БАЪЗЕ ХУСУСИЯТҲОИ ПУХТАНИ СУМАНАК ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗИ ВИЛОЯТИ БАДАХШОНИ ТОҶИКИСТОН
Наврӯз қадимтарин ва фархундатарин ҷашн дар рӯйи олам аст. Он паёмрасони эҳёи табиат, мубаллиғи беҳтарин арзишҳову ғояҳои инсонӣ, пайвандгари дӯстию бародарӣ, ваҳдату ягонагии инсону табиат, оғози корҳои кишоварзию боғдорӣ ва монанди инҳо мебошад.
Наврӯз аз бузургтарин ҷашнҳои мардумони эронитабор, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад, ки дар навоҳию деҳоти Тоҷикистон бо рангорангӣ ва хусусиятҳои хоси худ то ба имрӯз расидааст. Дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ки бо табиату иқлим, маҳсулоти кишоварзию боғдорӣ, фарҳангу адабиёт, ҳунару санъат ва дигар хусусиятҳояш пешгом аст, ойинҳои наврӯзии он низ аз дигар минтақаҳои то андозае тафовут дорад. Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшони Тоҷикистон аз даврони пеш бо тантанаву шукӯҳу шавкат барпо мегашт ва мардуми ин диёр онро ба ҳайси ҷашни миллию суннатӣ, таҷлили фарорасии баҳори нозанин, баробаршавии шабу рӯз, оғози кори кишоварзону боғдорон ва чорподорон, яъне ҳамчун иди воқеии табиату ҳаёт мешинохтанд ва арҷ мегузоштанд.
Воқеан, Наврӯз ҷашни пайванди инсону табиат ба шумор меравад ва ин падида дар мисоли якчанд расму одатҳои иҷтимоӣ, боварҳо ва ойинҳо таҷассум ёфтааст. Дар гузаштаи начандон дур, дар айёми Наврӯз мардум ҷашни баҳорро берун аз шаҳру деҳа, дар муҳити табиат, дар боғу чаманҳо, лаби чашмаву рӯдхонаҳо таҷлил мекарданд. Дар ҳар ноҳияву минтақа сайргоҳҳои махсус бо номҳои “сайрҷо”, “идҷо”, ”идгоҳ” мавҷуд буданд, ки мардум сайрҳоро дар он ҷойҳо мегузаронданд.
Роҷеъ ба шинохти Наврӯз, таърихи пайдоиш, одобу русум, ҷашнгирии он дар замонҳои пешин, шеваи таҷлили он дар ин ё он маҳал, ҷанбаҳои нуҷумию фарҳангӣ ва иҷтимоию фалсафии он рисолаву мақолаҳои зиёде ба табъ расидаанд. Аммо ҳанӯз ҳам масъалаву муаммоҳои зиёде марбут ба Наврӯз боқӣ мондаанд, ки муҳаққиқони тоҷикро зарур аст, ки минбаъд ба ин раванди кор таваҷҷуҳ кунанд.
Мо низ тасмим гирифтем, ки дар хусуси суманак ва тарзи омода намудани он дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба хонандаи азиз чанд маълумоте диҳем. Суманак як навъи ҳалвои анъанавии мардуми тоҷик буда, маъмулан дар арафаи ҷашни Наврӯз пухта мешавад ва сабзаи онро ҳамчун рамзи баҳор дар ороиши дастархони ҷашну маросимҳои наврӯзӣ васеъ истифода мебаранд. Аз қадимулайём халқи тоҷик аз рӯйи бовару эътиқод чи гуна омадани солро дар фасли баҳор муайян мекарданд. Масалан, дар зарфҳо намудҳои гуногуни гандумро месабзониданд. Аз рӯйи сабзиши ҳар навъи ғалладона маълум мекарданд, ки ҳосили имсола чи гуна мешавад. Гандум низ аз оилаи ғалладонагиҳо буда, ҳамасола барои донистани ҳосилнокии он сол дар зарф онро месабзонанд. Тайёр намудани суманак аз сабзаи гандум маҳз аз ҳамин гуна анъанаҳо сарчашма гирифтааст. Дар ҳама манотиқи кишварамон ин ҳалвои миллиро омода намуда, дар дастурхони Наврӯзӣ мегузоранд.
Занҳои тоҷик дар гузашта пеш аз раванди суманакпазӣ нахуст чароғ ё нӯкча фурӯзон карда, гирди дег мегардониданд ва ба арвоҳи гузаштагону руҳи пири пухтагар дуо мехонданд.
Дар фасли баҳор, махсусан, дар ҷашни Наврӯз, яке аз ҳалвоҳои мавсимии мардуми тоҷик суманак омода карда мешавад. Он яке аз рамзҳои ин ҷашни аҷдодӣ ба шумор меравад. Суманак навъе аз ҳалвои наврӯзӣ аст, ки аз шираи сабзаи гандум бо иловаи орду равған пухта мешавад.
Дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшони Тоҷикистон низ, мисли дигар шаҳру навоҳии кишвар, анъанаи суманакпазиро бо тамоми хусусиятҳояш риоя мекунанд. Аслан, сабзаи суманакро аввалҳои моҳи март пеш аз оғози ҷашни Наврӯз месабзонанд, зеро он хосси фасли баҳор аст ва дар фаслҳои дигар суманак намепазанд. Дар байни тоҷикон дар тӯли садсолаҳо навъҳои гуногуни суманак – атолагӣ, ҳалвоӣ, дегӣ, бирёнӣ, танӯрӣ ё кулча-суманак ва суманаки чанголӣ мавҷуданд.
Дар байни мардуми ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшони Тоҷикистон ривояте ҳаст, ки майсаи суманакро занҳои солхӯрдаи бадавлат, дорои оилаи солим, яъне соҳиби фарзанду наберагони зиёд бояд шинонад ва тайёр кунад ва ҳар шахс пеш аз истеъмоли ҳалвои суманак, зери лаб орзуву омоли хешро, ки дар замири дил дорад ифода кунад.
Дар вақти хобонидани суманак ба донаи гандум аҳамияти махсус медиҳанд, то ин ки сабза шираи хуб диҳад. Як коса гандуми сурхро шуста, дар зарфи обдор ба муҳлати 3 рӯз нигоҳ дошта, дар як рӯз ду бор обашро иваз мекунанд то ин ки напӯсад, баъди дам карда неши сафед пайдо кардани гандум онро дар табақҳои алюминӣ ва ё сафолин гирифта, ба андозаи баландияш 2 ё 3 сантиметр тунук менамоянд ва дар ҷойе, ки намӣ дорад нигоҳ дошта, дар як рӯз то 3 маротиба об мепошанд. Дар ҳавоҳои боронӣ онро зери борон мегузоранд, то он даме ки гандум сабзад, ҷараёни сабзидани гандум тақрибан 4 - 5 рӯз давом мекунад. Дар минтақаи Бадахшони Тоҷикистон, бахусус дар ноҳияи Дарвоз ду навъи ҳалвои суманак: атолагӣ ва кулчагӣ маъмул аст.
Маросими суманакпазӣ бо иштироки занони рӯзгордидаву намоёни деҳа ё маҳалла бо шукӯҳи хосса, бо рақсу бозӣ ва суруду таронахонӣ аз шом то субҳ идома меёбад, ин анъана то ба ҳол бо шеваҳои дилнишин доир мегардад. Мояи ифтихор аст, ки модарони тоҷики дарвозӣ расму оини гузаштагонро ба гӯшаи фаромушӣ насупорида, баръакс бо иштиёқу фараҳмандӣ, бо пӯшидани либосҳои миллии чакану атлас ва пухтани хӯрокҳои лазизи тоҷикӣ онро идома медиҳанд ва ба ин ҷашн шукӯҳу шаҳомати хотирмон зам мекунанд.
Дар пухтани суманак якчанд нафар бонувон ҷамъ шуда, сабзаро ба қисмҳо ҷудо намуда онро дар уғурак (асбоб барои кӯфтани ғалладонагиҳо) андохта мекӯбанд. Дар вақти кӯфтани суманак ба он кам-кам об мепошанд, то ин ки шираи гандум зудтар ҷудо гардад. Баъди кӯфта шудан шираи суманакро аз сабза ҷабида бо элак ва ё дока меполанд. Аз шираи он суманаки атолагӣ ва кулчагӣ мекунад.
Аввал суманаки кулчагиро омода мекунанд. Дар табақ шираи суманакро гирифта, дар он каме шакар ва равған меандозанд ва бо орди осиёбӣ хамир мешӯранд. Хамири шӯридашуда бояд мисли хамири нони чаппотӣ на сахт ва на суст бошад. Баъди омода шудани хамир дар танӯр оташ мегиронанд, баъди тасфидани танӯр лахчаи оташро ба як тараф ғун карда, хамир суманакро кулчашакл намуда, дар табақи алюминии гардолудашуда мемонанд. Дар дохили танӯр якчанд хишт ё санг монда, табақи суманакро болои он мегузоранд. Баъд аз ин амалро анҷом додан даҳони танӯрро маҳкам мепӯшонанд, то ки ҳаво надарояд ва ба муддати 3 соат нигоҳ медоранд. Чун суманаки кулчагӣ мепазад, буяш ба машом мерасад. Баъд бонувон суманакро аз танӯр берун оварда, дар гармогармиаш чанголӣ омода менамояд.
Суманаки кулчагиро бо равғани маскаи гов дар ҳолати гармиаш ҳамроҳ намуда, мисли фатирмаска бо қошуқи чӯбин дар табақи чӯбин лат мезананд, то ки омезиш ёбад. Чанголӣ таоми миллии тоҷикон буда, онро аз қадим мардуми тоҷик, махсусан сокинони кӯҳистон ва чорводорон тайёр мекунанд. Дар фасли баҳор хусусияти шифобахшии чанголӣ бештар мешудааст. Модару бибиҳои мо ривоят мекунанд, ки агар суманак аз шираи гандум бошад ва дар танӯр пухта бо равғани маскаи гов ҳамроҳ карда шавад, миҷозаш гарм шуда, ба хунукии рӯдаву меъда даво мебахшад.
Бонувон то баромадани фасли баҳор чанд маротиба суманак мепазанд. Чунончи ишора шуд, суманакпазӣ бо иштироки занону духтарон сурат мегирад. Дар рафти пухтани суманак занон мардон, занҳои ҳомила, бефарзанд ва шахсони азодорро ба гирди дег наздикшавӣ намемонанд ва дар хонаи азодорон суманак намепухтанд.
Мувофиқи иттилои занони солхӯрдаи ноҳияи Дарвоз, дар хонаводаҳое, ки ягон шахси наздикашон аз дунё гузаштаасту азодоранд, суманак мондан мамнӯъ аст. Ба гуфтаи бонувон гӯё, суманаке, ки дар он оила месабзад, ранги сурх мегирад ва хосияти хуб надорад. Вақте ки дигарон суманак мепазанд, онро пеш аз ҳама, ба хонаҳое, ки аъзодоранд мефиристанд, то ин ки бо умеди хушҳолӣ ва рӯзу моҳу соли нав ғам аз хонадонашон дур гардад.
Дар ноҳияи Дарвоз низ суманаки атолагиро тақрибан 12 соат дар деги калон бо ҳамроҳ кардани каме шакар, равған ва якчанд коса орд ба шираи суманак мепазанд, то пухта шуданаш дегро ба навбат мекобанд, то он ба дег начаспад. Оташи ин навъи суманакро муътадил нигоҳ медоранд ва бонувон ба дег сангча ё чормағз партофта, орзуву нияти дар дил доштаашонро мегӯянд. Ғайр аз ин дар гирди деги суманак аз аввали шом то субҳ занону духтарон доира навохта, рақсу бозӣ, шеъру суруд ва таронахонӣ мекунанд.
Яке аз хусусиятҳои аз шаб то субҳ пухтани суманакро занони пиронсол чунин шарҳ медиҳанд, ки гӯё шабонгаҳ малоикаҳои осмонӣ ба замин фуруд меоянд ва ба деги суманак назар менамоянд. Аз ҳамин сабаб шабонгаҳ то субҳ суманак мепазанд. Вақте ки субҳ дамида рӯз шуд, суманаки тайёрро ягон зани солхӯрдаи серфарзанду соҳиби шавҳар дуои хайр дода, нахуст дегро бо кафгир мекобад, баъдан духтароне, ки ба синни балоғат расидаанд, бо навбат дегро то охираш бо кафгир як маротиба кофта суманаки нахустро мебардоранд. Агар дар кафгири кадомашон чормағз афтад, ҳамон сол ба шавҳар мебарояд. Ҳамин тавр, то ёфт шудани 7 чормағз дегкобии духтарон давом мекунад. Ҳар шахсе, ки хоҳиши чашидани суманакро кунад, бонувон ба ӯ суманак медиҳанд. Суманакро дар дастархони ҳафт син низ мегузоранд, то ҳама чашанд.
Ҳамин тариқ, суманак рамзи асосии Наврӯз буда, дар ноҳияи Дарвоз мисли дигар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фасли баҳору ҷашни Наврӯз дар шакли ҳалвоӣ, кулчагӣ ва ғайра бо тарзҳои гуногун пухта мешавад.
Файзалӣ ҚОСИМОВ,
Зикрулло САИДЗОДА,
Ҳусниддин ХОЛМУҲАММАДЗОДА
кормандони Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон







































































































































































