Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Татбиқи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ»
Санаи 21 апрели соли 2026 тибқи иҷрои нақшаи илмии Академияи ВКД бо ибтикори кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии факултети №3 ва кафедраи амнияти иттилоотӣ ва технологияҳои рақамии факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалгардонии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон намудани 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар толори Шурои диссертатсионии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Татбиқи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ» бахшида ба солҳои 2020-2040 - «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид.
Нахуст кори конференсияро муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Ализода Алиҷон Шариф ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз намуд: «Имрӯз мо дар марҳилаи нави рушд қарор дорем, ки дар он технологияҳои рақамӣ ва махсусан зеҳни сунъӣ ба унсури ҷудонашавандаи идоракунӣ ва ташкилоти самараноки кор табдил ёфтаанд.
Ҷаҳони имрӯз босуръат тағйир меёбад. Пешрафти илм ва технология дар даҳсолаҳои охир нишон дод, ки кишварҳо ва муассисаҳое, ки ба навовариҳо рӯ меоранд, дар рақобати ҷаҳонӣ мавқеи устувортарро ишғол мекунанд. Дар чунин шароит, татбиқи зеҳни сунъӣ на танҳо як имконият, балки як зарурати воқеӣ мебошад.
Вобаста ба паҳлуҳои мусбии ин технологияҳо роҳбари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо дар суханрониҳои худ чунин гуфта гузаштанд, ки “Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гарданд. Инчунин бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардидааст», сипас дар кори конференсия ба ҳайси модератор ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич интихоб гардид.
Модератори конференсия кори конференсияро ба ду қисмат, қисмати пленарӣ ва қисмати кафедравӣ ҷудо намуд, дар қисмати пленарӣ мутахассисони варзидаи самти технологияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионӣ бо маърузаҳои илмӣ баромад намуданд.
- Ғафуров Миршафи Ҳамитович - дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи маълумоти факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилооти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент, баромад дар мавзуи “Лингвистические структуры как основа криптографических систем передачи информации”.
- Холиқзода Сарвар Ҳотамӣ - сардори Раёсати ҳуқуқи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромад дар мавзуи “Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди иқтисодӣ ва масоили он”.
- Нуъмонов Талъат Ишонқулович - директори Академияи «CISCO» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент, баромад дар мавзуи “Таъсири зеҳни сунъӣ ба бехатарии иттилоотӣ”.
- Қосимов Абдунаби Абдурауфович - дотсенти кафедраи системаҳои автоматикунонидашудаи идоракунии факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилооти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, доктори илмҳои техникӣ, дотсент, баромад дар мавзуи “Классификатсия ва класстеризатсияи объектҳо бо истифода аз усулҳои омӯзиши мошинӣ”.
- Қобилов Маъруф Маҳмудович - мудири шуъбаи математикаи амалӣ ва механикаи Институти математикаи ба номи академик А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои физикаю математика, доктори илмҳои физикаю математика, дотсент, баромад дар мавзуи “Математическое моделирование изменения свойств минераловатных теплоизоляционных материалов при естественном старении”.
- Нарзуллоев Саидаҳмад Абдусаидович - дотсенти кафедраи Информатика ва техникаи ҳисоббарории факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилооти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент, баромад дар мавзуи “Амалисозии технологияҳои зеҳни сунъӣ дар идораи системаҳои нақлиётӣ ва саноатӣ”.
- Ғафорзода Манучеҳр - мутахассиси хусусӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва таҳлилӣ, баромад дар мавзӯи “Лучшие практики использования технологий искусственного интеллекта в деятельности органов внутренних дел”.
- Раҳимзода Алишер Орзу - директори Институти математикаи ба номи академик А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент, баромад дар мавзуи “Основные направления использования искусственного интеллекта в области внутренних дел”.
Дар қисмати кафедравӣ бо маърузаҳо баромад намуданд:
- Арипов Анвар Лутфиллоевич - сардори кафедраи амнияти иттилоотӣ ва технологияҳои рақамии факултети №5, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия, баромад дар мавзуи “Баъзе аз самтҳои истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ”.
- Саидзода Саидшоҳ Саид - сардори шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, баромад дар мавзуи “Моделҳои математикӣ ҳамчун асоси фаъолияти технологияҳои зеҳни сунъӣ”.
- Мирзозода Эркинҷон Эргашбой - сардори факултети №3, полковники милитсия, баромад дар мавзуи “Масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии истифодаи зеҳни сунъӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ”.
- Шарофзода Фирӯз Алиҷон - сардори факултети №5, номзади илмҳои техникӣ, подполковники милитсия, баромад дар мавзуи “Зеҳни сунъӣ ва нақши он дар раванди таълим дар соҳаи маориф”.
- Холзода Бахтиёр Мулло - сардори кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии факултети №3, подполковники милитсия, баромад дар мавзуи “Асосҳои зеҳни сунъӣ ва нақши он дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ”.
- Гулбоев Бахтиёр Ҷурақулович - мудири шуъбаи таҳрезии математикии Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраевӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент, баромад дар мавзуи “Шарҳи таҳқиқотҳои илмӣ оиди татбиқи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ”.
- Маъруфиён Баҳрулло Маъруф - сардори кафедраи такмили ихтисоси факултети №3, полковники милитсия, баромад дар мавзуи “Зеҳни сунъӣ яке аз муҳимтарин пешрафтҳои муосир дар ташаккули воситаҳои техникӣ”.
- Ғафлатзода Суҳроб Ғафлат - дотсенти кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии факултети №3, полковники милитсия, баромад дар мавзуи “Истифодаи зеҳни сунъӣ дар пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳо”.
- Абдуллобекзода Темурмалик Абдуллобек – нозири калон оид ба робитҳои байналмилалии ШТИ ва ТН, номзади илмҳои ҳуқуқ, капитани милитсия, баромад дар мавзуи “Использование искуственного интеллекта в учебном процессе”.
- Муминиён Алишер Аминзода - муаллими кафедраи амнияти иттилоотӣ ва технологияиҳои рақами факултети №5, полковники милитсия, баромад дар мавзуи “Использование искуственного интелекта при расчете данных эксперимента по термогравметричискому анализу”.
- Давронзода Сомон Ҷумъабой - муаллими калони кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии факултети №3, подполковники милитсия, баромад дар мавзуи “Зеҳни сунъӣ дар назорати ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрӣ”.
- Ибодзода Маъдихуҷа Муҳриддин - муаллими калони кафедраи Амнияти иттилоотӣ ва технологияҳои рақамии факултети №5, майори милитсия, баромад дар мавзуи “Киберамният ва мубориза бо ҷиноятҳои рақамӣ”.
- Назришозода Диловар Лаззат - муаллими кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии факултети №3, майори милитсия, баромад дар мавзуи “Ояндаи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар шароити рушди зеҳни сунъӣ”.
Дар фарҷоми конференсия муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Ализода Алиҷон Шариф бо сухани хотимавӣ баромад намуда, як қатор дастуру тавсияҳо доданд, аз ҷумла истифодаи маводи кори конференсия дар раванди таълим дар кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии факултети №3 ва кафедраи амнияти иттилоотӣ ва технологияҳои рақамии факултети №5 Академияи ВКД ва ба нашр расонидани мақолаҳои илмии иштирокчиёни конференсия дар маҷалаи илмии “Паёми Академия”.
Ҳамчунин барои дар амал татбиқ намудани зеҳни сунъӣ дар раванди корҳои таълимии Академия тавсияҳои мушаххас қабул гардиданд.
Кумитаи тадорукоти конференсия







































































































































































