НАҚШИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ДАР МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ
Риояи қонун ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеаҳои мутамаддин маҳсуб меёбад.
Барои расидан ба ин ҳадаф тақвияти маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии ҷомеа зарурати амиқ дорад.
Дар ташаккулёбии маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бузургтарин ҳуҷҷати миллӣ ва давлатии кишварамон маҳсуб меёбад, хеле муҳим арзёбӣ мегардад, зеро онҳо дорои мазмуну моҳияти бузурги сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Аз ин рӯ, хуб донистани Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон, ки ояндаи пойдорию пешрафти миллату давлат мебошанд, ҳам фарзу ҳам суннат аст. Бояд, ки наврасону ҷавонон усулҳову ғояҳои дар Конститутсия сабтгардидаро хуб дарк карда, дар раванди ҳаёти ҳаррӯзаи худ онҳоро татбиқ карда тавонанд.
Маърифати ҳуқуқӣ маҳз аз донистан ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузории миллӣ сарчашма мегирад. Меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он дарак медиҳад, ки масъалаи маърифати ҳуқуқӣ танҳо аз моҳияти ҳуқуқӣ иборат нест ё худ фақат мазмуни ҳуқуқӣ надорад, балки бо маҷмӯи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ оид ба некию накӯкорӣ, шафқату дилсӯзӣ, ростӣ, ҳақиқат, покӣ, адолат ва дигар арзишҳои дар таърихи мавҷудияти миллат исботшуда, робитаи ногусастанӣ дорад.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар муқовимат ба экстремизм, ба самъи тамоми табақаҳои ҷамъиятӣ бо таври дуруст, системавӣ ва манфиатпазир расонидани мазмуну муҳтавои Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи танзими ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти таълиму тарбияи кудак», Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021 – 2025 дигар санадҳои меъурии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои хусусияти консептуалидошта дар ин самт маҳсуб меёбад. Зеро дар онҳо асосҳои назариявӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва идиологии муқовимат ба экстремизм бо таври дақиқ муайян гардидаанд.
Дар ин замина, қайд намудан лозим аст, ки экстремизм барои мардуми тоҷик асосан дар зери ниқоби дин ва сиёсати таҷовузкоронаи бархе аз давлатҳои манфиатҷӯ таҳмил карда мешаванд. Аз ин лиҳоз назар андухтан ба пайдоиши мафҳуми экстремизм ва табиати ҳуқуқии он аз манфиат холӣ нест.
Экстремизм (ифротгароӣ) аз калимаи лотинии «еxstremus» сарчашма гирифта, маънои «пайравии ақидаву чораҳои шадид, қатъӣ (ниҳоӣ) (асосан дар сиёсат)-ро фарогир аст» [3,]. Аммо танҳо сиёсат намуди холиси зуҳурёбии ифротгароӣ нест, зеро зоҳиршавии ифротгароӣ аз рӯйи ангезаҳои миллатгароӣ ва диниву мазҳабӣ низ хеле маъмуланд [4, - C. 66-67].
Бинобар дар тӯли таърих омезиш ёфтани ифротгароӣ бо сиёсат, дин, миллатпарастӣ ва нажодпарастӣ дар алоҳидагӣ баррасӣ кардани онҳо имконнопазир аст. Зеро таснифоти ифротгароӣ аз рӯйи ангезаҳои сиёсӣ, миллӣ, нажодӣ ва динӣ-мазҳабӣ шартӣ мебошад ва онҳо ҳеҷ гоҳ дар асл дар намуди «тоза» зоҳир намешаванд [5, C.-14-21].
Аз ин ҷост, ки мафҳуми экстремизм (ифротгароӣ) тибқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2-юми январи соли 2020, таҳти № 1655 чунин ифода ёфтааст: «ифротгароӣ ин ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистиест, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст» [6,].
Табиати пурратари ифротгароӣ, дар банди 2 моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» зери мафҳуми “фаъолияти экстремистӣ” ифода ёфтааст, ки чунин аст: “Фаъолияти экстремистӣ – фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ, ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд [7,].
Тибқи талаботи қисми 5 моддаи 8 Конститутсия таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.
Инчунин, мувофиқи муқаррароти қисми 2 моддаи 30 Конститутсия дар Тоҷикистон таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.
Бояд гуфт, ки бо мақсади муқовимати муташаккилона ба ифротгароии динӣ-мазҳабӣ дар миёни аҳолӣ, маҳдудиятҳои дахлдор ба санадҳои дигари қонунгузорӣ ворид карда шуданд. Аз ҷумла, мутобиқи талаботи м. 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори омма» аз 19-уми марти соли 2013, таҳти № 961 «интишори маълумоти фарогири сирри давлатӣ, иттилооте, ки барои зӯроварона сарнагун кардан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, содиркунии кирдори ҷиноятӣ, барангехтани адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, тарғиби ҷанг, зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, расонидани зарар ба тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлат даъват мекунанд, манъ аст...».
Инчунин, баъзе меъёрҳои маҳдудкунанда дар м. 14-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз 12-уми майи соли 2007, таҳти №258 [9,]. м. 4-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» аз 13-уми ноябри соли 1998, таҳти № 680 [10,]. ва як қатор қонунҳои соҳавии дигар пешбинӣ карда шудаанд, ки дар доираи онҳо самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба идеологияи ифротгарои динӣ-мазҳабӣ низ муайян шудаанд.
Бо мақсади пешгирӣ намудани ангезаҳои маҳалгароӣ, динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ ва миллатгароӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - КҶ ҶТ) кирдорҳои хусусияти экстремистидошта мамнуъ эълон гардида, дар моддаҳои мухталифи он аломатҳои таркибӣ ва андозаву намудҳои ҷазо барои чунин ҷиноятҳо муайян гардидаанд.
Аз ҷумла, дар диспозитсияи моддаи 3072 КҶ ҶТ (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) ба ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, моддаҳои 157 (Монеъ шудан ба фаъолияти ташкилоти динӣ), 158 (Монеъ шудан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ), 160 (Вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, роҳпаймоӣ ва пикетгузорӣ), 188 (Бетартибиҳои оммавӣ), 189 (Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)), 237 (Авбошӣ), 2371 (Вандализм), 242 (Несту нобуд кардани ёдгориҳои таърих ва фарҳанг), 243 (Таҳқири ҷасади фавтидагон ва гӯри онҳо), марбут дониста шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки моддаҳои 307 КҶ ҶТ (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон); 3071 КҶ ҶТ (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ)); 3072 КҶ ҶТ (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)); 3073 КҶ ҶТ (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)); 3074 КҶ ҶТ (Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта) низ маҳз бо мақсади пешгирӣ намудани ифротгароии динӣ-мазҳабӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои дар боло зикргардида, ба ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта моддаҳои 157, 158, 160, 188, 189, 237, 2371, 242, 243, 307, 3071, 3072, 3073, 3074 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мансуб донистан лозим аст.
Бояд зикр намуд, ки барои паҳн намудани маводи экстремистӣ (китобу маҷалла, наворҳои видеоӣ ва аудиоӣ, варақаву дискҳо ва ғ.) дар моддаи 374 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - КҲМ ҶТ) ва барои барангехтани кинаву адовати иҷтимоӣ, миллӣ, динӣ, нажодӣ дар 4621 КҲМ ҶТ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.
Аз ин лиҳоз, ба андешаи мо ташкилоти экстремистӣ, ташкилоте мебошад, ки фаъолияти он барои содир кардани як ва ё якчанд ҷиноятҳои хусусияти экстремистидоштаи дар моддаҳои 157, 158, 160, 188, 189, 237, 2371, 242, 243, 307, 3071, 3072, 3073, 3074 КҶ ҶТ пебинишуда ва ё содир намудани дигар кирдорҳои хусусияти экстремистидоштаи дар Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда (масалан, моддаи 374, 4621 КҲМ ҶТ ва ғ.) равона мебошад ва фаъолияти он барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9 марти соли 2024 зикр намуданд, ки тибқи таҳлилҳои коршиносон дур рафтан аз аслу моҳияти дин, дарк накардани арзишҳои инсонпарваронаи он асоси зиёдаравӣ ва баъзан ба хурофоту ифрот дода шудани шаҳрвандон гардида, дар давраи аз соли 2020 то соли 2023 дар кишвар 680 ҳолати ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифтани 5000 нафар таълимгиранда ошкор карда шуд ва дар 10 соли охир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 1320 ҷинояти монеъ шудани волидайн ба гирифтани таҳсилоти миёнаи асосии фарзандон ошкор гардидааст. Аз соли 2010 то моҳи марти соли 2024 зиёда аз 4000 нафар шахсони дар хориҷи кишвар ба таълимоти ғайрирасмии динӣ машғулбуда ба Ватан баргардонида шуданд. Инчунин, дар се соли охир тақрибан 400 нафар шаҳрвандони кишвар ва соли 2023-юм 104 нафар, яъне 29 оила, ки аз занон, наврасон ва тифлони хурдсол иборат буданд, аз Сурия ва Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд.
10 соли охир (аз соли 2014 то моҳи марти соли 2024) дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва сӯиқасд ба он ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва сӯиқасд ба он пешгирӣ гардидааст.
Бояд зикр кард, ки аксари шахсони ба «Давлати исломӣ» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ шомилшуда пайравони таълимоти «Салафия» буда, намояндагони ин равияи иртиҷоӣ ба мазҳаби ҳанафӣ ва асосгузори он Имом Абӯҳанифа ва дигар мутафаккирони миллати форсу тоҷик назари манфӣ ва ба исмоилия, ки мазҳаби таърихии як қисми аҳолии бумии кишвар мебошад, муносибати хеле хусуматомез доранд.
Бешак, маърифати ҳуқуқӣ аз хондану мутолеа кардани китобу маҷалла, таълиму тарбияи манфиатпазир дар муассисаҳои таълимӣ маншаъ гирифта, дарки воқеии талаботи Конститутсия ва қонунҳо танҳо дар доираи ҷаҳонбинии комил имконпазир мегардад. Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар зери парафшонии нурҳои офтобӣ ва ҳавои мусаффо барои рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти иқтисод, фарҳанг, маориф, амният ва дигар соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.
Дар ҳақиқат, танҳо бо воситаи ҳуқуқ, ки таҷассумгари иродаи халқи шарифи Тоҷикистон дар ба танзим даровардани муносибатҳои муҳимми ҷамъиятӣ мебошад, барои ноил шудан ба ҳадафҳои асосӣ дар роҳи саодат ва хушбахтии миллат имконпазир аст. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 идомаи шоҳкориҳои онҳо дар роҳи ноил шудан ба ормонҳои миллӣ мебошад.
Дар воқеъ яке аз омилҳои муҳимми рушди босуръати ҷомеа, давлат ва аҳолии он таҳкими пояҳои ҷомеаи озоду муташаккили шаҳрвандӣ, давлати ҳуқуқбунёд, ташаккули муносибати эҳтиромона ба қонун, волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, масъулияти байниҳамдигарии шахс ва давлат мебошад. Бояд иброз намуд, ки эҳтиром ба қонун ва ҳуқуқи инсон натиҷаи сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқӣ мебошад. Сатҳи нокифояи маърифати ҳуқуқӣ ва паст будани шуури ҳуқуқӣ, паҳншавии нигилизми ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ монеаи татбиқи принсипи волоияти қонун ва дигар арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд мегардад.
Амроҷонзода Муҳаммад Додихудо – курсанти гурӯҳи 202 факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон