БАРГУЗОР ГАРДИНАИ ОЗМУНИ «БЕҲТАРИНИ САМТИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶӮӢ» БАЙНИ КУРСАНТОНИ КУРСИ СЕЮМИ ФАКУЛТЕТҲОИ №2 ВА №6 АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар асоси иҷроиши банди 2.21 Нақшаи чорабиниҳои асосии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 14 апрели соли 2026 дар маҷлисгоҳи факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 15 – солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» озмуни «Курсанти беҳтарини самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар байни курсантони курси сеюми факултетҳои №2 ва №6 Академияи ВКД баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро муовини якуми сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Ализода Алиҷон Шариф., оғоз намуда, ба иштирокчиёни озмун иброз намуданд, ки баргузор намудани чунин ҳамоишҳо, бахусус дар байни ҷавонон дар ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва натиҷаҳои хуб ба бор оварда истодааст, ки ҳамаи онҳо аз дастуру супоришҳо ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд.
Сипас, аз ҷониби раиси комиссия сардори шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Саидзода С.С., аъзоёни комиссия дар ҳайати зерин ба иштирокчиёни озмун муаррифи карда шудаанд.
Ба самъи иштирокчиён шартҳои озмун расонида шуда, қайд намуданд, ки ғолибон иштирокчиёне эътироф карда мешаванд, ки холи умумии онҳо аз рӯйи ҷавоб ба саволномаи тестӣ, билет ва саволҳои иловагӣ аз ҳама зиёд бошад. Дар сурати баробар шудани холҳои иштирокчиён, барои муайян намудани ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 аз тарафи аъзои ҳакамон дар доираи ФОҶ, берун аз билетҳои пешниҳодгардида, саволҳои иловагӣ пешниҳод менамоянд.
Иштирокчиён пеш аз оғози чорабинӣ тариқи қуръапартоӣ рақамгузорӣ карда шуданд ва дар озмун бе ифшои ному насаб ва алоқамандӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок карданд.
Озмун дар умум чор давраро дар бар мегирад.
Дар давраи аввал, аз ҷониби омузгорони дарсдиҳанда курсантони беҳтарини самти фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ аз байни гурӯҳ интихоб карда шуда, руйхати онҳо ба котиби комиссия пешниҳод гардиданд.
Дар давраи дуюм тамоми иштирокчиёни озмун бо шумораи 110 нафар аз маркази тестӣ аз санҷиш гузаронида мешаванд ва беҳтаринҳо яъне нафароне, ки аз ҳама холҳои баландро соҳиб гардиданд ширкат меварзанд.
Дар давраи сеюм нафароне, ки ҳамчун иштирокчиёни беҳтарин, ки холҳои баландро соҳиб гардиданд, тариқи гирифтани як билет, ки иборат аз ду савол мебошад бе муаррифи ному насаб гузаронида мешавад.
Даври чорум барои муайян намудани ҷойҳои якум дуюм ва сеюм тариқи пешниҳод намудани саволҳои амалиявӣ ва назариявӣ вобаста ба самти фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ дода мешавад. Тартиби баҳогузорӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо тартиби аз 1 то 5 холл баҳогузорӣ карда мешавад.
Дар санаи 13 – уми апрели соли ҷорӣ курсантони курси сеюми факултетҳои №2 ва №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи санҷиш аз маркази тестӣ гузаронида шуда, аз байни онҳо 17 – нафар курсантоне, ки холи баланд яъне 70 – холро соҳиб гардида буданд, интихоб карда шуда, ба даври навбатӣ роҳхат дода шуданд.
Баъд аз гузаштани давраҳои озмун, ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 озмун аз ҷониби Раиси комиссия расман эълон карда шуд:
Ҷои якум насиби курсанти курси 3 факултети № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ Абдуллоҷони Шукрулло;
Ҷои дуюм насиби ду нафар курсантони курси 3 факултети № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ Бобохонов Дилшод ва Алиев Эҳсон;
Ҷои сеюм насиби ду нафар курсантони курси 3 факултети №2, милитсияи қаторӣ Одиназода Анушервон ва курсанти курси 3 факултети №6, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон милитсияи қаторӣ Шарофов Хусрав;
Ҷойҳои ифтихорӣ насиби курсантони курси 3 гурӯҳи таълимии 313 милитсияҳои қаторӣ Сабринаи Тоҳирзода ва Холов Муҳаммад дода шуд.
Дар фарҷоми озмун раиси комиссия сардори шуъбаи таълими Академияи ВКД полковники милитсия Саидзода С.С., ба ҳар як иштирокчии озмун саломативу шодкомӣ ва дар донишандӯзӣ муваффақиятҳои беназир ва бурдбориҳоро таманно намуда аз номи роҳбариятӣ Академия ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Ҳамчунин озмуни мазкур байни курсантони курси чоруми факултетҳои №2 ва №6 Академияи ВКД низ гузаронида шуд.
Сардори кафедраи ташкили тактикаи
фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯии факултети №6
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
подполковники милитсия Абдуллозода Ш.Ф.







































































































































































