1WhatsApp Image 2026-04-20 at 11.43.45 2WhatsApp Image 2026-04-20 at 11.43.45 3WhatsApp Image 2026-04-20 at 11.43.45 4WhatsApp Image 2026-04-20 at 11.43.46WhatsApp Image 2026-04-20 at 11.43.46 1WhatsApp Image 2026-04-20 at 11.43.46 2WhatsApp Image 2026-04-20 at 11.43.46 3      17.04.2026 дар факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд V-умин конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Илм ва амалияи ҳуқуқшиносӣ» бахшида ба Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид.

         Дар кори конференсияи мазкур 100 маърӯза ва баромадҳо ба нақша гирифта шуда буд, ки ҳамаи кишварҳои ИДМ-ро намояндагӣ мекарданд.

         Дар кори конференсия намояндагон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, олимону мутахассисони шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва худи Академияи ВКД иштирок доштанд.

         Конференсияи байналмилалиро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло ҳусни оғоз бахшид.

       Аз ҷумла, ташрифи меҳмонони иззатманд ва ҳамкоронро ба факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар кори V-умин конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Илм ва амалияи ҳуқуқшиносӣ», ки ба Рӯзи илми тоҷик бахшида шудааст, хайрамақдам гуфт!

       Сардори Академия қабл аз ҳама, ҳозиринро бо иди Рӯзи илми тоҷик, ки ҳамасола дар кишвари азизамон дар моҳи апрел таҷлил мегардад, аз самими дил табрик намуд.

       Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳамасола ба муносибати Рӯзи илми тоҷик бо иштироки васеи олимони шинохтаи дохил ва хориҷи кишвар конференсияи илмӣ-амалии байналмилалиро дар мавзӯи «Илм ва амалияи ҳуқуқшиносӣ» ташкил ва баргузор намояд.

       Соли ҷорӣ роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки конференсияи мазкурро дар шаҳри Хуҷанд дар бинои навбунёди факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ташкил ва баргузор намояд.

       Ёдовар мешавем, ки бинои мазкур 13 июли соли 2025 бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.

         Ин иншооти нави таълимӣ аз 6 ошёна, таҳхона, 12 синфхонаи барҳаво, маҷлисгоҳ бо 500 курсӣ, хобгоҳ бо 176 ҷойи хоб ва ошхона иборат мебошад. Баъди ба истифода супоридани ин бинои таълимӣ ва имконияти фароҳамгардида барои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ояндаи милитсия ва таълиму тарбияи мутахассисони соҳа саҳми назаррас гузошта истодааст.

       Генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло қайд кард, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди илму маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.

       Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илм ва маориф самти афзалиятнок ба шумор рафта, дар партави сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд ёфта истодааст.

         Давлат ва Ҳукумат илмро меҳвари асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешанд.

       Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани конференсияи мазкур, ин пеш аз ҳама муайян намудани масоили мубрам ва муҳимми илм ва амалияи ҳуқуқшиносӣ, таълиф ва ҷамъбасти тавсияҳои илман асоснок, инчунин, коркарди роҳҳои ҳалли онҳо ба ҳисоб меравад.

       Чи гуна, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд «авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.

       Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад».

       Дар замони Истиқлоли давлатӣ илми ҳуқуқшиносӣ рушд намуда, олимон-ҳуқуқшиносони маъруфи кишвар, саҳми худро дар таҳкими давлатдорӣ ва амалӣ гардонидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштаанд.

       Зеро маҳз, дар ин давра низоми ҳуқуқии миллӣ ташаккул ва рушд ёфт, ки дар партави он зиёда аз 400 қонуни мукаммал, 17 қонуни конститутсионӣ, 22 кодекс ва зиёда аз 22 000 санадҳои зерқонунӣ омода ва қабул гардиданд.

         Гузашта аз ин, дар ин давра илми ҳуқуқшиносӣ зина ба зина рушд намуда, дар заминаи он соҳаҳои ҳуқуқ вобаста ба арзишҳои миллӣ ва байналмилалӣ ташаккул ёфта, қонунгузории конститутсионӣ, маданӣ, соҳибкорӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, мурофиавии ҷиноятӣ ва ғайра густариш ёфтанд.

       Гуногуншаклии моликият, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, озодии виҷдон, эътиқод, гуногунандешии сиёсӣ, таҷзияи ҳокимият ҳамчун падидаҳои нав дар низоми ҳуқуқии кишвар эътироф гардид.

       Муҳтарам иштирокчиёни конференсия! Рӯзи илми тоҷик, ки ҳамасола моҳи апрел таҷлил мегардад, на танҳо рамзи эҳтиром ба дастовардҳои олимони кишвар, балки нишонаи равшани сиёсати давлатӣ дар таҳкими иқтидори илмии Тоҷикистон мебошад.

       Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 майи соли 2024 дар мулоқот бо аҳли илм ва маориф зикр намуданд, истиқлолият барои рушди бесобиқаи таҳқиқоти илмӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва муаррифии миллати тоҷик ҳамчун тамаддунсоз дар арсаи ҷаҳонӣ замина фароҳам овард.

       Ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтаанд, нақши олимони кишварро дар илми байналмилалӣ мустақар менамоянд.

       Ҳозирини арҷманд! Бояд иброз намуд, ки ташкили чунин конференсияҳо бо иштироки васеи олимони маъруфи дохил ва хориҷи кишвар, кормандони амалия, инчунин, нашри маводи он имконият фароҳам меорад, ки андешаҳои олимони барҷаста ва соҳибмактабон барои насли оянда ҳамчун роҳнамо хизмат намояд.

       Ман ба кори конференсияи имрӯза барору комёбиҳо хоста, ба ҳар яки Шумо дастовардҳои нави эҷодиро орзумандам. Бигзор нури илм ҳамеша роҳи моро ба сӯи фардои дурахшон равшан созад!

       Баъдан дар кори конференсия дар қисмати ифтитоҳӣ:

     АҲМАДОВ ОЛИМЖОН ТУРСУНБАЕВИЧ - сардори Институти такмили ихтисоси ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон, н.и.т., полковник;

     ЯНИН СЕРГЕЙ АЛЕКСАНДРОВИЧ - профессори кафедраи ташкили кори тафтишотии маҷмааи илмӣ-таълимӣ оид ба тафтиши пешакӣ дар МКД Академияи ВКД Россия дар шаҳри Волгоград, н.и.ҳ., полковники политсия;

     БУРИЗОДА ЭМОМАЛӢ БОЗОР - и.в. Директори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, д.и.ҳ., профессор;

     МУҲАММАДИЕВ ИЗАТУЛЛО САЙФУЛЛОЕВИЧ – профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, д.и.ҳ.;

     МАРКОВА ЕКАТЕРИНА АРКАДЬЕВНА – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Академияи ВКД Россия дар шаҳри Волгоград, майори политсия, баромад карданд

       Баъди нисфирӯзӣ бошад шунидан ва муҳокимаи маърӯзаҳо дар сексияҳо идома ёфт.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...