Тоҷикистон ватани Наврӯз аст...
«Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрӯз расидааст»
Эмомалӣ Раҳмон
Гузашти айём ҳокӣ аз он аст, ки Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлолият шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо карда, ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърих, фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, барои эҳёи арзишҳои миллӣ пайваста талош менамояд. Дар ин давра мардуми куҳанбунёди тоҷик тавонист ҷашнҳои муқаддаси миллии худро – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро, ки тӯли асрҳо ҳифз гардидаанд, эҳё намуда, онҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Ин ҷашнҳо арзишҳое чун сулҳ, оштӣ ва ҳамбастагиро тақвият бахшида, дӯстӣ миёни қавму миллатҳои гуногунро таҳким мебахшанд.
Дар эҳё ва пайдо намудани ҷойгоҳи баланди давлатӣ ва байналмилалии ҷашни Наврӯз хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург мебошад. Маҳз бо ташаббуси ин шахсияти шинохтаи сиёсию фарҳангӣ ҷашни бостонии Наврӯз на танҳо дар сатҳи давлатию байналмилалӣ, балки дар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ботантана ва ба таври расмӣ таҷлил карда мешавад, ки шинохту дарки моҳияту муҳиммияти он амиқтар мегардад. Тавассути ҳамин ташаббусҳо 30 сентябри соли 2009 Наврӯз ҳамчун мероси пурғановати фарҳанги ғайримоддии башарият аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳрасти мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ворид гардид. Ҳамчунин, 18 феврали соли 2010 Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз»-ро ба тасвиб расонид. Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мегардад. Инчунин, ҷашни Наврӯз бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии умумиҷаҳонии созмони ЮНЕСКО, ки аз 28 ноябр то 2 декабри соли 2016 дар Ҷаласаи ёздаҳуми байнидавлатии ЮНЕСКО доир ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор шуд, расман сабт гардид. Аз ин хотир, бо байналмилалӣ шудани ҷашни Наврӯз мардуми сайёра, ин ҷашнро, ки ному ниҳод ва аслу насаби тахту бахташ– тоҷикӣ мебошад, дар саросари олам бо номи тоҷикии Наврӯз ҷашн мегиранд. Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз меҳру муҳаббат, садоқат ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ, давлатӣ, ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум, дурнамои нек, кору пайкор ва самимиятро дар дили ҳар фард ба таври доимӣ маскун менамояд.
Доир ба таърихи пайдоиш ва баргузории ҷашни куҳанбунёди Наврӯз дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти фаровон зикр гардидааст. Аз ҷумла, дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар осори бузургони мо маълумоти мустақим ва пурмазмун оварда шудааст. Аксари сарчашмаҳои таърихӣ ба он далолат мекунанд, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён, дар замони ҳукмронии Шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Масалан, Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия» менависад, ки чун Ҷамшед барои худ тахт сохт ва дар ин рӯз бар он нишаст, мардум аз дидани он дар ҳайрат монда, ҳамон рӯзро ид гирифтанд.Бояд зикр намуд, ки тибқи маълумоти осори Абурайҳони Берунӣ, мардуми он давра Наврӯзро бо покиза гардондани муҳит, оростану пиростани хонаҳо ва тозагии зоҳиру ботин истиқбол менамуданд. Аз нигоҳи ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон лаҳза соли нави хуршедӣ фаро мерасад.Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат ва айёми баробаршавии шабу рӯз мебошад. Ба ибораи дигар, тамоми мавҷудоти зинда дар ин айём дубора эҳё мегарданд.
Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд,
Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.
Гузашта аз ин, Наврӯзи оламафрӯз рӯзгори инсонро пайваста поку тоза ва сабзу хуррам нигоҳ медорад. Воқеан, Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ ва бародарӣ, нерӯбахши сулҳу оштӣ ва зудояндаи кинаву адоват шинохта шудааст. Дар таърихи фарҳанги мардуми мо ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳан нест.
Наврӯз ифодагари арзишҳои миллӣ ва суннатҳои қадимаи тоҷикон буда, баёнгари покии тану рӯҳ, озодагӣ, наҷобати пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек, инчунин покиву назофати муҳити зист ва сиҳатии инсон мебошад. Ин ҷашни бузург дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамбастагии аҳли башар саҳми арзанда мегузорад.
Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Даври гул-гулфикани Наврӯз аст,
То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.
Нурзода Шомаҳмад Нур – муовини сардори факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия
Раҳмонӣ Илҳоми Искандарбекзод - муаллим-методисти калони қисми таълимии факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия







































































































































































