Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст..
Биё Наврӯз. Наврӯзро хурду калон ҳорисонаю бетоқатона интизорӣ мекашанд, хусусан дар Тоҷикистони азизамон, ки барҳақ ҳамчун Ватани Наврӯз пазируфта шудааст. Ва чуноне ки шоири ширинкалом Муҳаммад Ғоиб мефармояд:
То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.
Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.
Наврӯз воқеъан иди инсонҳою табиат аст. Бо омад омади Наврӯз қалбҳои мо, ки дар сардиҳои зимистон танг гашта буд, якбора кушода мешавад, ғаму андуҳҳо аз дилҳо мераванд ва касро фараҳу шодӣ фаро мегирад. Ба гуфти шоир «мурғи дили» одамон аз «қафаси танг» мебарояд, ҷумла мурғони чаман ба парвоз меоянд.
Олами наботот зинда мешаванд, замин қабои сабз ба бар мекунад кӯҳу домон ҳама гулпуш мегардад. Шодию фараҳи кудаконро ҳадду канор нест. Духтаракон куртаҳои рангоранг ба бар карда, шодию хурсандӣ карда ба домани куҳу даман ба қоқучинӣ мебароянд. Боиси шодмонист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми ҷаҳони касб кард. Акнун он бо ҷиллои тоза дар ҳар деҳаю гушаву канори мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати тоза таҷлил карда мешавад.Наврӯз аз қадимулайём иди бобои деҳқон ҳам маҳсуб меёфт. Бо фарорасии Наврӯз деҳқонон ба замин донаи умед кишт мекунанд, то ки арзонию фаровонӣ шавад. Яке аз суннатҳои наврӯзӣ аз дил баровардани кинаву қудурат, аз гуноҳи якдигар гузаштану якдигарро бахшидан аст.Биё Наврӯз, ки дер боз интизорат будам. Биё Баҳор ба тани сардам гармӣ ва ба дили тангу фишурдаам фараҳу шодӣ бубахш. Биё баҳори нозанин замину замонро бедор кун, ба қалбҳо нармиву муҳаббатро ато намо, кинаҳоро аз дил зудуда гардон. Биё Баҳор аз нав шавқу шури зиндагиро ба туғён биёр. Биё Баҳори нави зиндагӣ, биё.
Муҳандис иқтисодчии шуъбаи молияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия Бобоҷонзода З.М.







































































































































































