Тоҷикистон дар масири Истиқлолият: назари ҳуқуқӣ - сиёсӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки “ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзӣ ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортару пур масъулият аст”.
Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад. Тоҷикистон давоми 35 соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард.
Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад ва дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро дорост.Таҳаввулоти ҷаҳони муосир, моҳияти омӯзиши амиқи таърихи халқи тоҷикро барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тақозо менамояд.
24 августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ Эъломия қабул намуд. Дар моддаи аввали Эъломия омадааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад». Хавфи барҳамхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, махсусан аз охири соли 1990 бештар намоён шуд, ки ин дар навбати худ тарафдоронашро низ ба ташвиш гузошт.
Бояд қайд кард, ки Эъломия чун ҳуҷҷати муҳим барои ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми арзанда гузошт, вале бо тағйир ёфтани вазъият дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ зарурат барои такмили Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омад. Хусусан ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 тақозо мекард, ки баҳри ба даст овардани истиқлолияти комил б а Эъломияи соли 1990 тағйироту иловаҳо дохил карда шавад.Дар ин бора Изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (9 сентябри соли 1991) шаҳодат медиҳад. Дар асоси изҳороти қабулшуда Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор "Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро қабул намуд.
9 сентябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи гайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҷамъ омад.
Ин Иҷлосия дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳуҷҷатҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла: «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ду қарори махсусро қабул карда, дар асоси қонуни қабул кардааш ба Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе тагйироту иловаҳо ворид намуд.Аз чумла, дар Изҳорот тағйиротҳои дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба амал омадаро ба назар гирифта, «бо назардоштн ҳуқуқи халқҳо ба худмуайянкунӣ ва бо дарки масъулияти сарнавишти халқҳои сокини Тоҷикистон» таъкид гардидааст: «Шурои Олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад». Ии изҳорот аз хусуси дар заминаи собиқ яке аз ҷумҳуриҳои Шуравӣ бунёд гардидани давлати нави соҳибистиқлоли ҷаҳонӣ буд. Дар натиҷа дар харитаи ҷаҳонӣ боз як давлати нави мустақил бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуд.
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ иттифоқӣ, ки дар замони шӯравӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ бо ҳам хеле пайваст буданд, ба хубӣ эҳсос менамуданд, ки якбора кандани ин риштаҳо барояшон оқибатҳои бадро меовард. Аз тарафи дигар, равиши ҷаҳони муосир худ аз хусуси бо ҳам наздикшавии давлатҳо ва халқҳо далолат медод. Бинобар ҳамин ҳам дар он Изҳорот инчунин таъкид шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқиро «оиди аз нав барқарор намудани муносибатҳои байни ҳамдигарӣ эҳтиром намуда, бастани Шартнома дар бораи Иттиҳоди давлатҳои соҳибихтиёр...» ро дастгирӣ менамояд. Изҳорот сиёсати оянда мустақилонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта, таъкид менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд дар муносибатҳои байналхалқӣ «ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ» баромад мекунад. Яъне, аз ин нуқта бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бо тамоми давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ сиёсати хориҷиашро худаш муайян намуда, онро мустақилона ташкил менамояд.Яъне, дар Изҳороти қабул гардида, аз як тараф Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон карда, минбаъд, дар ташкил ва гузаронидани сиёсати хориҷӣ соҳибистиқлол будани онро таъкид намуда, инчунин аз тарафи дигар нигоҳ доштани фазои ягонаи иқтисодии байни собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқиро зарур шуморида, «тарафдори ташкили системаи мудофиаи коллективӣ ва амнияти давлатҳои Иттиҳоди соҳибихтиёр...» будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро хотиррасон намудааст.
Мувофиқи Қарори аввалаи оид ба истиқлолияти ҷумҳурӣ қабул кардаи иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Дар Эъломия, аз моддаи 4 уми он калимаҳои «ғайр аз масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти иттифоқи РСС дода мешаванд», хориҷ карда шуд.
Амсоли ин боз дигар масъалаҳое, ки ба Иттифоқ дахл дошт, ихтисор гардид. Дар матни Эъломия ибораҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва РСС Тоҷикистон бо ибораи Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шуд. Бо ҳамин матни он Эъломияи аввалро ки ба ҳолати истиқлолият дар доираи Иттифоқ дахл дошт. Ба талаботи истиқлолияти ҳакиқии давлатӣ мутобиқ гардонида шуд.
Мувофиқи қарори дигар, матни Изҳороти Шурои Олиро дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста, «бо максади хифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳуқуқҳои конститутсионӣ, озодии шаҳрвандон ва бутунии сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи мақсад дониста, рӯзи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон, яъне 9 сентябри соли 1991 -ро иди миллӣ ва рӯзи истироҳат эълон намуданд. Ягона қонуни қабул кардаи иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олӣ ба Конститутсияи амалкунандаи ҷумҳурӣ дахл дошт. Зеро, эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати фаврии тағйироту иловаҳоро ба ин қонуни асосӣ ба миён оварда буд. Вагарна, баъзе моддаҳои Конститутсияи амалкунанда бо моҳияти истиқлолияти давлатии эълон кардашуда мувофиқат намекард. Қабул кардани Конститутсияи нав бошад вақтро талаб мекард. То қабул гардидани он, бояд Конститутсияи амалкунанда, бо тағйироту иловаҳо фаъолият мекард. Аз ҷумла, ин иҷлосия ба қонуни асосии ҷумҳурӣ чунин тағйиротҳоро ворид намуд: моддаи 1 уми Конститутсия бо таҳрири зайл қабул гардид: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад». Ё худ дар моддаи 28 мақсад боз ҳам равшантар акс ёфтааст. Чунончӣ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳукуқи байналмилалӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар алоқаҳо барқарор намуда, бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналмилалӣ мебандад».
Инчунин, мувофиқи таҳрири нав дар моддаи 31 таъкид карда мешавад, ки «ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт шаҳрванди Иттиҳоди давлатҳои соҳибихтиёр мебошанд».
Аҳамияти таърихии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид. Албатта, барои бавуҷудоии чунин давлати соҳибистиқлол, сараввал ҷумҳурии мухторӣ, баъд ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистон чун заминае ба ҳисоб мераванд.Тоҷикон гарчанде то замони Шуравӣ, ба монанди давлатҳои Сомониён, Ғуриён, Куртҳои Ҳирот, Сарбадорони Сабзавор ва ғайраҳо давлатҳои соҳибистиқлоли худро доштанд, вале онҳо аслан давлатҳои авлодӣ сулолавӣ буданд, ҳеҷ гоҳ Тоҷикистон ном надоштанд. Дар замони Шуравӣ ҳам дар доираи Иттиҳод мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чандон маълум набуд. Инак, баъди 9 сентябри соли 1991 дар харитаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун давлати соҳибистиқлол акс гардид.
Дигар давлатҳои ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол эьтироф намуданд. Минбаъд намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машваратҳои байналмилалӣ ҳамчун фиристодаи давлати соҳибистиқлол муаррифӣ мегарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 - юми марти соли 1992 аъзои комил ҳуқуки Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) гардид. Бинобар ин бунёди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои тоҷикон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Бо эълони истиқлолият, чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад,«Орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт. Ин истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърихи буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯза мебошад». Бо назардошти ҳамаи ин аҳамияти таърихии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нуқтаҳои зерин мебинем:
1. Дар натиҷа, дар миқёси ҷаҳон давлати нав бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омад;
2. Ҳангоми вохӯриҳо ва ҷамъомадҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии
Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол муаррифӣ мегардад;
3. Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян менамояд;
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ мустақилона сиёсати худро муайян менамояд;
5. Ҳангоми муайян намудани сиёсати дохилиаш озодона дин ва урфу одатҳои мардуми худро ба инобат мегирад .
Аммо баъзе гуруҳои алоҳида аз рӯзҳои аввал ба қадри ин «ҳадяи бебаҳои таърих» нарасиданд ва барои мустаҳкамию пешравии он накӯшиданд. Дар натиҷа соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидо ба мушкилиҳои сахттарин дучор шуд. Мушкилтарин ва фоҷеаноктарини онҳо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.
Ба қадри истиқлолият, озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан,сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва ҳифзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад
Амрудинзода Муҳридин Амрудин, - сардори факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковники милитсия







































































































































































