Баргузории чорабинии рӯзи "Дарҳои кушод” дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
Бо мақсади муаррифии фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷалби ҷавонон ба интихоби касби афсарӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо, дар Академияи мазкур чорабинии рӯзи “Дарҳои кушод” дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Меҳмононро роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону кормандони Академия самимона истиқбол гирифта, ба онҳо оид ба шароити таҳсил, имкониятҳои моддию техникӣ ва самтҳои асосии фаъолияти муассиса маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ, хонандагон аз синфхонаҳои таълимӣ, толорҳои лексионӣ, китобхона, марказҳои таълимии махсус, майдончаҳои варзишӣ ва дигар инфрасохтори Академия дидан намуданд. Ба иштирокчиён инчунин дар бораи ихтисосҳо, талаботҳои дохилшавӣ ва имтиёзҳои таҳсил дар Академияи ВКД маълумот дода шуд.
Қисмати ҷолиби чорабинӣ намоиши машқҳои амалӣ ва баромадҳои намоишии курсантони Академия ба ҳисоб мерафт, ки таваҷҷуҳи зиёди хонандагонро ба худ ҷалб намуд. Ин баромадҳо аз омодагии баланди касбӣ ва ҷисмонии курсантон дарак медоданд.
Дар рафти мулоқот намояндагони Академия таъкид намуданд, ки интихоби касби ҳифзи ҳуқуқ яке аз масъулиятноктарин ва шарафмандтарин роҳҳои хизмат ба Ватан мебошад. Хонандагон низ изҳор доштанд, ки чунин чорабиниҳо барои муайян намудани роҳи ояндаи касбии онҳо мусоидат менамоянд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба саволҳои хонандагон посухҳои муфассал дода шуда, ба онҳо маводҳои иттилоотӣ тақдим гардид.
Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмати давлатӣ аҳамияти муҳим дорад.







































































































































































