НАШРИ «ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ» ГАРОНБАҲОТАРИН ДАСТОВАРДИ АКАДЕМИЯ ВА ВКД ҶТ ДАР СОЛИ 2022 МЕБОШАД!
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ, мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз ҳодисаҳои талхи таърихии солҳои 90-уми асри XX, имрӯз ба як ниҳоди пуриқтидор табдил ёфтааст. Дар ин ҷода, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик 10-уми ноябри соли 2018 иброз намуда буданд, ки: «Кормандони милитсияи тоҷик дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри сипаришуда вазифаҳои ба уҳдаи онҳо гузошташударо бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд».
Мақомоти корҳои дохилӣ таърихи бою рангин ва ибратомӯз дорад, ки дар асарҳои муътамади олимони дохилу хориҷи кишвар, аз қабили С. Айнӣ, Г.А. Арандаренко, Э.Б. Буризода, Б. Ғафуров, А. Дониш, А. Имомёрбеков, А.А. Қаҳҳоров, В.И. Липский, В.И. Логофет, М.А. Маев, Р.С. Мулукаев, Н.Ҷ. Назарзода, Ҳ.П. Пирумшоев, Р.Ҳ. Раҳимзода, А.Ш. Розиқзода, З.А. Саидзода, А.А. Семенов, К.Ҳ. Солиев, А.Е. Снесарев, Ф.Р. Шарифзода ва дигарон ба таври возеҳ инъикос гардидааст.
Энсиклопедияи мақомоти корҳои дохилӣ, ки бо пешниҳод ва роҳбарии Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз ҷониби гурӯҳи олимони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Он ҷабҳаҳои гуногуни кору пайкори мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар худ таҷассум намуда, барои дар хотираи таърих маҳфуз нигоҳ доштани симои таърихӣ ва корнамоиҳои ҷовидонаи кормандони ин ниҳод пешбинӣ гардидааст.
Энсиклопедияи мақомоти корҳои дохилӣ дар пояи принсипҳои энсиклопедияҳои Ватанӣ, пеш аз ҳама Энсиклопедияи Миллӣ, Энсиклопедияи Советии тоҷик, инчунин дар асоси омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи қомуснигорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳия гардида, барои истифодаи хонандагони сершумор, пажӯҳишгарони соҳа ва дар маҷмӯъ, тамоми сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешавад.
Ҳангоми таҳияи Энсиклопедияи мазкур, ҳайати таҳиягарон аз сарчашмаҳои муътамад, алалхусус Фарҳанги забони тоҷикӣ (Ҷ. I-II Москва, 1969), Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (Ҷ. I-II Душанбе, 2008), Энсиклопедияи Советии тоҷик (Ҷ. I-VIII Душанбе, 1978-1988), Энсиклопедияи Миллии Тоҷик (Ҷ. I-VIII Душанбе, 2011-2012), Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқӣ (Душанбе: ЭР-граф, 2009) ва дигар адабиёти илмӣ ба таври васеъ истифода намуда, барои ҳарчи беҳтар ва хубтар гардидани он саъю кӯшиш намудаанд.
Мақолаҳо характери илмӣ, публитсистӣ ва иттилоотӣ дошта, дорои маълумоти назаррас оид ба фаъолияти имрӯза ва гузаштаи мақомоти корҳои дохилӣ мебошанд. Дар Энсиклопедия бештар таваҷҷӯҳ ба мафҳумҳои асосие, ки дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ истифода мегарданд равона гардида, дар он маълумот оид ба собиқ вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон, генералҳо ва олимони мақомоти корҳои дохилӣ гирд оварда шудаанд. Инчунин, бо мақсади гиромидошти хотираи неки кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, як қисми Энсиклопедия бахшида шудааст. Дар рӯйхат метавонанд баъзе аз кормандон зикр нагардида бошанд, зеро чунин иттилооти зиёд бори аввал дар системаи автоматиконидашуда ҷамъоварӣ карда шудааст.
Қисми мақолаҳои Энсиклопедияи мақомоти корҳои дохилӣ бо расмҳо ҷойгир шудаанд. Муаллифон барои инъикоси масъалаҳои матраҳшаванда дар маҷмӯъ 543 расмҳоро истифода бурдаанд, ки 340-тои онҳо шахсиятҳои таърихӣ, хизматнишондода буда, аксҳои 203 биноҳои таърихӣ, рамзу нишонҳо, ордену медалҳо, рутбаҳо, силоҳҳо, ҳолатҳои инъикоси амалҳои мушаххас ва ғайра ба таваҷҷуҳи хонанда пешниҳод гаштааст.
Энсиклопедия ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, олимон, шунавандагон, курсантони муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ ва доираи васеи хонандагоне, ки ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳ доранд, тавсия мешавад.
Мақолаҳо дар Энсиклопедия ба тартиби алифбо ҷойгир шудаанд. Дар Энсиклопедия калимаю ибораҳои ихтисоршуда истифода шудаанд, ки дар охири китоб шарҳу тафсири онҳо оварда шудааст.
Ҳайати таҳиякунандагон ба ҳамаи онҳое, ки дар омодасозии Энсиклопедияи мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуда, маслиҳатҳои судманд додаанд, изҳори ташаккур менамояд. Азбаски нашри чунин китоб таҷрибаи нахустин аст, он аз баъзе камбудиҳо ва норасоиҳо низ орӣ нахоҳад буд.
Аз хонандагони муҳтарам хоҳишмандем, ки ҳама қайду таклифҳои худро барои дар оянда мукаммал намудани мавод, ба суроғаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: ш. Душанбе, кӯчаи М. Мастонгулов-3 ирсол намоянд.
Китоби бузургҳаҷми «Энсиклопедияи мақомоти корҳои дохилӣ » зери назари
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳури Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз чоп баромадааст.
Сармуҳаррири китоб Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ мебошад.
Ҳайати таҳиягарони китоб: Шарифзода Ф.Р., д.и.ҳ., дотсент; Зоир Ҷ.М., д.и.ҳ., профессор; Розиқзода А.Ш., д.и.т., профессор; Буризода Э.Б., д.и.ҳ., профессор; Назарзода Н.Ҷ., д.и.ҳ., профессор; Азимзода Н.Б., д.и.ҳ., профессор; Солиев К.Ҳ., н.и.ҳ., дотсент; Раҷабзода Р.М., д.и.ҳ., дотсент; Умари Х.А., Насуриён П.А., н.и.ҳ.; Саидзода З.А., н.и.ҳ., дотсент; Ализода А.Ш., н.и.ҳ.; Ғафуров М.Ҳ., н.и.т., дотсент; Нарзуллоев С.А., н.и.т., дотсент; Ҷӯраев Р.З., н.и.ф.; Хокироев Р.Г., н.и.ф., дотсент; Саидолим К.С., н.и.ф., дотсент; Хайруллоев Ф.С., н.и.ҳ.; Мансурзода А.М., н.и.ҳ., дотсент; Самиев Н.М., н.и.ҳ., дотсент Юсуфзода А.Ҳ.; Раҳмадҷонзода Р.Р., н.и.ҳ., дотсент; Сафарзода Ҳ.С., н.и.ҳ., дотсент; Амрудинзода М.А., н.и.ҳ.; Одиназода А.Ш., н.и.ҳ., дотсент; Нозирӣ Н.А., н.и.ҳ.; Абдурашидзода А.А., н.и.ҳ.; Муҳаммад С.А., н.и.с., дотсент; Давлатшозода А.Ш., н.и.п., дотсент; Заробидинзода С.З., н.и.ҳ.; Арипов А.Л., н.и.ҳ.; Нуралиев С.Ш., н.и.ҳ.; Ҳусейнзода С.Ҳ., н.и.ҳ.; Қосимов Ф.М., н.и.ҳ.; Рустамзода А.Қ., н.и.ҳ.; Ҳайдарзода З.П., н.и.ҳ.; Ғафурӣ М.С., н.и.ҳ.; Ҳоҷибобо З.М., н.и.ҳ.; Вализода Н.Д., н.и.ҳ.; Каримзода У.К., н.и.ҳ.; Абдулло А.Р., н.и.ҳ.; Ҳайдарзода М.П., н.и.ҳ.; Азимӣ У.А., н.и.ҳ.; Тоҳирӣ М.Т., н.и.ф.; Гадозода М.Д., н.и.ф., Бухоризода Б.Р., н.и.ҳ.; Саидзода С.С.; Нуруллозода М.Н.; Муҳаммадзода Н.Б.; Абдулаҳадзода А.А.; Мирзоев С.Қ.; Бойзода Ҷ.Ҷ.; Нуридинзода С.Н.; Самиъзода Б.С.; Нарзуллозода С.С.; Каримова Л.М. мебошанд.
Иштирокдорони таҳрир ва такмили кор: Мансурзода А.М., н.и.ҳ., дотсент; Каримзода У.К., н.и.ҳ.; Гадозода М.Д., н.и.ф.
Энсиклопедияи мақомоти корҳои дохилӣ. – Душанбе: «Эр-граф», 2021. – 786 с.
АҲСАН ба Шумо дӯстонам дар ин кори БУЗУРГ! То ба имрӯз ягон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар ва ҳатто донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ, ки тули чандин даҳсолаҳо фаъолият доранд, чунин ЭНСИКЛОПЕДИЯРО ба табъ нарасонидаанд!