Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАЪСИРИ НООРОМИ БА ҲУҚУҚИ ЗАНОНУ МОДАРОН ДАР ГУЗАШТАИ ТАЪРИХ ВА ЗАМОНИ МУОСИР

2571Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони кишвар соли 1997-ум иброз дошта буданд: “Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан-модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”.
Вақте, ки аз ягон кишвари ҷаҳон ҷангу нооромӣ оғоз мегардад нахустин тири ҷанг ба дили модарон мезанад. Зеро эҳсоси гарм ва поки модарон фаротар аз дигар эҳсосоти ҷаҳон аст.
Мо аз саҳифаҳои таърихи хеш хуб медонем, ки дар давраҳои гуногун занону модарон дар қатори мардон ба муқобили аҷнабиён муборизаи беамон бурда, дар таъмини озодиву истиқлолият ва оромиву суботи сарзамини аҷдодӣ саҳми арзишманд гузоштаанд. Маҳз ба ҳамин хотир барои мо мафҳумҳои Модар ва Ватан ҳаммаъно ва бисёр азизу муқаддас мебошанд.
Пештар аз ин ҳам дар ҷомеаи ибтидоӣ занон на танҳо вазифаи модариро иҷро менамуданд, балки ҷамъоварандагони хӯрок, нигоҳдорандагони оила ва ҳатто роҳбарони қабилаҳо буданд. Дар бисёр фарҳангҳо модар ҳамчун рамзи ҳосилхези ҳаёт парастиш мешуд. Сипас, дар Мисри қадим, модарон эҳтироми зиёд доштанд, ва маликаи Миср Нефертити ҳамчун яке аз шоҳбонуҳои қавитарин шинохта шудааст. Дар Юнони қадим, гарчанде ки нақши модар муҳим буд, занон асосан дар муҳити хонаводагӣ маҳдуд мешуданд.
Дар фарҳанги мардуми орёитабор зан ҳамчун муқаддас шинохта мешуд. Дар тамаддуни Ҳинд модар ҳамчун худои ҳосилхез парастиш мешуд. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, модарон мисли Рудоба ва Таҳмина нақши муҳимми тарбиявӣ ва бо сиёсат буданд. Образи зан-модар, бо эҳтиром ва бузургдошти зиёд тасвир гардидааст
Дар асрҳои миёна нақши занон дар ҷомеа маҳдудтар буд, махсусан дар Аврупо, ки фарҳанги феодалӣ ва динӣ зиёд бартарӣ дошт. Занон аксар вақт дар корҳои хона ва тарбияи фарзандон машғул буданд. Нақши модарон асосан дар тарбияи фарзандон маҳдуд буд, гарчанде ки баъзе занони шоҳон, масалан, Елизавета I тавонист қудрат ва иродаи худро дар давлатсозӣ нишон диҳад.
Дар дунёи ҷаҳонисозӣ ва таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ занон дар рӯ ба рӯи бузургтарин таҳдидҳои рӯҳиву равонӣ қарор доранд. Тибқи баррасиҳои СММ ҳоло нисфи аз аҳолии ҷаҳонро занон ташкил менамоянд, ки аз онҳо ба унвони қудрати бузург ва сармояи ҳаётбахш истифода мешавад. Аммо нобаробари нисбат ба занон дар гӯшаву канори мухталифи ҷаҳон ба назар мерасад. Ҳангоме, ки ба таърихи таҳаввул ва ҳаракати озодихоҳии занон дар ҷаҳон нигоҳ меафканем ба мо аён мегардад, ки ҳамеша дар марҳилаҳои гуногуни таърих занон дар рӯ ба рӯи мушкилот ва дар зери ҳадафҳои бесубот, ҷанг, хушунат ва бераҳми буданд. Ҳамеша бо расидани сини балоғат таҳдидҳои тозае дар муқобили занон бархоста мешудааст. Масалан, бузургтарин таҷовуз нисбати занон дар таърихи башарият соли 1944, яъне дар Ҷанги дуюми ҷаҳон сурат гирифта аст, ки дар он зиёда аз 2 миллион зан ва духтар азобҳои руҳию равонӣ кашидаанд.
Донишмандон кураи Африқоро қораи ғаму ғӯссаҳо мегӯянд. Ин сарзамин ҳамеша дар рӯ ба рӯи мушкилоти ҳамзистиву иҷтимои қарор дорад. Аммо имрузҳо омӯзишҳо ва оморҳои расмие, ки созмонҳои умуми башарӣ барраси намудаанд шоҳди ахбори ғамангез аст. Зеро, ки дар ин кишварҳо пеш аз ҳама духтарону занон ба қазияҳои сангин мувоҷеҳ мебошанд. Чуноне, ки созмони ЮНИСЕФ барраси намудааст бештари зӯровариҳои ҷинсиву таҷовуз алайҳи занон ва духтарони ноболиғ дар кишварҳои Африқо сурат мегиранд. Масалан тибқи таҳлилҳои коршиносони созмони ҳуқуқи инсонӣ СММ дар заду хурдҳои дохилие, ки дар кишварҳои Либия, Эфиопия, Сомалӣ, Мавритания, Танзания, Нигерия, Тунис, Алҷазоир, Ҷумҳурии Арабии Миср, Судони Ҷанубиву Шимолӣ баъд аз соли 2010 то соли 2018-ум иттифоқ афтодааст, садҳо ҳазор занону духтарон ва модарони синну соли гуногун дар шароити сангини ноамниву бесуботӣ, муҳоҷиру паноҳҷӯӣ ва дар ба дар гардида, гуруснагиву танҳоӣ онҳоро аз ҳуқуқу озодиҳои фардиву ҷамъиятӣ маҳрум карда, бахше аз онҳо ба ҳалокат расида ва бахши зиёдашон худро ба тариқи Баҳри Миёназамин ба унвони муҳоҷир ва паноҳҷӯи ғайриқонунӣ ба ҷазираҳои Юнон ва хоки Аврупо расонидаанд. Ҳоло 60-70 дарсад духтарон дар кишварҳои Африқои таҳсили ибтидоиро ба поён нарасонида аз мактабу мадорис раҳо мешаванд. Зеро фақру бенавоӣ ҷомеаҳои африқоиро азият дода истодааст. Аз сӯи дигар хушунат ва заду хурдҳои қавмиву қабилавӣ сабаби муҳоҷирати ҳазорон занону духтарон шудааст. Кам рӯзҳое ҳастанд, ки ин занон мавриди азитяту хушунат қарор нагиранд.Дар кишварҳои пешрафтаи саноативу иқтисодӣ аз қабили ШМА, Федератсия Россия, Британия Кабир, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Фаронса, Испания ва ғайра бештари занон дар рӯ ба рӯи хушунатҳои физикӣ ва озори ҷинсӣ умр ба сар мебаранд. Баробари кишварҳои ҷангзада дар кишварҳои пешрафта низ бахши зиёде аз занон дар ранҷу азобанд.
Ҳамарӯза занон дар ин ё он кишвари дунё мавриди тавҳин, таҳдид, хушунат, қочоқ, таҷовуз, зӯроварӣ, хиёнат, бенавоӣ, фирор аз ҷанг муҳоҷират ва паноҳҷӯӣ қарор доранд. Таҳдидҳои ногувори асри 21-ум озодиву ҳаққи зиндагиро дар бисёре аз занон гирифта аст ва наметавонанд барои ҳалли мушкилоташон ба ягон қонун ва додгоҳ паноҳ бубаранд. Муҳаққиқони соҳаи ҳуқуқи инсон бар он назаранд, ки хушунатҳои физикӣ, равонӣ, зӯроварӣ ҳама ҷамъоҷамъ бисёре аз оилаҳоро гиребонгир кардааст. Оморҳои СММ нишон медиҳанд, ки ҳамарӯза даҳҳо нафар аз занон бо латӯ куби шарики зиндагӣ ва ё шавҳари собиқашон ба ҳалокат расонида мешаванд. Бо дар назардошти чунин масоили доғи ҷаҳон имрӯзҳо дар бисёре аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо иштироки донишмандон ва фаъолони ҷомеа вохуриҳои зиёди омӯзиши ба роҳ монда шудааст, то хушунатҳои хиёбониву оилавӣ дар ин кишварҳо поён ёбад. Ин масоил низ дар донишгоҳҳои пизишкиву парастории бисёре аз давлатҳои Аврупоӣ ба роҳ монда шудааст то занон аз ҳуқуқу озодиҳои воқеии худ дар канор намонанд. Таҳлилгарон бар он назаранд, ки пур аҳамияттарину созандатарин роҳи ҳалли чунин қазияҳои иҷтимоӣ ва муқобила алайҳи он ин пеш аз ҳама иттилоъ расонӣ ва огоҳ намудани мардону занон ба хусус насли ҷавон нисбат ба озору азияти хонаводагист. Мутассифона бисёре аз қурбониёни хушунат ҳатто аз қурбонӣ будани худашон ҳам огоҳ нестанд. Имрӯҳо шароит нишон медиҳад, ки ягона орзуҳои занони ҷаҳони имрӯз адолату озодӣ нисбат ба онҳо мебошад. Дар шароити муосир, ки ҷомеа бо тағйироти босуръати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ шудаанд, масъалаи мақоми иҷтимоии зан ва модар аҳаммияти нав пайдо мекунад. Ҷаҳонишавӣ, тағйири сохтори оила, муҳоҷират ва равандҳои шаҳрнишинӣ ба анъанаҳои тарбиявӣ таъсир мерасонанд. Дар чунин шароит баррасии илмии мақоми модар ҳамчун омили асосии ташаккули ҷомеа зарур аст.Имрузҳо бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи баробарии зану мард ва ҳифзи ҳуқуқҳои занон танҳо як мавзӯи иҷтимоӣ нест, балки яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ башумор меравад. Даллат дар солҳои охир як қатор барномаҳо ва санадҳои муҳимро қабул кардааст, ки ҳадафи онҳо беҳтар намудани мақоми зан дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқҳои модарон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди оила мебошад.
Хулоса, зан – модар дар таърих ҳамеша ҳамчун нигаҳбони ҳаёт, тарбиятгари инсон ва асоси ҷомеа шинохта шудааст. Ҳарчанд нақши модар дар давраҳои гуногун тағйир ёфтааст, вале эҳтиром ва бузургии модар то имрӯз боқӣ мондааст.
Роҳбари ҷамъияти илмии курсантон
“Давлатшиносони ҷавон”-и кафедраи
фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
майори милитсия Фахридинзода Ҳ.С.

Азои ҷамъияти илмии курсантон
“Давлатшиносони ҷавон”
курсанти курси 3-юм гуруҳи таълими 310
милитсияи қаторӣ Амроҷонзода Д.Д.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...