Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории конференсияи байналмилалӣ дар факултети №4 Академияи ВКД

2652Бахшиба ба Рӯзи илми тоҷик ва 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Академияи ВКД конференсияи илмӣ - амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Илм ва амалияи ҳуқуқшиносӣ” ташкил карда шуд. 2653Ҳайати олимону профессорони муассисаи олии таълимии ВКД маротибаи 5-ум аст, ки ҳамоиши байналмилалии илмӣ баргузор менамоянд. 2654Конференсияи навбатӣ дар факултети №4 Академияи ВКД бо қароргоҳ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки олимону пажуҳишгарони соҳаи илми ҳуқуқшиносӣ аз донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил доир гашт. 2655Дар кори конференсия ҳамзамон кормандону мутахассисони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, таҳқиқотчиёни соҳаҳои гуногуни илм, курсантон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Конференсияи байналмилалиро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ генерал - майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло оғоз бахшида, перомуни дастовардҳои илмии Академия ва рушди соҳаҳои гуногуни илми тоҷик дар давраи соҳибистиқлолӣ, таваҷҷуҳи Асосгузор сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба пешрафти илми тоҷик, истифода шудани дастовардҳои илмӣ дар рушди ҷомеа сухан карда, ҳозиринро ба Рӯзи илми тоҷик, ки ҳамасола дар даҳаи дуюми моҳи апрел таҷлил мешавад, табрик гуфт.
Муаррифии меҳмонон дар бахши расмии чорабинӣ сурат гирифта, ҳамзамон миёни Академияи ВКД ва Институти такмили ихтисоси ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишноми ҳамкорӣ дар самти табодули таҷрибаи омодасосии кадриро ба имзо расониданд. Дар идома қисме аз 100 баромади ба нақша гирифташуда шунида шуд.
Масъалаҳои муҳими илм ва амалияи ҳуқуқшиносӣ дар маърӯзаҳо бо таҳлилҳои амиқ, тадқиқоти илмии асоснок ва тавсияву пешниҳодҳо ироа гардид. Аз ҷумла, директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Бӯризода, сардори Институти такмили ихтисоси ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон Олимҷон Аҳмадов, профессори Академияи ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри Волгоград Сергей Янин, пофессори ДДҲБСТ Изатулло Муҳаммадиев, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Академияи ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри Волгоград Екатерина Маркова маърӯза карда таваҷҷуҳи аҳли нишастро ба натиҷаи корҳои илмӣ ва тадқиқотҳои бисёрсамтаи соҳаи ҳуқуқшиносӣ шинос намуданд. Бар замми баромад ва маърӯзаҳои мустақиму муҳокимаронии озод, ҳамчунин дар кори конференсияи байналмилалӣ олимон ба таври ғойибона иштирок ва мавзӯҳо ба кумитаи тадорукоти чорабинӣ пешниҳод кардаанд.
Таъкид гардид, ки маърӯзаҳои дар чорабинӣ муҳокима шуда дар шакли маҷмӯа интишор хоҳад шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки тайи панҷ соли охир бо ибтикори Академияи ВКД бо иштироки доираи васеъи олимони дохил ва хориҷи кишвар ҳамоиши байналмилалии илмӣ доир карда мешавад. Ин иқдом собитгари он аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди тадқиқотҳои илмӣ, ҳавасмандии олимону пажуҳишгарон ҳамчун захираи зеҳнии давлат, ҳифзи мероси илмиву фарҳангӣ ва таҳкими иқтидори илмӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Олимон ҳамчун захираи зеҳнӣ саҳми худро дар таҳкими давлатдории мустақил мегузоранд. Илми ҳуқушиносӣ вобаста ба арзишҳои миллӣ пеш рафта ҷиҳати танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар раванди густариши қонунэҷодкунӣ низоми ҳуқуқии кишварро мукаммал месозад.
Дар идома барои меҳмонони конференсияи байналмилалӣ бо ташкили сайёҳати сайёр дастовардҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) муаррифӣ карда шуд. Маҷмааи Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои иноватсионии ДДҲБСТ аз маркази зеҳни сунъӣ ва IT Park, маҷлисгоҳ, осорхона, толори Шӯрои десертатсионӣ, намоишгоҳҳо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Имрӯзҳо ин донишгоҳ дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҳуқуқшиносӣ саҳми арзанда дорад. Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки донишгоҳи мазкур зодаи даврони соҳибистиқлолӣ аст.
Гуфтан ба маврид аст, ки бо ташкили конференсияи байналмилалӣ масъулини Академияи ВКД Рӯзи илми тоҷикро гиромӣ доштанд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...