Тадбирҳои Пешвои миллат оид ба мавқеи Зан - Модар дар ҷомеа
“Мо – фарзандон бояд кӯшиш кунем, ки ба қадри модари мушфиқ, ранҷу машаққат ва ғамхориҳои ӯ расем, то метавонем хизматашро ба ҷо оварем ва дуои некашро гирем. Зеро модар мавҷуди муқаддастарин ва азизатарину бебаҳотарин барои инсон ва сазовору арзандаи ҳама гуна парастиш, дӯстдорӣ ва ғамхорӣ мебошад...
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Модар! Дар умқи ин мафҳум манбаи меҳру муҳаббат, мазҳари хушгуфторию хушрафторӣ, ифодаи бузургию муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст.
Модар - қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ буда, зиндагӣ аз ӯ ибтидо мегирад. Зан - модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар як миллату давлат, ҷомеаи мутамаддин буда, сатҳи хираду маърифат, дониш, камолоту пешрафт, гузашта, имрӯз ва ояндаи ҷомеаро инъикос менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишқу самимияти хешро нисбат ба модар чунин иброз доштаанд: “Модар ба истилоҳ вожае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкорона дорад ва ҳар қадаре ки муҳаббати инсоният ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон мегардад. Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст ва ӯ ситораи дурахшонест, ки бо нерӯмандии атокардаи Худои мутаол роҳи фарзандро дар тӯли зиндагӣ равшан месозад”.
Ҳарчанд ҳар лаҳзаи ҳаёт мо мадюни меҳру садоқати беназири Модар ҳастем, ин рӯзро қариб дар тамоми дунё ба хотири арҷ гузоштан ба номи воло, меҳру муҳаббати бепоён ва беғарази модар қайд мекунанд, то ки фарзандон рисолати хешро назди модар дарк кунанд, зеро дар меҳвари ин номи бузургу ҳуҷаста ҷаҳон мечархад ва пойбарҷост!
Меҳри беҳамтои Модар ба мисли хуршед аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад.
Модар қалбе дорад, ки ҳама гуна эҳсосотро дар худ ҷой дода метавонад: муҳаббат, меҳр, ранҷиш, бахшиш, интизорӣ, ҳимоят, ноумедӣ, умедворӣ ва дигар эҳсосотҳои аз ин ҳам гаронтар.
Канори Модар барои фарзанд биҳишт асту оғуш намудани фарзанд барои Модар ягона ғамбарор аст. Модар тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳад, то ҷигарбандаш фирӯзу хушбахт бошад. Модар пас аз ба дунё овардани фарзанд, ҳастии хешро фаромуш месозаду фақат баҳри пораи ҷони аз тан ҷудо, яъне фарзандаш зиндагонӣ менамояд. Хушбахтии хешро Модар фақат ва фақат дар чеҳраи хандони ҷигарбандон мебинад. Модар ба ин бузурги сазовори тамоми хушбахтиҳо, озодӣ ва зиндагии олист.
Таърих гувоҳ аст, ки замоне Модар аз ҳама хушбахтию озодиҳо маҳрум буд. Касе аз Модар дифоъ карада наметавонист, вале оҳиста-оҳиста шуури инсон бузургии Модарро дарк намуд, ва худро назди ҷасорати Модар азизу нотавон шумурд. Қайд кардан бисёр бо маврид аст, ки нахуст Зан - модаре, ки матонату ҷасоратии худро ба оламиён муаррифӣ намуд.
Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – дар самти баргузории барномаҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа барои занон ва бонувони тоҷик дастгирии беандоза намудааст.
Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои кишвар қавитар гардид. Аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 таҳти рақами №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва дар асоси ҳамин Фармон аз 1 марти соли 2005, таҳти №89 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробарии амали гардонидани онҳо» ба тавсиб расиданд. Имрӯз аз ҳисоби занону духтарон кормандони тахуссуси олӣ хеле зиёд ба чашм мерасад, ки дар сохтор ва соҳаҳои гуногуни кишвар кору фаъолият мекунанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 6-уми марти соли 2009 8-уми март «Рӯзи Модар» эълон гардид. Ин як падидаи тозае дар ҳаёти бонувони кишвар буд. Бонувон низ дар навбати худ аз ин иқдом ва ташаббусҳои Сарвари давлат пуштибонӣ намуда ҷавобан дар пешрафти кишвар ва суботу осоиштагӣ маҳорату донишҳои худро истифода мебаранд.
Ин ва чанд санадҳои ҳуқуқии дигар¸ барои пешрафт ва рушд намудани фаъолияти бонувони кишвар имрӯз амали шуда истодааст. То имрӯз дастовардҳои зиёде аз ҷониби бонувони кишвар ба чашм мерасад, ки ин ҳама аз шарофати Истиқлолият аст.
Воқеан, имрӯз зани тоҷик дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ рисолати нигаҳдории фарҳанг, забон, урфу одат ва анъанаҳо, рисолати ҳифзкунандаи муқаддасоти оила ва тарбияи фарзанд ва рисолати ходими фаъоли ҷамъиятию давлатиро адо намуда истодааст.
Бонувони тоҷик дар соҳаҳои гуногун дар қатори мардон содиқона ва оқилонаву ҷасурона фаъолият карда истодааст.
Шоири тоҷик Ниҳонӣ мефармояд:
Модар, ту ба ман ҳарфи авал омухтӣ,
Бо алла маро шеъру ғазал омухтӣ.
Ширинии меҳр сари гавҳораи ноз,
Бо шири бадан фазлу масал омухтӣ.
Ман тифлаки ноз будам, эй синаи раҳм,
Шавқат ба дилам ҳадди ақал омухтӣ.
Ҳар як сухану лафзи ту дорад лаззат,
Шаҳду шакару қанду асал омухтӣ.
Аз файзи дуову ҳикматат осоям,
Ишқи ватанам ту дар бағал омухтӣ...
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э. - кормандони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон







































































































































































