Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъсисёбӣ ва фаъолияти факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ихтисоси «Ҳуқуқшиносӣ» ва тахассуси «Ҳуқуқшинос», тибқи Фармони Вазорати корҳои дохилӣ таҳти №548 бо замима аз 30 сентябри соли 2002 таъсис ёфтааст. Бинобар зарурати хизматӣ ба воҳидҳои штатии факултети №2Академия якчанд маротиба тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст. Айни замон воҳидҳои кории факултети №2 чунинанд: роҳбарияти факултет - сардор ва муовинони сардори факултет, қисми таълимии факултет – сардор, омӯзгор-методистӣ калон 1 нафар, омӯзгор-методист 2 нафар ва корманд мутахассис як нафар кору фаъолият доранд. 

532

Роҳбарии факултетро аз рӯзи аввали таъсисёбиаш (моҳи декабри соли 2003 то сентябри соли 2005), майори милитсия Отабоева Лола Ортуковна ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи сентябри соли 2005 то моҳи апрели соли 2007, полковники милитсия Хайров Маҳмадулло Хайрович ба вазифаи сардори факултети №2, таъин шуда кору фаъолият намудааст. Аз моҳи апрели соли 2007 то моҳи августи соли 2009, дотсент, полковники милитсия Ғафуров Миршафе Ҳамидович роҳбарии факултетро ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи августи соли 2009 бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия (аз 08.05.2010 полковники милитсия) Раҷабов Равшан Муҳитдинович то соли 2012 ба ҳайси сардори факултети №2 фаъолият кардааст.
Аз соли 2012 то 2014 роҳбарии факултети мазкурро н.и.ҳ., подполковники милится Шарифов Файзалӣ Рахмоналиевич (айни замон Шарифзода Ф.Р.) ба уҳда дошт. Аз моҳи апрели соли 2014 то моҳи апрели соли 2019 вазифаи сардори факултети №2-ро н.и.ҳ., полковник милитсия Алиев Алиҷон Шарифович (айни замон Ализода А.Ш.). Аз соли 2019 то инҷониб вазифаи мазкурро н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳаёт Сайдамир иҷро намуда истодааст.
Дар ҳайати факултети №2 кафедраҳои Фанҳои ҷамъиятӣ, Фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, Ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология, Мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистика, Ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ, Фанҳои ҳуқуқии гражданӣ, Забонҳо, Тайёрии ҳарбӣ ва омодагии ҷисмонӣ ва инчунин курсҳои воҳиди таълимӣ-низомӣ фаъолият менамоянд.
Самти асосии фаъолияти кории факултети №2 дар мадди аввал тайёр намудани мутаххасисони баландихтисос, соҳибмаърифат ва ҷавобгӯи талаботи замони муосир барои ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад.
Аз рӯзи таъсисёбии факултети №2 то охири соли таҳсили 2007- 2008 ба курсантон аз рӯи Нақшаи таълимии ягона раванди таълим ба роҳ монда шуда буд (яъне курсантони курси 2, баъди таҳсили 4 нимсолаи хониш ба самтҳои алоҳида тақсим намешудаанд). Аз аввали соли таҳсили 2008- 2009, бо ташаббуси бевоситаи сардори факултети ҳамонвақта, дотсент, полковники милитсия Ғафуров М.Ҳ., Нақшаи кори таълимии факултети №2 барои 3 самт «Тафтишот», «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» ва «Фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ» омода карда шуд. Асоси тақсимотро барои самт, ихтисосҳои дар боло зикршуда натиҷаи хониш, давомот ва интизоми таълимӣ-хизматии курсантон дар 4 нимсолаи таҳсилашон ташкил дода, курсантон аз аввали нимсолаи 5 таҳсил, яъне аз оғози курси 3 ба самтҳо (ихтисос) тақсим карда шуда таҳсилро давом медиҳанд.
Аз соли 2014 инҷониб бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим, мувофиқ гардонидани он ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва тақвият бахшидани суръатнокии фаъолияти омӯзгорону курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи таълимии балонӣ (системаи кредитӣ) гузашт.
Тибқи Нақшаи кории таълимии факултети №2, мӯҳлати таҳсил дар факултет 5 сол буда, барои курсантон дар бахшҳои Фанҳои умумигуманитарӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Фанҳои умумиматематикӣ ва илмҳои дақиқ, Фанҳои умумиихтисосӣ, Фанҳои тахассусӣ, Фанҳое, ки дар давраи ҷамъомади лагерӣ ва Фанҳои факултативӣ омӯзиши фанҳои зерин пешниҳод карда мешавад: Таърихи халқи тоҷик, Фалсафа, Забони тоҷикӣ, Забонӣ русӣ, Забонӣ хориҷӣ, Назарияи иқтисодӣ, Сиёсатшиносӣ, Сотсиология, Этикаи касбӣ, Фарҳангшиносӣ, Асосҳои демография, Низоъшиносӣ, Информатика, Консепсияи табиатшиносии муосир, Ҳуқуқи экологӣ ва аграрӣ, Мантиқ, Назарияи давлат ва ҳуқуқ, Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон, Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷа, Ҳуқуқи конститутсионии Тоҷикистон, Ҳуқуқи конститутсионии мамлакатҳои хориҷа, Ҳуқуқи маъмурӣ, Ҳуқуқи гражданӣ, Ҳуқуқи оилавӣ, Ҳуқуқи меҳнат, Ҳуқуқи ҷиноятӣ, Ҳуқуқи байналхалқӣ, Ҳуқуқи ислом, Низоми махфӣ, Системаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Психологияи касбӣ, Муқаддимаи ихтисос, Таъмини ҳуқуқи инсон дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, Мурофиаи гражданӣ, Тибби судӣ ва психиатрия, Таҳқиқи ибтидоӣ, Криминология ва пешгирии ҷиноятҳо, Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Таҷҳизоти махсуси мақомоти корҳои дохилӣ, Назорати прокурорӣ, Квалификатсияи ҷиноят, Тайёрии тактикаи махсус, Асосҳои идоракунӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, Тайёрии оташфишонӣ, Тайёрии ҷисмонӣ, Тайёрии ронандагӣ, Асосҳои бақайдгирии бухгалтерӣ ва ташхиси бухгалтерияи судӣ, Мудофиаи шаҳрвандӣ, Топографияи ҳарбӣ, Тайёрии низомӣ, Оинномаҳои ВКД ва қувваҳои мусаллаҳ, Тайёрии тиббӣ, Тактикаи умумӣ, Тайёрии оташфишонӣ, Тайёрии ҷисмонӣ ва ғ.
Аз ин лиҳоз, қайд кардан зарур аст, ки курсантони факултети № 2, мувофиқи Нақшаи кории таълимӣ, ки зиёда аз 70 52 фанни таълимиро ташкил медиҳад дар 5 соли таҳсил дарсҳои ҳатмӣ мебошад, аз ин 8 фанни таълимӣ дар давраи ҷамъомади саҳрои-таълимӣ ва 5 фанни таълимӣ пас аз дарсҳои ҳатмӣ дар машғулиятҳои факултативӣ мавриди омӯзиш қарор мегиранд.

533

Инчунин, мувофиқи Нақшаи кории таълимии факултети № 2, бо курсантони факултет, баъди анҷоми сессияи тобистона таҷрибаомӯзӣ дар шӯъбаи корҳои дохилии базавӣ ба мӯҳлати 4 ҳафта гузаронида мешавад, аз ҷумла:
1) курсантони курси 2 дар самти Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба сифати нозирони минтақавӣ;
3) курсантони курси 3 ва 4 аз рӯи самтҳои Ихтисос, мувофиқи гурӯҳҳои таълимӣ ҷалб мешаванд.
Бо курсантони курси 5 бошанд, баъди хатми пурраи машғулиятҳои назариявӣ дар нимсолаи 9 аз рӯи самтҳои «Тафтишот», «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ» ва «Фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ» машқҳои оперативӣ-тактикӣ гузаронида шуда, баъди анҷоми он ба шӯъбаи корҳои дохилии базавӣ ба мӯҳлати 10 ҳафта ба таҷрибаомӯзӣ фиристода мешаванд.
Имрӯзҳо дар факултети №2, тибқи воҳидҳои корӣ факултети № 2, 65 нафар ҳайати профессорону омӯзгорони доимӣ дар 8 кафедра, ки аз инҳо 10 нафар ба тариқи шартнома ва 12 нафари дигарашон ба тариқи соатбайъ, таҳти роҳбарии сардорони кафедраҳои унвони илмӣ дошта, 1355 нафар курсантон (аз онҳо 67 духтар), ки аз ин 807 нафар ба тариқи буҷавӣ ва 548 нафар ба тариқи шартномавиро ба таълиму тадрис фаро гирифтанд, аз ҷумла:
1). Кафедраи Фанҳои ҷамъиятӣ, таҳти роҳбарии номзади илмҳои фалсафа, полковники милитсия Ҷӯраев Раҷаббой Зуҳурович.
Кафедраи Фанҳои ҷамъиятӣ яке аз сохторҳои муҳими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Вазифаи асосии кафедра ташкил ва пешбурди корҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявӣ буда, масъули тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба шумор меравад.
Лозим ба ёдоварист, ки кафедраи Фанҳои ҷамъиятӣ ҳанӯз бо баробари таъсиси Мактаби миёнаи махсуси милитсияи Душанбегии ВКД ИҶШС (СССР) соли 1970 бо номи сикли Фанҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқӣ арзи ҳастӣ намуда буд. Сикли мазкур дар ибтидо на танҳо фанҳои ҷомеашиносӣ, балки ҳуқуқӣ ва фанҳои таълимиро аз забонҳои тоҷикӣ ва русӣ муттаҳид менамуд. Аввалин омӯзгороне, ки ба ҳайати сикли мазкур шомил буданду ҷараёни таълиму тарбияро аз фанҳои таълимии кафедра таъмин менамуданд, аз қабили Барсуков П.И., Строкова С.Я., Пономареко В.А., Бородин А.С., Борисов И.И., Иванов З.А., мебошанд.
Аз ибтидо дар сикли мазкур дар бахши фанҳои ҷомеашиносӣ фанҳои таълимии Таърихи КПСС (ҲКШС), Таърихи СССР (ИҶШС), Иқтисоди сиёсӣ ва Атеизми илмӣ дарс дода мешуданд. Аввалин иҷрокунандаи вазифа, сипас сардори сиклро Понаморенко Владимир Александрович ба ӯҳда дошт, ки тибқи фармони сардори Мактаби миёнаи махсуси милитсияи Душанбегии ВКД ИҶШС таҳти №160 аз 15.04.1971 таъин шуда то 06.04.1974 адои вазифа кардааст. Аз моҳи апрел то июни соли 1971 ба ҳайати сикли мазкур омӯзгорони нав аз қабили Романов Н.А., Леков Ю.Н. ва Кудрик А.Г. ба кору фаъолият оғоз намудаанд. Минбаъд бо зиёд гардидани гурӯҳҳои таълимӣ ва ба Нақшаи таълимӣ ворид гардидани фанҳои таълимию зиёд гардидани соатҳои дарсӣ доираи аъзоёни сикл аз ҳисоби омӯзгорони соатбайъ меафзуд.

Вазъияти мазкурро ба назар гирифта роҳбарияти онвақтаи муассиса ба қароре омаданд, ки ҳайати сикли мазкурро аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷриба пурра намуда ҷараёни таълиму тарбияро ҳамаҷониба таъмин намояд.
Ин буд, ки дар давоми солҳои 1974 - 1976 ба ҳайати кафедра ба сифати омӯзгорони доимӣ Шипилов Р.Р., Строков Г.А., Холова Н.А. ва Османова А.М., бошад ба сифати омӯзгори соатбайъ ба кор таъин гардиданд.
Тибқи фармони сардори Мактаби миёнаи махсуси Душанбегии милитсияи ВКД ИҶШС таҳти №200 аз 08.09.1974 Саидов А. иҷрокунандаи вазифа ва аз соли 1975 сардори сикли фанҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқиро ба ӯҳда дошт.
Бояд қайд намуд, ки аз соли 1975 сикли фанҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқӣ ба сикли мустақил, сикли фанҳои ҷомеашиносӣ табдил дода шуд ва аввалин сардори он Саидов Элмурод Саидович таъин гардида то моҳи феврали соли 1977 ин вазифаро ба ӯҳда дошт.
Бо роҳхати маъмурият ва кумитаи ҳизбии Донишкадаи тиббии Тоҷикистон ба номи А.ИСино аз 04.02.1977 барои кору фаъолият Абдуллоев Р.А. ба Мактаби миёнаи махсуси Душанбегии милитсияи ВКД ИҶШС фиристонида шуд.
Тибқи фармони сардори Мактаби миёнаи махсуси Душанбегии милитсияи ВКД ИҶШС, Абдуллоев Р.А. аз 01.02.1977 иҷрокунандаи вазифаи сардори сикл, сипас сардори сикл таъин гардида, то моҳи майи соли 1980 ин вазифаро ба ӯҳда дошт.
Абдуллоев Р.А. то соли 2002 дар ин боргоҳи касбу ҳунар дар вазифаҳои гуногун иҷрои вазифа намуда, дар ташаккули Мактаби миёнаи махсуси Душанбегии милитсия, Мактаби олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст. Абдуллоев Р.А. соли 1986 дар мавзӯи «Иштироки меҳнаткашони вилояти Ленинобод дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 рисолаи номзадиро барои дарёфти унвони номзади илмҳои таърих бомуваффақият дифоъ намуда, муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ, илми-методӣ, 2 монография, якчанд барномаи таълимӣ ва китоби дарсии «Рафтор ва одоби хизматии кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Абдуллоев Р.А. барои хизматҳои шоёни худ дар кори таълиму тарбияи мутахассисон барои МКД бо ордену медалҳо ва унвонҳои касбиву давлатӣ сарфароз гардидааст, ӯ ҳанӯз соли 1983 бо нишони Аълочии милитсияи ВКД ИҶШС ва соли 1999 бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» хизматҳои ӯ қадр карда шудаанд.
Бо мақсади тарбияи мутахассисони болаёқат барои фаъолият дар самтҳои гуногуни МКД, алалхусус дар бахши мубориза ба муқобили ҷиноятҳои иқтисодӣ, дуздиву тороҷ намудани моликияти ҷамъиятӣ аз ибтидои солҳои 80 асри ХХ зарурате пеш омад, ки соатҳои таълимии фанни «Назарияи иқтисодӣ» зиёд карда шаванд.
527

Ин боиси он гардид, ки ба ҳайати сикли мазкур мутахассисони касбӣ ва дигар омӯзгорони ботаҷриба аз дигар мактабҳои олии ҷумҳурӣ ба монанди Исмоилов У.Н., Раҳматов И.Р., Ёқубов М.Х., Тен Т.В., Овчаренко А.И., Иброҳимов И., Махнюк О.В., барои кору фаъолият ҷалб гардиданд.
Тибқи фармони сардори Мактаби миёнаи махсуси Душанбегии милитсияи ВКД ИҶШС, таҳти №122 аз 21.05.1980 Зикриёев Улмас Ҷӯраевич, майори милитсия роҳбарии сикли фанҳои ҷомеашиносиро ба ӯҳда дошт. Бояд қайд намуд, ки дар тӯли ин солҳо бо сабабҳои гуногун: беморӣ, нафақа, иваз намудани ҷои истиқомат, барои идомаи фаъолияти минбаъда дар корҳои амалӣ, чанде аз омӯзгорони сикл аз қабили Барсуков П.Н., Строкова С.А., Пономаренко В.А., Арифов М.Ю., Блохин А.В., Боронов И.И. ва дигарон аз кор рафтаанд.
Роҳбарии сикли фанҳои ҷомеашиносиро аз моҳи июни соли 1984 то июли соли 1986 Ёқубов Мукамил Холович ба ӯҳда дошт.
Бояд қайд намуд, ки аз моҳи июли соли 1986 сикли фанҳои ҷамъиятӣ ба сикли иҷтимоӣ - иқтисодӣ номгӯзорӣ карда шуда, сарварии онро аз соли 1986 то соли 1988, майори милитсия Холова Надежда Антоновна ба ӯҳда дошт.
Лозим ба ёдоварист, ки то ибтидои солҳои 90 асри ХХ ба ҳайати сикли фанҳои ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ иқтисодӣ фанҳои забоншиносӣ низ шомил буданд. Бо ворид гардидани қӯшунҳои маҳдуди ИҶШС ба кишвари Афғонистон зарурати тайёр намудани мутахассисони касбии донандаи забони дарӣ - тоҷикӣ ба миён омад, ки дар доираи сикли мазкур «Бюрои тарҷумонии ВКД ИҶШС» таъсис дода шуда, сарварии онро, тибқи фармони сардори Мактаби миёнаи махсуси Душанбегии милитсияи ВКД ИҶШС, таҳти №174 аз 04.12.1988 омӯзгори сикл Миров С.М. ба ӯҳда гирифт.
Аз моҳи августи соли 1988 то соли 1990 вазифаи сардори сиклро аз нав Абдуллоев Р.А. ва аз соли 1990 вазифаи сардори сиклро то охири соли 1991 Нарулин В.С. ба ӯҳда дошт.
Таҳаввулоти солҳои 90 асри ХХ боиси пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани собиқ ҷумҳуриҳои он гардид, ки аз ин дигаргуниҳо Тоҷикистон низ дар канор намонд. Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ гузаронидани тағйироти куллиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, аз ҷумла дар сохтори ВКД ва муассисаҳои таълимии он ба миён гузошт. Зиёда аз ин масъалаи омода намудани мутахассисони касбии маҳаллӣ барои ҷузъу томҳои ВКД - ҳимоятгарони ҳуқуқу озодӣ, ҳайёти осоиштаи мардум ва дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ба яке аз масъалаи муҳими рӯз мубаддал гардид.
Тибқи қарори Кабинети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №372 аз 23 декабри соли 1992 Мактаби Олии Душанбегии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Бо таъсиси Мактаби Олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ташкилии он сикли фанҳои ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ - иқтисодӣ ба сикли Фанҳои ҷамъиятӣ номгузорӣ карда шуда, аз соли 1992 то соли 1993 сарварии онро аз нав Абдуллоев Р.А. ба ӯҳда дошт.
Аз моҳи январи соли 1993 бо сабаби ба Нақшаи таълимӣ ворид гардидани фанҳои нави таълимӣ сикли фанҳои ҷамъиятӣ ба кафедраи сиёсатшиносӣ, фалсафа ва фанҳои иқтисодӣ номгузорӣ карда шуда, сарварии онро, номзади илмҳои таърих, майори хизмати дохила Абдуллов А.М. ба ӯҳда дошт.
Лозим ба ёдоварист, ки давроне, ки Абдулов А.М. сарварии кафедраро ба ӯҳда гирифт, дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ идома дошту сафҳои мақомот ва муассисаҳои таълимии онро, аз ҷумла Мактаби Олии ВКД бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ қисми зиёди кормандон тарк намуда буданд. Дар ин вақт дар кафедра чор омӯзгор Абдулов А.М., Абдуллоев Р.А., Воҳидов У.В., Зикриёев У.Ҷ. ба ивази 9 воҳиди корӣ фаъолият менамуданд. Сарвари кафедра Абдулов А.М., ки шахси кордону ташкилотчӣ ва олими нуқтасанҷ буд, тавонист бо заҳмати зиёд дар кӯтоҳтарин мӯҳлат ба ин боргоҳи касбу ҳунар мутахассисон омӯзгорони ботаҷрибаро аз дигар мактабҳои олии ҷумҳурӣ даъват намуда, ҳайати кафедраро пурра намояд. Чунин кӯшишу заҳматҳо буд, ки аз моҳи январи соли 1993 то моҳи ноябри соли 1993 ба ҳайати кафедра омӯзгорони ботаҷриба аз қабили Розиқзода А.Ш., Назаров Н.Ҷ., Ҷӯраев Р.З. ва Шарипов С.А. даъват гардида ба фаъолият оғоз намуданд. Аз ибтидои соли 1994 кафедра аз ҷиҳати мутахассисон пурра гардид, ки ҳайати онро 1 доктори илмҳои иқтисодӣ Воҳидов У.В., чор номзадони илмҳои таърих Розиқзода А.Ш., Абдулов А.М., Назаров Н.Ҷ. ва Абдуллоев Р.А., ташкил медод, ки ҷараёни таълимро бо савияи баланди илмиву методӣ таъмин менамуданд.
Тибқи фармони сардори Мактаби Олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №197 аз 21.09.94 кафедраи сиёсаатшиносӣ, фалсафа ва фанҳои иқтисодӣ ба кафедраи Фанҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ номгузорӣ карда шуд. Дар тӯли солҳои 1995-1997 ба ҳайати кафедра омӯзгорони ҷавон Асламов Б.С. ва Шоев Б.П. қабул карда шудаанд.
Бо мақсади самараноки ва таъмини ҷараёни босуботи таълим аз ибтидои соли 1995 ба кафедра синфхонаҳои таълимӣ ҷудо карда шуд ва ба ҳайати воҳиди кории он вазифаи сардори синфхонаи таълимӣ ворид карда шуд, ки ин вазифаро аз ҳамон давра шахсони зерин ба ӯҳда доштанд: Буриев Б.Х., лейтенанти калони милитсия (1995-1997), Абдуллоев У.И., старшинаи милитсия (1997-1999), Боев Ҷ.Ҷ., лейтенанти калони милитсия (1999-2002), Холиқов Ҳ.М., лейтенанти милитсия (2002-2004) ва Абудллоева С.Р., лейтенанти калони милитсия аз соли 2005 то инҷониб.
Минбаъд фаъолияти кафедраро шахсони зерин роҳбари намудаанд, аз ҷумла: Абдуллоев Р.А., номзади илмҳои таърих (1997-1999), Ализода Б.П., номзади илмҳои филология, иҷрокунандаи вазифаи сардори кафедра, лейтенанти калони милитсия (1999-2000), Розиқзода А.Ш., доктори илмҳои таърих, полковники милитсия (2000-2005), Абдулов А.М., номзади илмҳои таърих, полковники милитсия (2005-2007).
Аз соли 2007 то инҷониб кафедраро Ҷӯраев Р.З., номзади илмҳои фалсафа, полковники милитсия роҳбарӣ мекунад.
Дар рушду такомули кафедра, дар тули фаъолияти он, кормандон ва омӯзгорони зерин ба монанди: номзади илмҳои таърих, Абдуллоев Р.А., доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Воҳидов У.В., доктори илмҳои фалсафа, профессор Сайфуллоев Н.М., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Назаров Н.Ҷ, доктори илмҳои таърих Розиқзода А.Ш., номзади илмҳои таърих Абдулов А.М., номзади илмҳои филология Ализода Б.П. ва омӯзгорони ботаҷриба ба монанди: Шоев Б.П., Боев Ҷ.Ҷ. ва дигарон саҳми арзанда гузоштаанд.
Кафедра аз он ифтихор дорад, ки дастпарварони он имрӯз олимони варзидаи ҷумҳурӣ буда, дар вазифаҳои баланди роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз қабили: Розиқзода А.Ш., доктори илмҳои таърих, ки имрӯзҳо Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарвари менамоянд, Назаров Н.Ҷ., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулов А.М., номзади илмҳои таърих, сардори факулети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ализода Б.П., мудири кафедраи Фанҳои гуманитарии Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият доранд.
Имрӯз воҳиди штатии кафедра аз нӯҳ нафар иборат мебошад, ки шахсони зерин сардори кафедра - Ҷӯраев Р.З., номзади илмҳои фалсафа, полковники милитсия, Ализода Б.П., - иҷрокунандаи вазифаи профессори кафедра, номзади илмҳои филологӣ, дотсент (0.5-баст), Боев Ҷ.Ҷ. - муаллими калони кафедра, унвонҷӯ, подполковники милитсия, Самиҳов Б.С. - омӯзгори кафедра, унвонҷӯ, лейтенанти калони милитсия, Сафаров М.М. - омӯзгори кафедра, лейтенанти милитсия, Садриддинов С. - омӯзгори кафедра (ҳамкор), Абдуллоева С. - сардори синфхонаи таълимии кафедра, лейтенанти калони милитсия, Олимова Б. – корманд мутахассиси кафедра кору фаъолият мекунанд.
Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра кӯшишиу ғайрати худро барои пешбурди корҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва тарбиявӣ равона намуда масъули тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои ҷузъу томҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз ҷониби омӯзгорони кафедра дастурҳои методӣ, барномаҳои таълимӣ омода шудаанд, ки дар ҷараёни таълиму тарбия дар Академияи ВКД ва дигар мактабҳои олии ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Кафедра дар миқёси Академия ва дигар ҷузъу томҳои ВКД пайваста конференсияву мизҳои мудаввар ва дарсҳои хизматию вохӯриҳоро созмон медиҳад.
Кафедраи Фанҳои ҷамъиятӣ раванди таълиму тарбияро дар факултетҳои №№2, 3 ва 5 Академия аз рӯи 10 фанҳои таълимӣ ба монанди: Таърихи халқи тоҷик, Фарҳангшиносӣ, Асосҳои демография, Фалсафа, Назарияи иқтисодӣ, Мантиқ, Сотсиология, Ахлоқи касбӣ ва корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар МКД, Низоъшиносӣ ва Сиёсатшиносӣ таъмин менамояд.
Мавзӯи илмӣ-тадқиқотии кафедра барои солҳои 2011-2015 Фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таърих, назария ва амалияи муосир мебошад.
528

2). Кафедраи Фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, таҳти роҳбарии номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Одинаев Абдуғафор Шерович.
Кафедраи Фанҳои давлатӣ - ҳуқуқии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 таъсис ёфтааст. Он дар заминаи сикли фанҳои ҳуқуқӣ, ки соли 1970 таъсис дода шуда, ки ба сохтори Мактаби махсуси миёнаи милитсияи Душанбегии Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ дохил мешуд, ба вуҷуд омадааст. Дар сикли мазкур, муддати солҳои 1970 - 1992 дар кори таълимиву тарбиявӣ ва тайёр намудани муттахасисон барои мақомоти корҳои дохилӣ кормандони зерин саҳми арзандаи хешро гузоштаанд, ба монанди: Ахмедов Т.Н., Барсуков П.И., Безпалов Е.И., Бородин А.К., Газарян Л.В., Евдокимов В.П., Ермолаев А.А., Иванова З.А., Кайданова Е.Д., Кленаш Н.С., Красюков О.В., Кудрик А.Г., Лебесков В.К., Леков Ю.Н., Можейко С.В., Надеин С.В., Нищук А.С., Нуриева О.П., Рахмонов В.Р., Романова Н.А., Сериков Б.К., Строков С.Я., Ходжиматов Р.М., Шарипов К., Шипилова Р.Р., Щеглова Л.А. ва дигарон.
Роҳбарии сикли фанҳои ҳуқуқиро дар солҳои гуногун шахсони зерин ба ӯҳда доштанд: Пономаренко Владимир Александрович (1970 - 1975), Борисов Иван Иванович (1975-1987), Морозов Вадим Михайлович (1987-1988), Ящкин Михаил Иванович (1988-1991), Ким Евгений Петрович (1991-1992).
Якумин сардори кафедраи Фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, полковники милитися Егошин Анатолий Викторович (1992-1993) буд. Аз соли 1993 то соли 2009 шахсони зерин кафедраро роҳбари карданд: Раҷабов Р.М., номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия (1993-2008), Саидов З.А., номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия З.А. (2008-2009). Тибқи фармони сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикиситон таҳти №179 аз 08.04.2009 роҳбарии кафедраро Одинаев А.Ш. номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия ба ӯҳда дорад.
Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки баъди ташкилшавии Мактаби олии Душанбегии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1991 ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2000 дар кафедраи Фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ кормандоне фаъолият намуданд, ки ба хотири комёбиҳо дар сохтори ташкилӣ, илмию тадқиқотӣ, методӣ ва ғайра саҳми хешро гузошта, барои ояндаи кафедра, заминаҳои лозимиро гузоштаанд, ба монанди: устодон Раҷабов Р.М., Холиқов К.Н., Сафаров И.Д., Сайфуллоев Н.М., Сайфиддинов А.А., Акрамов М.А., Шарипов Б.У., Кавгаков Х., Каримов Д.Б., Одинаев А.Ш., Ғафуров М.С., Куджев Н.Х., Рахимова Г.О., Хайруллоев Ф.С., Саидов З.А., Юсуфов А.Ҳ., Ахмедова Л.Ф. - ҳамчун сардори синфи таълимӣ ва дигарон.
Кафедра аз он ифтихор дорад, ки дар ҳайати он дар марҳилаҳои гуногун барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ чунин олимон ба монанди: Раҷабов Р.М., Холиқов К.Н., Сайфуллоев Н.М., Сайфиддинов А.А., Сафаров И.Д., Саидов З.А., Хайруллоев Ф.С., ва дигарон заҳмат кашидаанд.
Устодони кафедраи Фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ дар шароити имрӯза таҳти сарварии Одинаев А.Ш., ҳамаи он дастоварҳои илмӣ - тадқиқотӣ, методӣ ва амалии аз олимони пештар меросмондаро дарк карда, ҳамавақт кӯшиш менамоянд, ки ба курсантон ва шунавандагон омӯзонанд, то ин, ки ҷаҳоннбинии онҳоро васеъ намоянд ва ба онҳо имконият фароҳам оранд, то ки гузашта, ҳозира ва ояндаи мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистонро ҳамчун қисми таркибии давлатӣ аз худ намоянд.
Дар кафедраи Фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ чунин фанҳои таълимӣ омӯхта мешуданд: Назарияи давлат ва ҳуқуқ, Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон, Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ, Ҳуқуқи конститутсионии Тоҷикистон, Ҳуқуқи конститутсионии мамлакатҳои хориҷӣ, Ҳуқуқи байналхалқӣ, Ҳуқуқи инсон, Таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, Проблемаҳои муҳими назарияи давлат ва ҳуқуқ. Аз ин лиҳоз ва бо назардошти хусусиятҳои фанҳои таълимии кафедра, бо ташаббус ва пешниҳоди сардори кафедраи ҳамонвақта Раҷабов Р.М., соли 2002, тибқи қарори Шӯрои олимон номи кафедраи Фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ ба кафедраи Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат иваз карда шудааст.
Кори илмӣ-тадқиқотии кафедра то соли 2010 дар мавзӯи Такмили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шароити ташаккулёбии давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, тасдиқ шуда буд, ки татқиқоти амиқи проблемаҳои назариявии фундаменталии ҳуқуқ ва давлатро иҳота менамуд, ки устодони кафедра дар ин самт корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд. Аз он ҷумла, дар ин давра Раҷабов Р.М. дар мавзӯи Проблемы формирования правовой системы Республики Таджикистан: теоретико - методологический аспект» (2000) ва Одинаев А.Ш. дар мавзӯи «Теоретико-правовые аспекты формирования гражданского общества (на примере Республики Таджикистан)» (2008), рисолаҳои номзадии хешро ҳимоя намудаанд, ки бевосита ба мавзӯи илмӣ-тадқиқотии кафедра таалуқ доранд. Дар ин солҳо аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра 1 курси мухтасари лексияҳо, 2 дастури методӣ, 5 монография, зиёда аз 100 мақола оид ба масъалаҳои илмӣ – тадқиқотии кафедра ва зиёда аз 20 барномаҳои таълимӣ доир ба фанҳои таълимии кафедра тайёр ва аз чоп бароварда шудааст.
Кафедраи Фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ пайваста бо дигар муассисаҳои давлатӣ ва таълимӣ ҳамкорӣ менамояд. Инчунин омӯзгорони кафедра дар хондани лексияҳо дар дастгоҳҳои марказии ВКД, РКД, ШКД шаҳру ноҳияҳо ҳамавақт иштирок менамоянд. Устодони кафедра барои тақмили ихтисос ва гузаронидани дарсҳо дар дигар муассисаҳо, ширкат варзида, алоқа ва робитаҳои зичро бо онҳо ба роҳ мондаанд. Аз он ҷумла бо Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи Иқтисодии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Руссия ва Тоҷикистон, кафедраи Фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва ғайра. Қайд кардан бамаврид аст, ки устодони дар давраҳои гуногун дар кафедра фаъолият намуда, ба монанди: Сайфиддинов А.А., Саидов З.А., Хайруллоев Ф.С., Одинаев А.Ш. бевосита дастпарварони кафедраи Фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия буда рисолаҳои номзадии хешро дар ин даргоҳи илмию маърифатӣ ҳимоя намудаанд.
Мақсади асосии фаъолияти ҳамаи кормандони кафедра ҳамавақт тайёр намудани курсантону шунавандагон дар сатҳи баланд буда, доимо ҳаракат менамоянд, ки ба талаботи пешниҳодшудаи ин ихтисос ҷавобгӯ бошанд. Аз ин рӯ, роҳбарияти кафедра ҳамавақт чораҳои зарурӣ меандешад, то ки ба кафедра кормандоне ба кор ҷалб карда шаванд, ки ба тамоми талаботи барои дар сатҳи зарурӣ омода намудани мутахассисони замони имрӯза ҷавобгӯ бошанд. Номзадон барои таъмин ба ҷойҳои кории холӣ дар кафедра асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, факултетҳои ҳуқуқии мактабҳои олӣ, аспирантони муассисаҳои таълимӣ, инчунин аз ҳисоби кормандони болаёқати ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ интихоб карда мешаванд.
Кормандони кафедра дастовардҳои муосири омӯзгории мактабҳои олиро истифода намуда, бо мақсади бедор намудани ҳисси арзишҳои умумиинсонӣ дар соҳаи давлат ва ҳуқуқ, дар байни курсантон ва шунавандагон корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодаанд. Ҳайати устодони кафедра барои иҷрои вазифаҳои дар назди онҳо гузошта шуда, аз қабили, таъмини қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳамчунин ба курсантон ва шунавандагон додани донишҳо оид ба зарурати мавҷудият ва инкишофи ҳуқуқ ва давлат, асосҳои конститутсионии ташкил ва фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, риоя намудани қонуният дар кори ҳайати шахсӣ ва ғайраро сармашқи кори хеш намуда, дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ самаранок истифода мебаранд. Ҳайати профессорону омӯзгорон ҳаракат менамоянд, ки бо асосҳои умуминазариявӣ ва амалии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алоқамандии зич дошта бошанд, инчунин ҷиҳатҳои фаъолияти мусбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷаро омӯхта, таҷрибаи бойи онҳоро ба курсантон барои дар фаъолияти ояндаашон, истифода намуданро меомӯзонанд.
Дар кафедра кори илмӣ-тадқиқотӣ фаъолона идома ёфта, аз рӯи кори илмии кафедра дар мавзӯи Такмили фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар шароити ташаккули системаи нави ҳуқуқии Тоҷикистон, ки барои 5 сол (2011-2015) муайян шудааст, тадқиқотҳоро давом дода истодаанд. Ба ғайр аз корҳои муайян шудаи нақшаи асосии фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академия, инчунин кормандони кафедра корҳои бисёри илмӣ-тадқиқотии ғайринақшавиро низ бурда истодаанд.
Масъалаи тайёр кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосии кафедра ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз қайд кардан бамаврид аст, ки айни ҳол ду устоди кафедра дар адъюнктураи Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия таҳсил намуда истодаанд, аз ҷумла: Ғафуров М.С. ва Юсуфов А.Ҳ. мебошанд, ки ба навиштани рисолаҳои номзадӣ машғул мебошанд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра ин ҷустуҷӯи мунтазами шаклу усулҳои наву натиҷаовари таълимӣ, истифодаи технологияи пешқадам дар раванди таълим, алоқаманд намудани донишҳои назариявӣ ва амалӣ, коркарди воситаҳои нави технологии раванди таълим, мутобиқ намудани раванди таълим ба навидҳои ҷомеа мебошад.
Кафедра дорои таҷҳизоти зарурии техникӣ ва синфхонаи таълимӣ аст, ки баҳри танзими ҷараёни таълимиву методӣ ва илмӣ истифода бурда мешаванд. Бо ташабуси кафедра фақат дар соли таҳсили 2010 - 2011 якчанд конференсияҳои илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир ба масъалаҳои Моҳият ва аҳамияти таълимоти Абуҳанифа барои рушди иҷтимоӣ ва давлатдорӣ, Анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамчун омили зуҳуроти иҷтимоӣ, Нақши Конститутсия дар устуворгардонии давлатдории миллӣ ва ғайраҳо гузаронида шудааст, ки дар кори он олимони шинохта ва кормандани мақомоти давлатӣ иштирок намудаанд. Ҳамчунин устодони кафедра дар конференсияҳои илмӣ - назариявӣ, семинарҳои илмӣ, мизи мудавварҳо, ки аз тарафи худи Академия ва инчунин берун аз он ташкил карда мешаванд, бевосита ҳамчун маърӯзачӣ ва инчунин иштирокчӣ ширкати фаъолона намудаанд.
Тибқи қарори Шӯрои олимони Академия таҳти №1 аз 03.09.2009 кафедраи Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат, бо номи пешинааш Фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ номгӯзорӣ карда шудааст. Айни замон дар воҳиди штатии кафедра шахсони зерин кор ва фаъолият мекунанд: Одинаев А.Ш. - сардори кафедра номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия, Сайфуллоев Н.М. - профессори кафедра, доктори илмҳои фалсафа (0.5 баст), Хайруллоев Ф.С - дотсенти кефедра, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия (0.25 баст), Акрамов М.А. - муаллими калони кафедра, подполковники милитсия, Зияев И.Ҳ. - муаллими кафедра, лейтенанти калони милитсия, Тошев А.М. - муаллими кафедра, лейтенанти калони милитсия, Муминов У.К. - муаллими кафедра лейтенанти калони милитсия ва Негматов Б.С. - муаллими кафедра.
Дар кафедра ҳамчунин маҳфили илмии курсантон Давлатшиноси ҷавон амал мекунад, ки ҳамасола зиёда аз 20 нафар аъзои доимӣ дошта, дар он зиёда аз даҳҳо маърӯзаҳои илмии курсантон мавриди муҳокима қарор дода мешавад.
Дар солҳои охир устодони кафедра, аз он ҷумла собиқ сардори кафедра Раҷабов Р.М. ва сардори кафедраи ҳозира Одинаев А.Ш. барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон қадр карда шудаанд.
Ҳангоми мавҷудияти кафедра аз ҷониби кормандони он асоси донишҳои зарурии касбӣ, малакаю таҷриба, навгониҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳазорон курсантон, шунавандагон ва кормандони амалияи мақомоти корҳои дохилӣ омӯзонида шудааст. Садҳо корҳои методӣ, барномаҳо, пешниҳоду дархостҳо ба лоиҳаҳои қонунҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ омода шудаанд. Даҳҳо корҳои илмӣ гузаронида шудааст, ки натиҷаҳои онҳо бомуввафақият дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ истифода мешаванд.
Ҳайати профессору омӯзгорони кафедраи Фанҳои давлатӣ - ҳуқуқӣ таълимро дар факултетҳои №№2, 3 ва 5 Академия аз рӯи 10 фанҳои таълимӣ таъмин менамоянд, аз ҷумла: назарияи давлат ва ҳуқуқ, таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон, таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ, ҳуқуқи конститутсионии Тоҷикистон, ҳуқуқи конститутсионии мамлакатҳои хориҷӣ, ҳуқуқи байналхалқӣ, таъмини ҳуқуқи инсон дар фаъолияти МКД, ҳуқуки ислом, таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат ва асосҳои ҳуқуқ дар факултети №5 барои ихтисоси бехатарии сӯхтор.
Айни замон дар кафедраи Фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ коллективи хуби меҳнатӣ ташаккул ёфтааст, ки дорои як фазои мусбии корӣ буда, вазифаҳои хизматии хешро софдилона иҷро менамоянд. Ҳайати устодони кафедра дар иҷрои фармону супоришҳои Президент, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Академия фаъолнокии худро нишон дода, баҳри иҷрои саривақтии онҳо тамоми донишу малакаи худро сарф менамоянд. Ҳайати устодони кафедра вазифаҳои хизматии худро бо салоҳияти касбӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ иҷро намуда истодаанд.
3). Кафедраи Ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология, таҳти роҳбарии номзади илмҳои ҳуқуқ, капитани милитсия Умаров Хайём Амиршоевич.
Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 таъсис ёфтааст. Кафедраи номбурда дар заминаи сикли фанҳои ҳуқуқӣ Мактаби махсуси миёнаи милитсияи Душанбегии Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ соли 1970 таъсис дода шуда ба вуҷуд омадааст. Дар сикли мазкур муддати солҳои 1970 - 1992 дар кори таълимиву тарбиявӣ ва тайёр намудани муттахасисон барои мақомоти корҳои дохилӣ кормандони зерин саҳми арзандаи хешро гузоштаанд, ба монанди: Морозов В.М., Безпалов Е.И., Кайданова Е.Д., Сатторов Ғ., Ящкин М.И., Пономаренко В.А., Ким Е.П. ва дигарон.

529

Роҳбарии сикли фанҳои ҳуқуқиро дар солҳои гуногун шахсони зерин ба ӯҳда доштанд: Пономаренко Владимир Александрович (1970 -1975), Борисов Иван Иванович (1975-1987), Морозов Вадим Михайлович (1987-1988), Ящкин Михаил Иванович (1988-1991), Ким Евгений Петрович (1991-1992).
Якумин сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология Сатторов Ғафор номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитися (1993-1994) ба шумор мерафт. Дар давраҳои гуногун кафедраро роҳбари карданд: Солиев К.Ҳ., номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия (1994-2000), Шарипов Т.Ш., доктори илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия (2001-2003), Хайров М.Х., полковники милитсия (2003-2005), Алиев А.Ш., номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия (2005-2006), Сафаров Ҳ.С., номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия (2006-2008). Аз соли 2008 то ҳол кафедраро номзади илмҳои ҳуқуқ, капитани милитсия Умаров Х.А. роҳбарӣ мекунад.
Бояд зикр намуд, ки баъди ташкилшавии Мактаби олии Душанбегии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1991 ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2000 дар кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология кормандоне фаъолият намуданд, ки ба хотири комёбиҳо дар сохтори ташкилӣ, илмию тадқиқотӣ, методӣ ва ғайра саҳми хешро гузошта, барои ояндаи кафедра, заминаҳои лозимиро гузоштаанд, ба монанди: устодон Солиев К.Х., Шарипов Т.Ш., Исмонов А., Хайров М.Х., Абдурашидов А.А., Гайназаров А., Насуров Н.А., Алиев А.Ш., Шарифзода В., Шарипов С.С., Хабирова Т., Гурезов А.Қ., Каримов Ҳ.М. ва дигарон.
Кафедра аз он ифтихор дорад, ки дар ҳайати он дар давраҳои гуногун чунин олимон заҳмат кашидаанд: Курбонов Ю.А., Сатторов Ғ., Шарипов Т., Солиев К.Ҳ., Сафаров Ҳ.С., Насуров П.А., Алиев А.Ш. ва дигарон.
Ҳайати шахсии кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология ҳамаи он дастоварҳои илмӣ тадқиқотӣ, методӣ, амалӣ ва дигари гузаштагони хешро дарк карда ҳамавақт кӯшиш менамоянд, ки ба курсантон ва шунавандагони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзонанд, то ин, ки ҷаҳоннбинӣ ва зеҳни онҳоро васеъ намуда, бо саводу маҳорати худ онҳо бар зидди ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ муқовимат намоянд.
Дар кафедра чунин фанҳои таълимӣ омӯхта мешаванд: ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, квалификатсияи ҷиноят, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, психологияи касбӣ.
Кори илмӣ-тадқиқотии кафедра то солҳои 2010 дар мавзӯи «Назария ва амалияи татбиқнамоии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ», тасдиқ гардида буд, ки тадқиқоти амиқи проблемаҳои татбиқнамоии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зиддӣ ҷинояткорӣ иҳота менамуд, ки омузгорони кафедра дар ин самт корҳои назаррасро ба сомон расонидаанд. Аз ҷумла, дар ин давра Умаров Х.А. дар мавзӯи «Противодействие коррупции в Республике Таджикистан: уголовно-правовые и криминологические аспекты» (соли 2008), Насуров П.А. «Криминальные последствия незаконной миграции и меры их предупреждения (по материалам Республики Таджикистан)» (соли 2008), Алиев А.А. «Уголовная ответственность за похищения человека и захват заложника по законодательству Республики Таджикистан: сравнительный аспект» (соли 2011), рисолаҳои номзадии хешро ҳимоя намудаанд, ки бевосита ба мавзӯи илмӣ-тадқиқотии кафедра таалуқ доранд. Дар ин солҳо дар кафедра тайёр ва аз чоп бароварда шудааст: 1 китоби таълимӣ, 5 монография, зиёда аз 70 мақолаҳо оид ба масъалаҳои гуногуни илмӣ, зиёда аз 9 барномаҳои таълимӣ ва ғайра.
Кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология пайваста бо дигар муассисаҳои давлатӣ ва таълимӣ ҳамкорӣ менамояд. Инчунин омӯзгорони кафедра дар хондани лексияҳои ба кафедра таалуқдошта дар дастгоҳҳои марказии ВКД, РКД, ШКД ноҳияҳо ҳамавақт саҳми арзандаи худро мегузоранд. Омӯзгорони кафедра барои такмили ихтисос ва гузаронидани дарсҳо дар дигар муассисаҳо ширкат варзида, алоқа ва робитаҳои зичро бо онҳо ба роҳ мондаанд. Аз он ҷумла бо Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Мактаби олии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон, кафедраи фанҳои ҳуқуқии ҷиноятӣ ва ташкили профилактикаи ҷиноят-и Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, Маркази тадқиқотии проблемаҳои ҷинояткории мутташакил ва коррупсияи ш.Саратови Федератсияи Россия ва ғ.
Ҳадафи асосии фаъолияти ҳамаи кормандони кафедра ҳамавақт таъмини сатҳи баланди тайёрии курсантону шунавандагон буда, доимо ҳаракат менамоянд, ки ба талаботи пешниҳодшудаи ин ихтисос ҷавобгӯ бошанд. Аз ин рӯ, роҳбарият ва ҳайати шахсии кафедра ҳамавақт чораҳои зарурӣ меандешад, ки то ба кафедра кормандоне ба кор ҷалб мешаванд ба тамоми талаботи пешбинишуда ҷавобгӯ бошанд. Номзадон барои таъмин ба ҷойҳои кории холӣ дар кафедра асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгоҳи миллии Тоҷикиситон, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, аспирантони муассисаҳои таълимӣ, инчунин аз ҳисоби кормандони пуртаҷрибаи ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ интихоб карда мешаванд.
Кормандони кафедра дастовардҳои муосири омӯзгории мактабҳои олиро истифода намуда, бо мақсади бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва тоқатнопазири нисбати ҷинояткорӣ дар соҳаи сиёсати давлат дар соҳаи муқовимат бар зидди ҷинояткорӣ, дар байни курсантон ва шунавандагон корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодаанд. Ҳайати омӯзгорони кафедра барои иҷрои вазифаҳои дар назди хеш гузошта шуда, аз қабили, таъмини қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳамчунин ба курсантон ва шунавандагон додани донишҳо оид ба риоя намудани қонуният дар кори ҳайати шахсӣ ва ғайраро сармашқи кори хеш намуда, дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ самаранок истифода мебаранд. Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра ҳаракат менамоянд, ки бо асосҳои умуминазариявӣ ва амалии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алоқамандии зич дошта бошанд, инчунин ҷиҳатҳои фаъолияти мусбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷаро омӯхта, таҷрибаи бойи онҳоро барои курсантон дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, истифода намуданро омӯзонанд.
Дар кафедра кори илмӣ-тадқиқотӣ фаъолона идома ёфта, аз рӯи кори илмии кафедра дар мавзӯи «Қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва проблемаҳои татбиқи он аз тарафи МКД», ки барои 5 сол (2011-2015) муайян шудааст, тадқиқотро давом дода истодаанд. Ба ғайр аз корҳои муайян шудаи нақшаи асосии фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академия, инчунин кормандони кафедра корҳои бисёри илмӣ-тадқиқотии ғайринақшавиро низ бурда истодаанд.
Масъалаи тайёр кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ яке аз самтҳои асосии кафедра ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз қайд кардан зарур аст, ки айни ҳол шаш устодони кафедра дар адъюнктураи Академияи идоравии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия таҳсил намуда истодаанд, аз ҷумла: Саидов Б., Каримов Ҳ.М., Ёров Ё.Ҳ., Гурезов А.Қ., Шарипов C.C., ва Юлдошев Р. мебошанд, ки ба навиштани рисолаҳои номзадӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ машғул мебошанд.
Дигар самти муҳими фаъолияти ҳайати омӯзгорони кафедра ин ҷустуҷӯи мунтазами усулҳои наву натиҷаовари таълимӣ, истифодаи технологияи пешқадам дар ҷараёни машғулиятҳои дарсӣ, алоқаманд намудани донишҳои назариявӣ дар амалия, коркарди воситаҳои нави технологии раванди таълим, мутобиқ намудани раванди таълим ба навигариҳои ҷомеа мебошад.
Кафедра дорои таҷҳизоти зарурии техникӣ ва синфхонаи таълимӣ аст, ки баҳри танзими раванди таълимиву методӣ ва илмӣ истифода бурда мешаванд. Бо ташабуси устодони кафедра доимо конференсияҳои илмию амалӣ гузаронида шудааст, ки дар кори он олимони шинохта ва кормандани мақомоти давлатӣ иштирок намудаанд. Ҳамчунин устодони кафедра дар конференсияҳои илмӣ - назариявӣ, семинарҳои илмӣ, мизи мудавварҳо, ки аз тарафи худи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин берун аз он ташкил карда мешаванд, бевосита ҳамчун маърӯзачӣ ва инчунин иштирокчӣ ширкати фаъолона менамоянд.

Айни замон дар воҳиди штатии кафедра кормандони зерин кору фаъолият мебаранд: Умаров А.Х., сардори кафедра, номзади илмҳои ҳуқуқ, капитани милитсия, муаллимони кафедра Шарифзода В., капитани милитсия, Хабирова Т.А., капитани милитсия, Раҳимов Д., омӯзгори кафедра, Абдуқодиров А., омӯзгор - (0.25) ва корманд мутахассис кафедра, прапоршики милитсия Чернова И.И. Дар кафедра ҳамчунин маҳфили илмии курсантон ва шунавандагон «Криминологи ҷавон» таҳти роҳбарии омӯзгори кафедра капитани милитсия Шарифзода В. фаъолият мекунад, ки ҳамасола аз 15 то 20 нафар аъзои доимӣ дошта, дар он маърӯзаҳои зиёди илми мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.
Дар кафедра корҳои бисёри методӣ, барномаҳо, пешниҳодҳо ба лоиҳаи қонунҳо омода шудаанд. Даҳҳо корҳои илмӣ гузаронида шудааст, ки натиҷаҳои онҳо бомуввафақият дар соҳаи муқовимат бар зидди ҷинояткорӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ истифода мешаванд.
Айни ҳол ҳайати прфессорону омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология дар факултетҳои №№ 1, 2 ва 3 Академия аз рӯи ҳафт фанҳои таълимӣ машғулиятҳоро таъмин менамояд, аз ҷумла: ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, криминология, психологияи касбӣ, квалификатсияи ҷиноят, сиёсати зидди коррупсионӣ ва стратегияи огоҳонидани ҷиноят.
4). Кафедраи Мурофиаи ҷиноятӣ, таҳти роҳбарии номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Нозиров Нақиб Алиевич.
Кафедраи Мурофиаи ҷиноятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 дар заминаи сиклҳои фанҳои ҳуқуқӣ соли 1970 ва криминалистика соли 1974 ба вуҷуд омадааст, ки сиклҳои номбурда ба сохтори Мактаби махсуси миёнаи милитсияи Душанбегии ВКД ИҶШС дохил мешуд.
Дар солҳои 1971-1975 аввалин маротиба сикли фанҳои ҳуқуқиро Пономоренко В.А. роҳбари намудааст. Баъдан роҳбарии сиклро шахсони зерин ба ӯҳда доштанд: Борисов И.И. (1975-1987), Морозов В.М. (1987-1988), Яшкин М.И. (1988-1991) ва Ким Е.П. (1991-1992.
Якумин сардори сикли криминалистика Борисов В.П. (1974-1975) таъин шуда, баъд аз ин сикли номбурдаро шахсони зерин: Курбанов Ю.А. (1981-1982), Бражников А.А. (1983-1985), Негматова С.Г. (1985-1985), Красюков О.В. (1985-1986), Дощенко Ю.И. (1986-1992) роҳбарӣ намудаанд.
Нахуст сардори кафедраи Мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистика, тибқи фармони сардори Мактаби Олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №106 аз 19.09.1992 Дощенко Ю.И. таъин гардидааст. Дар кафедра ҳамон давра омӯзгорони пуртаҷриба ба монанди: Евстигнеев А.С., Раҳматҷонов А., Абдуллоев Раҳматулло, Ходжиматов Р.М., кор ва фаъолият мекарданд. Дар ҳамон давра фанҳои сикли ҳуқуқӣ, ки ба фанни мурофиаи ҷиноятӣ наздик аз қабили: Системаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Криминалистика ва Мурофиаи ҷиноятӣ дар як кафедра муттаҳид карда шуданд. Муттаҳид кардани ин фанҳо дар як кафедра ҳам паҳлӯҳои мусбӣ ва ҳам паҳлӯҳои манфӣ доштанд. Тарафи мусбии ин иқдом дар он зоҳир мегардид, ки омӯзгорони фанҳои табиатан ба ҳам наздик дар як коллектив кору фаъолият карда, оид ба мукаммал намудани захираҳои таълимӣ-методии кафедра дар самти мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистика бо назардошти проблемаҳои амалии тафтишот алоқаманд буда, саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Ҳамчунин ин якҷоягӣ барои ҳалли масъалаҳои актуалии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мусоидат намудааст.
Тарафи манфии якҷоя намудани сиклҳои дар боло зикргардида, дар набудани кафедраҳои мустақил ба монанди: кафедраи Мурофиаи ҷиноятӣ ва кафедраи Криминалистика ифода меёбад, чунки фанҳои таълимие, ки дар кафедраҳои номбурда омӯзонида мешудаанд барои тайёр кардани мутахассисони мақомоти корҳои дохилӣ заруранд.
Минбаъд роҳбарии кафедра ба мутахассиси пуртаҷрибаи соҳаи тафтишот Шарипов Р.К., полковники милитсия (1993–1999) вогузор карда шуда буд, ки зиёда аз 30 сол таҷрибаи кори дошт. Ӯ фаъолияти худро аз вазифаи муфаттиши мақомоти прокуратура оғоз карда то сардори шӯъбаи тафтишот хизмат кардааст. Аз соли 1992 дар Мактаби Олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти омӯзгории хешро оғоз намудааст. Баланд будани малакаю маҳорати касбии ӯ буд, ки то ба вазифаҳои сардори кафедра, сардори шӯъбаи таълим ва ёрдамчии сардор оид ба муносибатҳои байналхалқӣ таъин шуда, сарбаландона кор ва фаъолият кардааст. Ин шахси кордону роҳбари наҷиб бевосита барои беҳбудӣ ва пешравии кафедра саъю кӯшиши зиёде ба харҷ додааст. Маҳз бо саъю кӯшишҳои ӯ ба кафедра мутахассисони баланихтисоси пуртаҷрибаи соҳаи криминалистика ва мурофиаи ҷиноятӣ, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ дар вазифаҳои сардори шӯъбачаи эксперти-криминалистӣ, сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ ва муовини аввали сардори Мактаби Олии милитсия кор ва фаъолият мекарданд, ба мисли Тоҷидинов С.Н., Невзоров А.А., Хусанов Р.Ш. ва Ходжаев З.К. ба ҳайси омӯзгор ба кафедра ҷалб карда шуданд. Дар ин давра бо роҳбарии ин шахси кордону зирак дар кафедра дигаргуниҳои назаррас ба анҷом расонида шуда буданд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ басо мушкил ва заҳматталаб буд. Ӯ тавонист дар ин давраи мушкил, барои ҳаматарафа тайёр кардани мутахассисон барои МКД таълим ва тадриси фанҳои нави ҳуқуқиро ба монанди: Назорати прокурорӣ ва Таҳқиқ дар МКД, ки дар дигар мактабҳои олӣ бо ихтисоси ҳуқуқшинос омӯзонида мешуданд, ҷорӣ намояд. Ин марди закӣ дар давоми роҳбарии худ ба кафедра боз омӯзгорони ҷавонро ба монанди: Имомназаров Ф.С., Узакбеков Ш.А., Ёров У.И., Хаитова Р.М., Юсупов У.А., Ҳасанов З.Ш., Убайдуллоев Ш.Э., Ғозиев М.С. ва номзади илмҳои ҳуқуқ Элназаров Д.Х. - ро барои кор ба кафедра ҷалб кард, ки баъзеи онҳо то ҳол фаъолияти омӯзгории худро давом дода истодаанд. Ниҳоят яке аз омӯзгорони ҷавони донишманду серғайрати дар ҳамон вақт ба кор даъватшуда, Ғозиев М.С. мебошад, ки ӯ дар соли 2007 дар Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Методика расследования налоговых преступлений (по материалам Республики Таждикистан)» бомувафақият дифоъ намуд. То ба имрӯз фаъолияти омӯзгориро дар мактабҳои гуногуни олии тамоили ҳуқуқии кишвар бомувафақият давом дода истодааст. Айни замон мудири кафедраи Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултети ҳуқуқи Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад. Ӯ, муаллифи зиёда аз 20 мақолаю коркардҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ, китобҳои дарсӣ ба монанди: курси мухтасари лексияҳо аз фанҳои Криминалистика ва Мурофиаи ҷиноятӣ бо забони тоҷикӣ ва дастури методӣ оид ба навиштани корҳои дипломӣ бо забони русӣ мебошад. То ба имрӯз алоқаи зичи илмӣ-тадқиқотии худро бо аъзоёни кафедра нигоҳ дошта ба ҳайси дотсент дар кафедра фаъолият менамояд.
Сипас сарварии кафедраро номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Элназаров Д.Х. (1999-2000) ба ӯҳда гирифт. Ӯ ҳам дар давоми фаъолияти роҳбарии худ дар кафедра нақши мусбии худро гузошт. Зери роҳбарии ӯ боз дар кафедра маҳфили илмии курсантон ва шунавандагон, ки мақсади асосии он баланд бардоштани малакаю маҳорати илмӣ ва пайдо кардани завқ ва инкишофи ҷустуҷӯйи илмӣ дар курсантон буд, аз нав ҷоннок карда шуд. Соли 1999 Элназаров Д.Х. бо мақсади равнақ додани самти илмӣ-тадқиқотии кафедра Нозиров Н.А. муфаттиши ҷавону боистеъдодро аз Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор ба кафедра ҷалб кардааст. Боз дар ин давра низ, шахси пуртаҷрибаи соҳаи тафтишот ва рӯзгордида, подполковники милитсия Скрага В.Н. ва Убайдуллоева Ф.А. дар кафедра ба кор даъват шуданд. Дар ин давра омӯзгорони ҷавон Имомназаров Ф., Узакбеков Ш. ва Убайдуллоев Ш., барои машғул шудан ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, барои таҳсил дар шӯъбаи аспирантураи Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон фиристода шуда имтиҳонҳои минимуми номзадиро аз фанҳои Фалсафа ва Забони хориҷӣ бомувафақият супориданд. Дар соли 2000 Элназаров Д.Х. бо мақсади давом додани фаъолияти омӯзгорӣ ба Донишгоҳи навтаъсиси Славянии Россия ва Тоҷикистон ба ҳайси дотсент ба кор гузашт. Элназаров Д.Х. муаллифи зиёда аз 30 мақолаю коркардҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методӣ мебошад. Самти асосии фаъолияти илмии худро барои мукамал гардонидани механизми кафолат ва ҳимояи ҳуқуқи субъективӣ, проблемаҳои пайдоиш ва мустаҳкам кардани ҳуқуқҳои инсон дар қонунгузорӣ, аспектҳои асосии алоқаи мутақобилаи давлат ва ҳуқуқ муқаррар кардааст. Аз соли 2002 то ҳол вазифаи декани факултети ҳуқуқи Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад.
Тибқи Фармони сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №110 аз 30.03.2001, полковники милитсия Хаитова Р.М. сардори кафедра таъин гардид. Номбурда дар ин вазифа зиёда аз 5 сол кору фаъолият намуда тамоми саъю кӯшишашро баҳри мустаҳкам намудани базаи илмӣ-методии кафедра сафарбар намудааст. Дар ҷодаи корҳои илмӣ тадқиқотӣ дар мавзӯи Методикаи тафтиши ҷиноятҳое, ки аз ҷониби ноболиғон содир мешаванд саҳмгузор мебошад. Бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Академия ва кафедра омӯзгори ҷавону серғайрат Нозиров Н.А., ки ба тадқиқоти илмӣ шавқу рағбати зиёд дошт барои таҳсил, ба Шӯъбаи рӯзонаи адъюнктураи Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия фиристода шуд. Таҳти сарварии бевоситаи Хаитова Р.М., омӯзгорони кафедра бо курсантони курси 4 ҳар сол бо мақсади ҳавасманд кардани онҳо, хубтар омӯхтан ва мустаҳкам кардани донишҳои назариявӣ аз фанҳои кафедра чорабинии фарҳангию-илмӣ «Викторина» - ҳо мегузарониданд. Дар ҷамъбаст курсантони фаъол ва ғолиби викторина бо мукофоти хотиравӣ сарфароз гардонида мешуданд. Муаллифи зиёда аз 5 мақолаҳои илмӣ буда, самти асосии фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методии худро барои мукамал гардонидани методикаи тафтиши ҷиноятҳои алоҳида дар самти криминалистика, оид ба пешгирӣ аз касалиҳои сирояткунандаи венерикии СПИД ва мубориза бар зидди нашъамандӣ ба роҳ монда буд. Оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди паҳншавии бемории СПИД ва нашъамандӣ ҳар сол бо ташаббуси кафедра семинарҳои илмӣ-амалӣ ва мизи мудаввар, бо иштироки кормандони таҷрибаноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор мегардид. Дар ин давра номзади илмҳои тиббӣ, дотсент Султонов Р.М. ва муфаттиши таҷрибанок Сафаров Ҷ. ҳам барои кору фаъолити педагогӣ ба кафедра ҷалб карда шуданд. Султонов Р.М. - муаллифи зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ буда, барои гузаронидани экспертизаи тиббӣ - судӣ якчанд дастурҳои илмӣ-методӣ, аз ҷумла: Курси мухтасари лексияҳо аз фанни тибби судӣ, дастури таълимӣ-методӣ оид ба азназаргузаронии ҷасад дар ҷойи ҳодиса (бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ), саволномаҳои тестӣ оид ба фанни тибби судӣ ва ғайра омода кардааст.
Саҳми арзандаро дар ташаккулёбии кафедра, подполковники милитсия Имомназаров Ф.С. гузоштааст. Ӯ дар солҳои 2005-2007 иҷрокунандаи вазифаи сардори кафедраро ба ӯҳда дошт, Имомназаров Ф.С., аз соли аввали фаъолияти худ дар кафедра таъин шуданаш ҳамчун омӯзгор, барои гузаронидани дарсу машғулиятҳо аз фанни Мурофиаи ҷиноятӣ шавқу рағбати зиёд дошт, ки то ба имрӯз ба касб ва соҳаи интихобкардаи худ содиқ монда ба курсантон ва шунавандагони Академия аз ин фан дарсҳои лексионӣ, семинарӣ ва амалӣ мегузаронад. Ӯ муаллифи барномаҳои таълимӣ аз фанни Мурофиаи ҷиноятӣ, Таҳқик дар мақомоти корҳои дохилӣ ва дастурҳои методӣ аз фанни Мурофиаи ҷиноятӣ оид ба гузаронидани дарсҳои семинарӣ ва амалӣ, илмӣ-методӣ оид ба интихоб ва татбиқи чораҳои пешгирӣ, пешбурди ҳаракатҳои тафтишӣ, ҳамчунин аз фанни Криминалистика методҳои тафтиши ҷиноятҳои алоҳида саҳми худро гузоштааст. Устод ва мураббии якчанд омӯзгорони ҷавон буда ҳамеша барои кӯмак расонидан ба онҳо шитоб мекунад. Ҳамеша дар чорабиниҳои Академиявӣ ҷалб шуда хизматро бо як ҳиссиёту ӯҳдадории баланд иҷро мекунад. Барои иштироки фаъолона дар парадҳои тантанавии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ВКД якчанд маротиба бо медалҳои сарисинагӣ мукофотонида шудааст.
Тибқи фармони сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №96 аз 19.03.2007 роҳбарии кафедраро, полковники милитсия Тауров С. ба ӯҳда гирифтааст. Дар давраи роҳбарии ин марди пуртаҷриба дар кафедра низ дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Яке аз чунин дигаргуниҳо тайёр намудани мутахассисон барои МКД бо самти тахассусҳои Тафтишот, Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ ва Фаъолияти маъмурии МКД ба шумор мерафт, ки дар ин ҷода саҳми Тауров С. хеле арзанда мебошад. Қайд намудан зарур аст, ки яке аз тахассусҳои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои МКД дар Академия ин тахассуси самти Тафтишотӣ мебошад. Саҳми арзандаи омӯзгорони кафедраи Мурофиаи ҷиноятӣ дар тайёр кардани мутахассисон дар ин ҷода хеле назаррас мебошад. Шогирдоне, ки бо ин самти тахассус Академияи ВКД хатм намуданд дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи дастгоҳҳои оперативӣ ва тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуда истодаанд.
Дар ин давра барои кор ба кафедра муфаттишони пуртаҷриба, мисли Сулаймонов М., Бобоҷонов Н. ва хатмкунандаи Академияи ВКД бо дипломи аъло Буриева Р. ҷалб карда шуданд. Тауров С. муаллифи барномаҳои таълимӣ аз фанҳои Системаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, Таҳқиқ дар мақомоти корҳои дохилӣ, барномаи таҷрибаомӯзии курсантони курси 4 факултети №2 дар самти Тафтишот ва дастури методӣ аз фанни Криминалистика оид ба пешбурди ҳаракатҳои тафтишӣ, аз ҷумла «Азназагузаронии ҷойи ҳодиса» бо ҳаммуаллифии Султонов Р.М., мебошад.
Тибқи фармони сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №427 аз 11.09.2008 то ба имрӯз роҳбарии кафедраро номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Нозиров Н.А. ба ӯҳда дорад. Номбурда рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Охрана прав и свобод человека и гражданина в досудебном производстве по уголовному делу», бо тахассуси - 12.00.09: Мурофиаи ҷиноятӣ; криминалистика ва экспертизаи судӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, дар Шӯрои диссертатсионии Д - 203.002.01 дар назди Академияи идоракунии ВКД Россия ҳимоя намудааст. Ӯ, муаллифи зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ доир ба проблемаҳои ҳифз ва риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мурофиаи судии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Самти асосии фаъолияти илмиаш, омӯзиши бевоситаи принсипҳои мурофиавӣ ва муносибатҳои мурофиавӣ-ҳуқуқии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ дар давраҳои тосудии мурофиаи ҷиноятӣ ва танзими қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ оид ба пешбурди амалҳои мурофиавӣ ба шумор меравад. Бо пешниҳоди роҳбарияти Академия соли 2010 барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф бо «Ифтихорномаи маорифи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст. Дар семинарҳои илмӣ-амалӣ ва мизи мудаввар, оид ба такмили қонунгузории муроифавии ҷиноятӣ ширкат варзида ба воситаи навиштани тағйироту иловаҳо оид ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ ва тақризу хулосаҳо фаъолона нуқтаи назари худро иброз менамояд, ки дар қабули Кодекси мурофиаи ҷиноятии нави Тоҷикистон якчандтои он амалӣ гардидаанд.
Айни замон ҳайати омӯзгорони кафедраро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин ҳам дар оянда боиси равнақ ва ташакул ёфтани самти илмӣ-тадқикотии кафедра мегардад. Чихеле, дар урфият мегӯянд, «Ҷавонон ояндаро нишон медиҳанд». Дар соли 2010 омӯзгорони ҷавон, мисли Латипов М. ва Саидхоҷаев З.Н., ба кор ҷалб карда шуданд, ки мақсади дар оянда бо корҳои илмӣ-тадқиқоти машғул шуданро доранд. Дар солҳои охир омӯзгорони кафедра дар ташаккули фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методии Академия саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Аз соли 2005 то 2010, мавзӯи илми-тадқиқотии кафедра «Такмили асосҳои ташкилӣ ва тактики тафтиши ҷиноятҳо аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ дар системаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Такмили асосҳои илмӣ ва методии таълимии фанҳои мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистика» интихоб шуда, дар ин самт аз ҷониби омӯзгорони кафедра корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷониби омӯзгорони кафедра соли 2007 бо ташаббуси Тауров С. дастури методӣ-таълимии «Азназаргузаронии ҷойи ҳодиса» ба нашр расида ба дастгоҳҳои тафтишотии МКД равон карда шуд, солҳои 2008-2009 аз тарафи Нозиров Н.А., якчанд таклифу пешниҳод оид ба лоиҳаи Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ омода карда ба воситаи ВКД ба комиссия кори равон карда шуд, ки баъзеи онҳо дар Кодекси мурофиаи ҷиноятии қабулгардида акси худро ёфтаанд. Ҳамчунин майлу рағбати омӯзгорони кафедра нисбат ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ зиёд шуда, мунтазам мақолаҳои илмӣ ва илми-публистистӣ навишта дар журналҳои илмӣ ва маҷаллаҳои даврӣ ба нашр мерасонанд. Самти фаъолияти илмӣ- тадқиқотии кафедра барои солҳои 2010-2015 бошад, ҳамчун «Қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи он аз тарафи кормандони МКД» муайян карда шудааст. Дар кафедра ҳар сол як маротиба конференсияҳо, мизи мудаварҳо ва семинарҳои илмӣ-амалӣ бо ҷалби мутахассисони пуртаҷрибаи судӣ, прокуратура, тафтишот гузаронида мешавад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар моҳи ноябри соли 2010 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯӣ «Проблемаҳои татбиқи Кодекси нави мурофиавии ҷиноятӣ дар тафтишоти пешакӣ» бо ташаббуси кафедра баргузор гашт, ки дар он намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсатҳои тафтишотӣ ва таҳқиқӣ ВКД, Адвокатура ва ҳамчунин намояндагони мактабҳои олии тамоили ҳуқуқшиносии кишвар ширкат варзида барои омӯзгорон ва курсантони Академия, оид ба проблемаҳои татбиқи Кодекси мурофиаи ҷиноятии нави Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо карданд, ки мӯҳтавои он дар осори Академия ба табъ расид.
Айни замон дар воҳиди штатии кафедра чунин шахсон кору фаъолият намуда истодаанд, аз ҷумла: Нозиров Н.А. - сардори кафедра, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия, Ғозиев М.С. - досент дар вазифаи профессори кафедра (0,40 - баст), Азизов М. - муаллими калон, номзади илмҳои ҳуқуқ, аз ҳисоби досенти кафедра (0,40 баст), Имомназаров Ф.С. - муаллими калони кафедра, подполковники милитсия, Убайдуллоев Ш.Э. - муаллими калони кафедра, подполковники милитсия, Сафаров Ҷ. - муаллими кафедра, майори милитсия, Бобоҷонов Н.М. - муаллими кафедра, капитани милитсия, Буриева Р. – муаллими кафедра, лейтенанти калони милитсия, Латипов М. – муаллими кафедра, лейтенанти милитсия, Саидхоҷаев З.Н. – муаллими кафедра ва Убайдуллоева Ф.А. - сардори синфхонаи таълимии кафедра, капитани милитсия.
Айни замон дар кафедраи Мурофиаи ҷиноятӣ мутобиқи Нақшаи таълимии Академия 7 фанни таълимӣ мавҷуд аст, ки омӯзиши онҳоро омӯзгорони кафедра дар факултетҳои 2 ва 3 Академия аз рӯи фанҳои Системаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Мурофиаи ҷиноятӣ, Криминалистика, Назорати прокурорӣ, Таҳқиқ дар мақомоти корҳои дохилӣ, Суди тиббӣ ва психиатрӣ ва Курси махсуси тафтишот таъмин менамоянд.
Дар назди кафедра маҳфили илмӣ-назариявӣ бо номи «Мурофиачиёни ҷавон» амал мекунад, ки ҳарсола зиёда аз 10 то 15 аъзоёни маҳфил аз ҷумлаи курсантони факултети №2 ҷалб карда мешаванд. Аъзоёни маҳфил бо ёрии бевоситаи роҳбари маҳфили илмӣ капитани милитсия Убайдуллоева Ф.А. ва омӯзгорони кафедра ба навиштани реферату, мақолаҳои илмӣ машғуланд, ки мақолаҳои илмии онҳо дар маҷаллаҳои Академиявӣ ва берун аз он ба табъ мерасанд.
5). Кафедраи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ, таҳти роҳбарии номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Шарипов Файзали Раҳмоналиевич.
Таърихи бунёди кафедраи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ аз таърихи Мактаби миёнаи махсуси милитсияи Душанбегии ВКД ИҶШС, ки соли 1970 таъсис ёфтааст, сарчашма мегирад. Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун фан сараввал дар доираи фанҳои махсуси Мактаби миёнаи махсуси милитсияи Душанбегӣ, сипас дар кафедраи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилии Мактаби Олӣ ва баъдан Академияи ВКД, яке аз самтҳои пешбарандаи фаъолияти милитсия ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Аз солҳои аввали таъсисёбӣ то имрӯз кормандони кафедраи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ, дар тайёр намудани мутахассисони болаёқати мақомоти корҳои дохилӣ барои дастгоҳҳои оперативӣ, тафтишотӣ саҳми арзанда гузошта истодааст.
Асоси ифтихории кафедра ин кормандони дорои савияи баланди касбӣ, ки фонди тиллоии кафедраро ташкил медиҳанд, ба ҳисоб мераванд. Зеро аксарияти онҳо ашхоси поквиҷдону бомаърифат буда, бо ин васила номи некашон пайваста вирди забонҳост, зеро ҳар фарди худогоҳу соҳибмаърифат нек медонад, ки:
Ҳар кӣ бо меҳру вафо бар халқ хидмат мекунад,
Номи худро сархати девонӣ миллат мекунад.
Омӯзиши фанни Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои фаъолияти касбии (тахассусии) кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аҳамияти калон дошта бо мақсади ҳимояи бехатарии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъият ва давлат амалӣ карда мешавад. Ҳангоми таъсиси кафедра дар қаторӣ дигар сиклҳо, сикли фанҳои махсус низ таъсис дода шуда буд, ки курсантон фанҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар фанҳои тахассусиро меомӯхтанд. Сикли фанҳои махсус, яке аз сиклҳои асосии Мактаби миёнаи махсуси милитсия ба ҳисоб мерафт, ки омӯзгорони он асосан аз кормандони амалии пуртаҷрибаи даъватшудаи ВКД ИҶШС ва ВКД РСС Тоҷикистон буда, дар тарбия ва тайёр намудани кормандони касбии милитсия саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
Яке, аз хусусиятҳои хоси кафедраи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ аз он иборат аст, ки барои гузаронидани дарсҳои таълимӣ аз фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ омӯзгорон, бояд ҳатман иҷозатномаи махсус дошта бошанд. Санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқие, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро ба танзим медароранд харктери махфӣ доранд. Аз ин лиҳоз ҳайати профессорону омӯзгорони иҷозати махсус дошта машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро аз фанҳои таълимии кафедра мегузаронанд.
Дар фаъолияти педагогиашон устодони кафедра барои баланд бардоштани савияи дониши хеш, обрӯи муассисаи таълимӣ дар тайёр намудан ва истифодаи усулҳои гуногуни таълимӣ ҳиссагузор мебошанд. Барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои таълимию методие, ки омӯзгор дар ҷараёни фаъолияташ оид ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ тайёр мекунад аз таҷрибаи бои кори амалии ӯ дар ин самт гувоҳӣ медиҳад. Аз ин ҷиҳат омӯзиши фанни Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ аз тарафи курсантон ва мутахассисони ин соҳа ба маврид мебошад.
Дар кафедра шакл ва усулҳои таълимии ҳозиразамон ба монанди бозиҳои машқии ба вазъияти оперативӣ вобастабуда, кор бо таҷрибаомӯзон, дарсҳои амалӣ дар дастгоҳҳои оперативӣ ва ғайраҳо истифода мешаванд.
Ҳайати шахсии кафедра дар иҷрои вазифаҳои ВКД оид ба профилактикаи ҷиноятҳо, муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ фаъолона иштирок мекунанд.

530

Омӯзгорони кафедра байни курсантон обрую эҳтироми калон дошта ба онҳо дониши хубу нозукиҳои хизматӣ, қарзи виҷдон, маҳорати баланди касбиро дар машғулиятҳои кафедравӣ меомӯзонанд.
Таърихи пайдоиши кафедраи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ асосан аз се марҳила иборат мебошад.
Марҳилаи якум, дар ҳайати сикли фанҳои махсуси Мактаби миёнаи махсуси милитсияи Душанбегии ВКД ИҶШС, ки солҳои 1970-1991 дар бар мегирад, аз ҳисоби кормандони пуртаҷрибаи дар кори амалӣ фаъолияткунанда омӯзгорон даъват шуда, аз фанни Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии макомоти корҳои дохилӣ ба курсантону шунавандагон дарс меомӯзониданд.
Дар ин давра устодони зерин мисли Куропаткин Е.С., Григорянс Г.Г., Семенов А.А., Сидоренко В.И., Середа С.Г., Лобачёв В.П., Борисов В.П., Ҷонмамадов Х., Худоёрбеков Д.Х., Саидов И.М., Трофимов А.А., Дмитриев А.М., Оврутский Л.И., Кинаш Н.С., Раҷабов И.И., Сафронов П.Е., Мажейко С.В., Ким Е.П. ва дигарон фаъолият намуда, дар соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба курсантон дарс омӯзонида, дар рушду нумӯи ин соҳа ҳиссаи худро гузоштанд.
Дар ҳамон давра роҳбарии сикли фанҳои махсусро шахсони зерин Борисов Владислав Петрович (1970-1972), Семенов Алексей Акимович (1972-1974), Лобачёв Виктор Петрович (1974-1981), Мирбозхонов Шониёз (1981-1982), Орлов Виктор Николаевич (1982-1984), Носиров Саидаҳмад Ҳафизович (1984-1987), Трофимов Александр Александрович (1987-1988) ва Дмитриев Анатолий Максимович (1988-1992) ба ӯҳда доштанд.
Марҳилаи дуюм, дар ҳайати Мактаби Олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои 1991 то 2000 кафедраи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ мустақилона фаъолият мекард. Бо мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ маводи таълимии кафедра давра ба давра ба забони тоҷикӣ омода карда шуд. Аз ҳамон давра дар кафедраи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муаллимон Нумонов Х.И., Сафронов П.Е., Надеин С.В., Горячев А.Н., Дмитриев А.М., Темиров М.Б., Сулаймонов А.Л., Алиев Ш., Зуҳуров З.А., Азизуллоев Ш.С., Табаров Қ.А., Абиров А., Содиқов Р.Л., Худоёрбеков Д.Х. ва дигарон малакаю донишҳои амалии худро ба насли ҷавон пешкаш намуданд.
Дар ин марҳила кафедраи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД дар қатори дигар кафедраҳои Мактаби Олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил фаъолият намуда, роҳбарии онро шахсони зерин Дмитриев Анатолий Максимович (1988-1992), Нумонов Хуршед Ишонкулович (1992-1993), иҷрокунандаи вазифаи сардори кафедра Дмитриев Анатолий Максимович (1993- 1995), Алиев Шарифҷон (1995-1998) ва Сафронов Петр Егорович (1998-2000) ба ӯҳда доштанд.
Марҳилаи сеюм, дар ҳайати Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД аз соли 2000 инҷониб амал карда истодааст. Дар ин давра устодони зерин: Алиев Ш., Азизуллоев Ш., Абиров А., Ҳикматов Ш.Х., Зуҳуров З.А., Самиев Н.М., Темиров М.Б., Ҳомидов С.С., Шарипов Ф.Р., Сатторов Б.Б., Назаров Р., Одинаев М., Маҷидов Р., Зокиров И. ва Зиёев Т.И. маҳорати касбӣ ва амалиашонро дар баланд бардоштани дониши курсантон, ба харҷ доданд.
Аз вақти таъсисёбии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии кафедраи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилиро шахсони зерин Алиев Шарифҷон (2000-2001), Ҳикматов Шомалик Ҳикматович (2001-2006), Маҳкамов Шодмон Ҳотамович (2006-2009), Тауров Сулаймон (2009-2010) ба ӯҳда доштанд. Тибқи фармони сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1 аз 04.01.2010 Шарипов Файзали Раҳмоналиевич ҳамчун сардори кафедра кору фаъолият дорад. Номбурда рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Организационные и правовые основы информационного обеспечения сотрудничества ОВД Республики Таджикистан с местными органами государственной власти в сфере правопорядка» соли 2010 дар Академияи идоракунии Федератсияи Россия, таҳти роҳбарии А.Д.Ульянов номзади илми ҳуқуқ, дотсенти кафедраи Идоракунии МКД ҳимоя намуд. Доир ба масъалаҳои рисолаи номзадиаш монографияи илмӣ, дастури таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ, илмӣ-публисистӣ аз чоп баровардааст.
Ҳамчунин дар пешбурди кори кафедра имрӯз устодони пуртаҷриба ба монанди: Азизуллоев Ш.С., Ҳомидов С.С., Зиёев Т., Самиев Н.М., Маҷидов Р.С., Сатторов Б.Б., Билолов А.Н., Буракова З. ва Толибова Г. саҳмгузоранд.
Аз рӯзҳои аввали фаъолияташ кафедра дар коркарди маводи таълимию методӣ аҳамияти махсус зоҳир менамояд. Дар соли 2007 барномаи таълимӣ аз фанни Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ омода гардид, ки дар Шӯрои олимони Академия тасдиқ гардида, устодони кафедра мувофиқи он машғулиятҳоро ба роҳ мондаанд.
Дар кафедра аз фанҳои таълимии зерин ба монанди: низоми махфӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ дар самти тафтишот ва фаъолияти маъмурӣ ва курсҳои махсус ба монанди: фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ оид ба пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноят дар байни ноболиғон ва ҷавонон, ташкили кори мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ташкили фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, ташкили кори кофтуковӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, асосҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ ва экспертизаи бухгалтерияи судӣ барои курсантон ва шунавандагон сабақ омӯзонида мешавад. Ҳамаи машғулиятҳои устодони кафедра дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо истифодаи шаклу усулҳои навтарини техникаи муосир амали карда мешавад (таҳлил намудани вазъияти оперативӣ, дискуссия, усули гурӯҳӣ, бозиҳои машқӣ ва ғайраҳо).
Кафедра аз фанҳои номбаршуда маводи зиёди таълимӣ-методиро доро мебошад, аз ҷумла: барномаҳои намунавӣ, лексияҳои фондӣ, маводи таълимӣ ва методие, ки барои ташкили ҷараёни таълим зарур аст.
Дар кафедраи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ маҳфили илмӣ-тадқиқотӣ амал менамояд, ки сарварии ин маҳфилро Самиев Н.М. ба ӯҳда дошта, курсантонро дар касби интихобнамудаашон оид ба самти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ қуввати иловагӣ мебахшад.
Дар самти баланд бардоштани малакаи касбии худ муаллимони зерини кафедра Шарипов Ф.Р., Ҳомидов С.С., Сатторов Б.Б., Азизуллоев Ш.С. ва Самиев Н.М. дар семинару тренингҳои байнидавлатӣ иштирок намуда бо сертификат ва гувоҳномаҳо сазовор шудаанд.
Айни замон дар воҳиди штатии кафедра шахсони зерин кор ва фаъолият мекунанд: Шарипов Ф.Р. - сардори кафедра, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия, Азизуллоев Ш.С. - муаллими калони кафедра, полковники милитсия, Ҳомидов С.С. - муаллими калони кафедра, подполковники милитсия, Зиёев Т.Ҳ. – муаллими калони кафедра кафедра, полковники милитсия, Самиев Н.М.- муаллими калони кафедра, подполковники милитсия, Маҷидов Р.С. - муаллими кафедра майори милитсия, Билолов А.Н – сардори синфхонаи таълимӣ, лейтинанти калони милитсия ва Толибова Г.- корманд мутахассисӣ кафедра, старшинаи милитсия.
6). Кафедраи Ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ, таҳти роҳбарии номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Насуров Пӯлод Асадуллоевич.
Мактаби миёнаи махсуси Душанбегии милитсияи ВКД ИҶШС соли 1970 ба фаъолият шуру кард, ки дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷӯстуҷӯи, фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ ва хусусан дар самти хизмати муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ҳиссаи арзанда гузоштааст. Дар ин мактаб дар қатори дигар сиклҳо, сикли фанҳои махсус таъсис дода шуда буд, ки дар он ба курсантону шунавандагон дар муддати ду сол фанҳои Ҳуқуқи маъмурӣ, Фаъолияти маъмурии мақомоти қорҳои дохилӣ, Фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ ва дигар фанҳои тахассусӣ омӯзонида мешуданд. Ин сикл, яке аз сиклҳое ба ҳисоб мерафт, ки бо таъсисёбии Мактаби миёнаи махсуси Душанбегии милитсия таъсис дода шуда буд ва дар тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи ташкил ва фаъолияти хизмати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва фаъолияти оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ барои РСС Тоҷикистон ва дигар ҶШС саҳми арзанда гузоштааст:
Дар ин давра муалимони зерин: Куропаткин Е.С., Яшкин М.И., Сатибалдиева Т., Лобачёва В.П., Борисова В.П., Середа С.Г., Борисова В.П., Петров В.Д., Борисов В.А., Бражников А.А., Ҷонмамадова Х., Семенова А.А., Худоёрбеков Д.Х., Саидов И.М. ва дигарон фаъолият намуда аз фанҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба соҳаи фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ тааллуқ дошта дарс омӯзонида дар пешравии ин соҳа ҳиссаи худро гузоштанд.
Кабинети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 Қарор «Дар бораи ташкил додани Мактаби олии Душанбегии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23 декабр таҳти №372 қабул намуд, ки барои таъмин намудани МКД бо мутахассисони ин соҳа равона карда шуда буд. Худи ҳамон сол дар Мактаби олии Душанбегии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи Ҳуқуқи гражданӣ ва Ҳуқуқи маъмурӣ таъсис дода шуд.
Омӯзгорони ин кафедра аз фанҳои ҳуқуқи гражданӣ, Ҳуқуқи мамурӣ, Фаъолияти мамурии МКД, Ҳуқуқи гумрук, Политсияи мамлакатҳои хориҷӣ, Ҳуқуқи экологӣ, Асосҳои идоракунӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ дарс мегузаштанд. Дар ин давра кормандони амалии пуртаҷриба, барои малакаю донишҳои амалии худро ба насли ҷавон пешкаш намудан ба ҳайси омӯзгорон даъват карда шуда буданд, аз ҷумла: Бобоев А.Ю., Морозов А.П., Горячев А.Н., Каюмов С.А., Ёров Қ. ва дигарон буданд.
Аз соли 1993 то соли 1997 роҳбарии кафедра ба души корманди амалии пуртаҷриба Абдуразоқов Рифкат Ниёзович вогузор карда шуда буд, ки ин шахс зиёда аз 40 сола таҷрибаи кори дошт, аз вазифаи нозири қаторӣ фаъолиятро оғоз намуда то вазифаи ҷонишини сардори РКД шаҳри Душанбе кору фаъолият намудааст. Ин шахси кордону роҳбари наҷиб бевосита барои беҳбудӣ ва пешравии кафедра саъю кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Дар ин давра бо роҳбарии ин шахсияти мӯътабар дар кафедра таҳавуллоти назаррасӣ мусбӣ ба анҷом расонида шуда буданд. Дар муддати зикргашта омӯзгорони пуртаҷриба дар кафедра адои вазифа намуданд ба монанди: Ҷонмамадов Х., Газарян Л.В., Сулайманов А.Л., Олимова Г.М., Каюмов С.А., Ёрова Қ., Каримов А.М., Гарибов М. П., Воҳидов Қ. А., Наҷбудинов Т., Бухориев Н.А., Хайруллоев Ф. С., Глухов А.М. ва дигарон.
Роҳбарии кафедраро солҳои 1997-1998, полковники милитсия Ҷонмамадов Х., ба ӯҳда дошт. Устод Ҷонмамадов Х., яке аз омӯзгороне буд, ки аз рӯзҳои аввали ташкилшавии Мактаби миёнаи махсуси Душанбегии милитсия фаъолияти меҳнатиашро оғоз намудааст. Зиёда аз 30 соли умри бобаракати худро ба ин даргоҳ бахшидааст, чӣ дар давраи Мактаби олӣ ва чӣ дар давраи Академия. Айни замон ин педагоги шинохта аз МКД ба нафақа баромада, фаъолияти педагогии худро дар Донишгоҳи славянию русӣ идома дода истодааст.
Бо фармони сардори Мактаби Олии милитсия соли 1998 кафедраи Хуқуқи гражданӣ ва ҳуқуқи маъмурӣ ба ду кафедраи мустақил тақсим карда шуд, яъне ба кафедраи Фанҳои ҳуқуқии-гражданӣ ва ба кафедраи Ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии МКД.
Кафедраи Ҳуқуқи маъмурӣ ва Фаъолияти маъмурие, ки айни замон дар Академияи ВКД амал намуда истодааст соли 1998 таъсис додашуда ба ҳисоб меравад. Иҷрокунандаи муввақатии вазифаи сардори кафедра ба муалими калони кафедра Каримов А.М, вогузор карда шуда буд.
Аз рӯзҳои аввали мустақилона фаъолият намудани кафедра омӯзгорони болаёқати таҷрибаи назариявию амалӣ дошта ба кафедра даъват карда шуданд, ки то ҳол дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи МКД ва алалхусус Академияи ВКД фаъолият намуда истодаанд, аз ҷумла Глухов А.М., Самиев Н.М., Хасанов З.Ш., Саидов З.А., Абдуллоев М.С., Зуҳуров З.А., сардори синфхонаи махсус Каюмова З.К., корманд мутахасис Кабирова М.И. ва ғайраҳо. Қайд намудан зарур аст, ки аз омӯзгорони ҳамон вақт дар кафедра фаъолият намуда ду нафарашон Саидов З.А. ва Гадоалиева Н.Б. рисолаҳои илмии хешро дифоъ намуда номзадҳои илми ҳуқуқ гардиданд.
Аз соли 2002 то соли 2003 роҳбарии кафедраро олими барҷастаи соҳаи ҳуқуқи Тоҷикистон доктори илми ҳуқуқ, профессор Сотиволдиев Р.Ш., ба ӯҳда доштаанд. Қайд намудан бамаврид аст, ки ин олими барҷаста муаллифи китобҳои таълимӣ зиёде ба монанди: Назарияи идоракунӣ, Проблемаҳои назарияи давлат ва ҳуқуқ, Назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат, Назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат дар шакли мафҳумҳо ва нақшаҳо ва дигар маводи таълимӣ методие мебошад, ки дар ташаккули илми назарияи идоракуни ва алалхусус назарияи идоракунии МКД Тоҷикистан саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
Саҳми арзандаро дар ташаккулёбии кафедра Каримов А.М. гузоштааст. Аз соли 2003 то соли 2009 роҳбарии кафедра ба корманди пуртаҷрибаи амалии соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва омӯзгори болаёқат Каримов А.М., вогузор карда шуда буд. Каримов А.М. муаллифи албом-схемаи Асосҳои идоракунии МКД бо забони тоҷикӣ аст, боиси ифтихор аст, ки ин аввалин китоб дар соҳаи Асосҳои идоракунии МКД бо забони давлатӣ аз чоп баромадааст. Инчунин номбурда муаллифи Албом - схемаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамчун дастури таълимӣ китоби рӯи мизи курсантон ба ҳисоб меравад. Дар давраи роҳбарии ин марди серғайрат дар кафедра дигаргуниҳои куллӣ ба анҷом расонида шуда буд, яъне аз ин давра (аз соли таҳсили 2008-2009) оғоз карда дар Академия тайёр намудани мутахассисон барои МКД бо тахассусҳо оғоз карда шуд, ки саҳми Каримов А.М. дар ин ҷода низ арзанда аст. Қайд намудан зарур аст, ки яке аз тахассусҳои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои МКД дар Академия ин тахассуси ҳифзи тартиботи ҷамъиятист, ки саҳмгузори арзандаи тайёр намудани мутахассисон дар ин ҷода кафедраи Ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии МКД ба шумор меравад. Шогирдоне, ки аз рӯи ин тахассус Академияи ВКД хатм намуданд дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи соҳаи хизмати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуда истодаанд.
Хизматҳои бисёрсолаи Каримов А.М ба назар гирифта шуда, соли 2007 ӯ бо унвони омӯзгори сол сарфароз гардонида шуда аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шудааст. Инчунин соли 2010 аз ҷониби ҷамъияти Дониш бо нишони фахрии «Барои кори шоён» сарфароз гардонида шудааст.
Аз соли 2010 роҳбарии кафедра ба ӯҳдаи номзади илми ҳуқуқ Насуров П.А. вогузор карда шуд. Номбурда рисолаи илмиро дар мавзӯъи «Оқибатҳои криминалии муҳоҷирати ғайриқонунӣ» ҳимоя намуда, муаллифи зиёда аз бист мақолаи илмист. Самти асосии фаъолияти илмиаш ин омӯзиши бевоситаи проблемаҳои актуалии танзими муҳоҷирати аҳолии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо пешниҳоди роҳбарияти Академия соли 2010 барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.
Ҳоло ҳайати омӯзгорони кафедраро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин ҳам боиси ифтихор аст, зеро сарвари давлат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонон қайд намуданд «Агар ҷавонон ояндаи миллат бошанд пас ҷавонони боистеъдоду лаёқатмандро мояи ифтихор ва сарбаландии миллӣ номид».
Солҳои охир омӯзгорони кафедра дар ташаккули фаъолияти илмии Академия саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Майлу рағбати омӯзгорони кафедра нисбат ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ зиёд шуда истода, мунтазам мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-публисистӣ навишта дар журналҳои илмӣ ва маҷалаҳои даврӣ ба нашр мерасонанд.
Аз соли 2005 то 2010 Мавзӯи илмӣ тадқиқотии кафедра «Проблемаҳои актуалии танзими фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии мақомоти корҳои дохилӣ» интихоб шуда буд, дар ин самт аз ҷониби омӯзгорони кафедра корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Самти фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра барои солҳои 2011-2015 «Проблемаҳои амалигардонии сиёсати давлат дар соҳаи муҳоҷират дар Тоҷикистон ва дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муайян карда шудааст. Омӯзгорони кафедра дар ин самти тадқиқоти илмии кафедра барои солҳои муайянгардида кӯшишҳои дахлдорро доир ба даст овардани натиҷаҳои нави илмӣ ба харҷ хоҳанд дод.
Омӯзгорони кафедра дар такмили қонунгузории ҷорӣ ба воситаи навиштани тағйироту иловаҳо ба лоиҳаҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ВКД фаъолона ширкат меварзанд.
Айни замон дар кафедра мутобиқи барномаи таълимӣ панҷ фанни таълимӣ мавҷуд аст. Омӯзгорони кафедра дар факултетҳои №2 ва №3 аз фанҳои таълимии Ҳуқуқи маъмурӣ, Фаъолияти маъмурии МКД, Асосҳои идоракунии МКД, Ҳуқуқи экологӣ ва аграрӣ ва курси махсуси Фаъолияти маъмурии МКД ба шогирдон сабақ меомӯзанд.
Дар назди кафедра маҳфили илмӣ назариявии «Ҳомии тартибот» амал мекунад, ки ҳарсола зиёда аз панҷҷоҳ аъзоёни маҳфил бо ёрии бевоситаи омӯзгорони кафедра ба навиштани реферату, мақолаҳои илмӣ машғуланд, ки натиҷаҳои он дар Осори илмии Академия ба нашр мерасанд.
7). Кафедраи Фанҳои ҳуқуқи гражданӣ, таҳти роҳбарии номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Хайруллоев Фаррух Сайфуллоевич.
Ҳамчун кафедраи мустақил кафедраи фанҳои ҳуқуқии гражданӣ аз соли 1999 фаъолияти худро оғоз намуд. Пеш аз ин фанҳои таълимии ба кафедра марбутбуда, хусусан, Ҳуқуқи гражданӣ ва оилавӣ, Ҳуқуқи меҳнатӣ, Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ, Ҳуқуқи экологӣ ва аграрӣ, Ҳуқуқи хусусии Рим ва Мурофиаи гражданӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедраи фанҳои ҳуқуқии маъмурӣ ва ҳуқуқии граждании Мактаби олии Душанбегии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзонда мешуданд. Кафедраи номбурда аз соли 1992 то соли 1999 фаъолият кардааст.
Пеш аз табдил додани Мактаби миёнаи махсуси Душанбегии ВКД ИҶШС ба Мактаби олии ВКД Душанбегии Ҷумҳурии Тоҷикистон фанҳои таълимии марбут ба кафедраи фанҳои ҳуқуқии гражданӣ, хусусан, Ҳуқуқи гражданӣ ва оилавӣ, Ҳуқуқи меҳнатӣ ва Мурофиаи гражданӣ аз ҷониби омӯзгорони сикли фанҳои умумии ҳуқуқӣ омӯзонда мешуданд.
Аз рӯзи аввали ташкилшавӣ кафедраи фанҳои ҳуқуқии гражданиро кормандони обрӯманду болаёқати мақомоти корҳои дохилӣ сарварӣ кардаанд, ки онҳоро бо эҳтироми зиёд ва самимона ёддоварӣ кардан ҷоиз аст: Ҷонмамадов Х., полковники милитсия (1999-2002), Махкамов Ш.Ҳ., полковники милитсия (2002-2006), Саидов А.Ҳ., полковники милитсия (2006-2008).
Кафедраи фанҳои ҳуқуқии гражданӣ яке аз ҷузъи таркибии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Кафедраи мазкур ба курсантҳо ва шунавандаҳо фанҳои таълимии Ҳуқуқи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар факултетҳои №2 ва №3 меомӯзонад. Тибқи фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №271 аз 17 марти соли 2010 «Дар бораи ворид кардани вазифаҳои нозирон доир ба мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила» кафедра омӯзондани фанни Пешгирии зӯроварӣ дар оиларо дар факултети №2 низ ба ӯҳда дорад.
Имрӯз дар кафедраи фанҳои ҳуқуқии гражданӣ як қатор кормандони илмӣ фаъолияти илмӣ ва таълимию методии худро такмил дода истодаанд, аз ҷумла, номзадони илмҳои ҳуқуқ Хайруллоев Ф.С., Бобоев Ҷ.Қ., Отабоева Л.О., адъюнкт Норов Ҷ.К., аспирантҳо Хайитов С.П. ва Расулов Ф.М., унвонҷӯён Ҳалимова Д.Д. ва Эшаҳмадов Ш. Бояд қайд кард, ки рисолаҳои номзади илмҳои омӯзгорон Норов Ҷ.К., Ҳайитов С.П., Расулов Ф.М. ва Ҳалимова Д.Д. барои дифоъ омодаанд. Қайд кардан муҳим аст, ки то соли 2008 дар кафедра ғайр аз як нафар олим - н.и.ҳ. Нодиров Ф.М. дигар ягон аъзои кафедра унвон ва дараҷаи илмӣ надоштанд. Дар шароити ҳозира бошад қудрати илмии кафедра зиёд шуда истодааст, ки ин ба кафедра имконият медиҳад, ки масъалаҳои муосирро аз ҷиҳати илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалӣ дуруст ва бомуваффақият ҳал намоянд.
Мавзӯи илмии кафедра барои солҳои 2010-2015 доир ба «Қонунгузории меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои назария ва амалия» (Протоколи ҷаласаи кафедра таҳти №8 аз 18 марти соли 2010) муайян гардидааст. Дар ин радиф кафедра, аллакай, 11 январи соли 2011 семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Проблемаи табъизи занҳо дар муносибатҳои меҳнатӣ ва оилавӣ» дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуд.
Самти тадқиқоти илмии ҳайати профессорӣ ва омӯзгории кафедраи фанҳои ҳуқуқии гражданӣ чунин мебошад:
1. Хайруллоев Фаррух Сайфуллоевич, номзади илмҳои ҳуқуқ – Ихтисос: 12.00.01 - теория и история права и государства; история учений о праве и государстве – «Принцип справедливости в мусульманском праве».
2. Бобоев Ҷамрод Қурбонович, номзади илмҳои ҳуқуқ – Ихтисос: 12.00.03 – гражданское право; предпринимательское право; семейное право; международное частное право – «Договор коммерческой концессии по законодательству Республики Таджикистан».
3. Отабоева Лола Ортуковна, номзади илмҳои ҳуқуқ – Ихтисос: 12.00.08 – уголовное право и криминология; уголовно-исполнительное право – «Охрана личных прав и свобод женщин в семейно-бытовой сфере: уголовно-правовой и криминологический аспекты (по материалам Республики Таджикистан)».
4. Норов Ҷамолиддин Камолиддинович, адъюнкти Академияи идоравии ВКД Федератсияи Россия – Ихтисос: 12.00.11- судебная власть, прокурорский надзор, организация правоохранительной деятельности - «Деятельность МВД Республики Таджикистан по обеспечению правового режима чрезвычайного положения (по материалам Республики Таджикистан)».
5. Ҳайитов Сайидалӣ Поргиевич, аспиранти Институти фалсафа и ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ихтисос: 12.00.01 – теория и история права и государства; история учений о праве и государстве – «Становление и развитие налогового законодательства в Республике Таджикистан (вторая половина XIX - начало XXI вв.)».
6. Расулов Фотеҳ Мирқозиевич, аспиранти Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ихтисос: 12.00.01 - теория и история права и государства; история учений о праве и государстве – «Развитие законодательства по финансово-контрольной деятельности Таджикистана».
7. Ҳалимова Дилафрӯз Додихудоевна, унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ - Ихтисос: 23.00.02 – политические институты; этнополитическая конфликтология; национальные и политические процессы и технологии (политические науки) – «Экологическая политика Республики Таджикистан в условиях демократизации общества».
8. Эшаҳмадов Шомурод, унвонҷӯи кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ - Ихтисос: 13.00.01 – общая педагогика; история педагогики и образования (педагогические науки) - «Формирование педагогической культуры у слушателей Академии МВД Республики Таджикистан».
Кафедраи фанҳои ҳуқуқии гражданӣ дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон низ чораҳои муфид меандешад. Дар кафедра омӯзгорони ҷавон, ки аллакай сазовори аҳсанту офарин мебошанд ва умед дорем, ки ояндаи кафедра низ ҳастанд, бовиҷдонона меҳнат карда истодаанд – лейтенанти калони милитсия Қурбонов А.А., лейтенанти калони милитсия Қурбонова Ҷ.Ғ., сержанти калони милитсия Саидова Ҷ.Ғ.

Дар ташкил ва рушди кафедраи фанҳои ҳуқуқии граждании Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми омӯзгорони мазкур, ба монанди, Абдуразоқов Р.Н., Газарян Л.В., Нодиров Ф.М., Бухориев Н.А., Хоҷаев Д., Глухов А.М., Самиев Н.М., Воҳидов Ш.У., Нӯъмон Қурбон, Куҷев Н.Х., Саидамирова Ф.Ш., Бобоҷонов Н., Попова М.С., Ғиёсов Ҷ. низ арзанда мебошад. Онҳо дар солҳои гуногун бо меҳнати самароноки худ кафедраро ба дараҷаи назаррас расондаанд.
Ҳайати имрӯзаи олимону омӯзгорони кафедраи фанҳои ҳуқуқии гражданӣ бо сардории Хайруллоев Ф.С., номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия дар такмили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саъю кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодаанд. Дар тӯли солҳои 2008 - 2011 аз ҷониби онҳо ба лоиҳаҳои мухталифи қонуну қарорҳои таҳияшудаи мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, инчунин Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 таклифу пешниҳоди муфид манзур карда шуд.

Бояд қайд кард, ки кафедраи фанҳои ҳуқуқии гражданӣ дар фаъолияти худ, хусусан, дар самти илмӣ ва таълимию методӣ бо дигар ҷузъҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (факултетҳо ва кафедраҳо) ва муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазоратҳо ҳамкории зич анҷом медиҳад. Дар ин радиф зикр кардан лозим аст, ки омӯзгорон Отабоева Л.О. – корманди дастгоҳи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобоев Ҷ.Қ. ва Ҳайитов С.П. - омӯзгорони Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, Расулов Ф.М. – ходими хурди илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эшаҳмадов Ш. - омӯзгори кафедраи Такмили ихтисос ва бозомӯзии факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Шахсони номбурда таҷрибаи назариявию амалии худ ва мақомоту муассисаҳое, ки аз ҷониби онҳо намоянда мешаванд дар таълим ва тарбияи курсантҳо ва шунавандаҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда, ба фаъолияти илмию омӯзгории кафедра илҳоми тоза мебахшад ва обрӯю нуфузи онро зиёда мекунад. Инчунин ҷолиби зикр аст, ки сардори кафедра, Хайруллоев Ф.С. бо кафедраи фанҳои ҳуқуқии давлатии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ карда, ба ҳайси профессори кафедра (0,25% - соатбайъ) ба курсантҳо ва шунавандаҳо аз фанҳои Назарияи давлат ва ҳуқуқ ва Ҳуқуқи ислом сабақ меомӯзонад.
Дар баробари ин ҳайати олимон ва омӯзгории кафедраи фанҳои ҳуқуқии гражданӣ Хайруллоев Ф.С. ва Қурбонов А.А. баҳри баланд бардоштани дараҷаи касбияти худ ба сифати ҳимоячӣ ва намоянда дар мурофиаҳои гуногуни гражданӣ бевосита иштирок карда, дар ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва пойдор шудани адолати иҷтимоӣ ва судӣ саҳми бебаҳо мегузоранд. Инчунин баён кардан лозим аст, ки сардори кафедра, Хайруллоев Ф.С. дар ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Қонун ва ҷомеа рубрикаи «Пурсед, ҷавоб медиҳем»-ро пеш бурда, дар он ба саволҳои гуногуни хонандагон тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назарияи пешқадами муосири ҳуқуқ посух ва маслиҳатҳои муфиду зарурӣ медиҳад.
Ҳамин тариқ, ҳайати олимону омӯзгории кафедраи фанҳои ҳуқуқии гражданӣ ғамхорӣ ва кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад, ки курсантҳо ва шунавандаҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони баландихтисос тайёр шаванд. Мутахассисоне бошанд, ки дар ҷомаи амал пӯшидани мақсади халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон ҳамеша таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намоянд, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморанд, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кунанд, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор диҳанд.

Дар сафи пеш аз рост ба чап: муаллими кафедра, капитани милитсия Ҳалимова Д.Д., муаллими кафедра, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Отабоева Л.О., сардори синфхонаҳои кафедра, лейтенанти калони милитсия Қурбонова Ҷ.Ғ., корманд-мутахассиси кафедра, сержанти калони милитсия Саидова Ҷ.Ғ., дар сафи пас аз рост ба чап: муаллими кафедра Ҳайитов С.П., муаллими кафедра, лейтенанти калони милитсия Қурбонов А.А., сардори кафедра, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Хайруллоев Ф.С., муаллими кафедра, номзади илмҳои ҳуқуқ Бобоев Ҷ.Қ., муаллими кафедра Расулов Ф.М.
8). Кафедраи Забонҳо, таҳти роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, подполковники милитсия Саидолимов Комилҷон Саидмирзоевич.
Яке аз нахустин кафедраҳои дар ҳайати факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисёфта (1991) кафедраи Забонҳо мебошад, ки дар омода намудани мутахассисони соҳаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ нақши муҳим бозидааст. Дар кафедра аз чор фан таълим дода мешавад: забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ ва алифбои ниёгон. То ташкил гардидани Мактаби олии Душанбегии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, он қаблан таҳти унвони кафедраи Фанҳои гуманитарӣ номгузорӣ шуда, фаъолият мекард.
Агар мо ба собиқаи таърихии он таваҷҷӯҳ намоем, нахустустодони он ҳанӯз аз давраи ба ҳайси Мактаби миёнаи махсуси милитсия фаъолият кардани ин таълимгоҳ, яъне аз соли 1972 то 1991, ба тадрису тарбия шурӯъ карда буданд. Он вақт омӯзгорон дар ҳайати кафедраи Фанҳои гуманитарӣ фаъолият намуда, танҳо аз фанҳои забони русиву дарӣ дарс мегуфтанд.
Аввалин устодони фанни забони дарӣ ва тарҷумаи амалӣ полковники милитсия Миров С.М., аз 24.02.1981, капитани милитсия Гулрӯзов М.Н. аз 17.05.1982 ва майори милитсия Зикриёев У.Ҷ. аз 14.05.1987 то 04.06.1992 маҳсуб мешаванд, ки бо супориши роҳбарияти ҳамонвақтаи собиқ Вазорати корҳои дохилии ИҶШС ва Нақшаи таълимии Мактаби мазкур, ҷиҳатии тайёр намудани тарҷумонҳо аз фанни забони дарӣ ва тарҷумаи амалӣ ба таълиму тарбия машғул буданд. Ҳамзамон, дар ин таълимгоҳ нахустин омӯзгорони фанни забони русӣ Холова Н.А., аз 07.11.1974, Макеева Н.Е., аз 06.02.1978, Орифова М.Ю., аз 14.05.1982 ва Ёқубов М.Х. ба шумор мераванд, ки аз тадриси фанни забони русӣ фаъолияти омӯзгории хешро шурӯъ кардаанд.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, дар заминаи ҳамон Мактаби миёнаи махсуси милитсия, Мактаби олии ВКД таъсис дода шуд ва ҳамзамон кафедраи Забонҳои факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ташкил гардид, ки нахустсарвари он доктори илми филология, профессор Восиев Қ.В., аз 04.11.1992 таъйин гардид. Мавсуф то соли 1997 фаъолият кардааст. Дар замони сарварии профессор Восиев Қ.В. ҳайати кафедра аз ҳисоби устодон пурратар гардида, аз ҷониби ӯ 4 монография, зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ ба табъ расонида шудааст. Дар ин давра дар кафедра устодони фанни забони тоҷикӣ Саидолимов К.С., Давлатшоева А.Ш., Муродов М., устоди фанни забони русӣ Макеева Н.Е. ва устоди фанни забони англисӣ Азизова Л. фаъолият кардаанд.
Аз соли 1998 то соли 2007 сарварии кафедра бар дӯши полковники милитсия Миров С.М. вогузор шуда буд. Дар тӯли ин давра боз 6 нафар омӯзгорон Мақсудов Р.М., аз июни соли 1999, номзади илми филология, дотсент Хокироев Р.Г., аз ноябри соли 2003, Ёраков С., аз апрели 2004, Аҳмадов С.А., аз феврали 2004 ва Назруддинов М.З., аз ноябри 2006 ба ҳайси устодони фанни забонҳои русиву тоҷикӣ ва англисӣ ба кор таъйин гардиданд.
Дар ин муддат аз ҷониби сардори кафедра, полковники милитсия Миров С.М. як дастури методии «Иншо ва иншонигорӣ», аз ҷониби дотсенти кафедра, подполковники милитсия Хокироев З.Г. ду дастури таълимӣ таҳти унвонҳои «Корҳои мустақилонаи донишҷӯён» (2001, 2003), «Сиёвуш дар устура ва адабиёт» (2005), як монография «Сайри таҳаввули симои Сиёвуш дар адабиёти форсу тоҷик» (2007) ва аз ҷониби устоди кафедра, Аъзои Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Давлатшоева А.Ш. бошад, ду маҷмӯаи ашъор таҳти унвони «Парвоз» (2000) ва «Таронаи муҳаббати диёр» (2002) ба табъ расонида шудааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №557 аз 30 декабри соли 2001, Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Аз соли 2007 то соли 2011 роҳбарии кафедраро номзади илми филология, подполковники милитсия Саидолимов К.С. ба ӯҳда дошт. Дар ин муддат самти мавзӯи илмии кафедра «Таъмини илмӣ-методии тадриси фанҳо дар кафедраи Забонҳо» муайян карда шуда, дар иртибот бо он аз ҷониби устодони кафедра як монография таҳти унвони «Тасвири инсон дар ҳикояву тамсилоти «Маснавии маънавӣ» Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ» Саидолимов К.С., (2007), 3 дастури таълимӣ: «Практический курс по русскому языку для курсантов 1 курса» Макеева Н.Е. Китоби 1. Душанбе, (2008); «Практический курс по русскому языку для курсантов 1 курса» Макеева Н.Е. Китоби 2. Душанбе, (2008); «Справочник по русскому языку» Мақсудов Р.М., (2010), «Фарҳанги истилоҳоти касбӣ» Саидолимов К.С., Асламов Б.С. ва Ташрифов А., (2010), силсиламақолаҳои илмӣ, илмӣ-публисистӣ ва барномаҳои таълимӣ, аз қабили шаш барномаи таълимии фунуни хат ва матни имлои классикӣ Саидолимов К.С., (2007), забони тоҷикӣ Саидолимов К.С., Давлатшоева А.Ш., Муродов М., (2007), забони русӣ Макеева Н.Е., Мақсудов Р.М., (2009), забони англисӣ Аҳмадов С.А. ва Назруддинов М.З., Саидолимов К.С., (2010), таҷрибаомӯзии шунавандагони курси 4 факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи ваколатдори оперативӣ Маҳкамов Ш.М., Саидолимов К.С., (2007) ва Этикаи касбӣ ва корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ Асламов Б.С., Саидолимов К.С., (2007) мураттаб ва ба табъ расонида шудаанд.
Илова бар ин, маводи илмиву методӣ ва барномаву дастурҳои таълимии ҳайати профессорону омӯзгорони Академия, инчунин «Осори илмӣ»-и Академия аз ҷониби устодони кафедра пайваста мавриди таҳриру такмил қарор мегирад.
Бо муайян намудани самти фаъолияти илмии кафедра робитаи он бо дигар кафедраҳои муассисаҳои олии таълимӣ барқарор ва мустаҳкам карда шуд. Вобаста ба таҷлилу бузургдошти бузургони адабиёту фарҳанги гузашта ва ҷашнвораву санаҳои таърихӣ аз ҷониби роҳбарият ва ҳайати устодони кафедра семинару конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои хусусияти илмӣ дошта доир карда шудааст ва идома дорад.
Тибқи Фармони сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №96 аз 11.03.2011 ба вазифаи сардори кафедраи Забонҳо, подполковники милитсия Давлатшоева А.Ш. таъйин гардид. Китоби дарсии «Омӯзиши истилоҳоти риштаи ҳуқуқшиносӣ» ба қалами сардори кафедра, подполковники милитсия Давлатшоева А.Ш. тааллуқ дошта, номбурда, инчунин, муаллифи чандин мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва дастуру барномаҳои таълимӣ мебошад.
Айни замон дар воҳиди штатии кафедра шахсони зерин кор ва фаъолият мекунанд: Давлатшоева А.Ш. – сардори кафедра, подполковники милитсия, Макеева Н.Е. - муаллими калони кафедра, майори милитсия, Мақсудов Р.М. - муаллими калони кафедра, капитани милитсия, Аҳмадов С.А. – муаллими кафедра, капитани милитсия, Назруддинов М.З. - муаллими кафедра, лейтенанти калони милитсия, Саидов И. - сардори синфхонаи таълимӣ, лейтенанти калони милитсия, Бобоҷонова З. - корманд-мутахассис, сержанти хурди милитсия, Саидолимов К.С. - омӯзгор - ҳамкор ва Ҷумъаев М.О. - омӯзгор – ҳамкор (0,5 баст).
9). Кафедраи Тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ, таҳти роҳбарии, полковники милитсия Темиров Субҳонидин Бурҳонович.
Мактаби миёнаи махсуси милитсияи Душанбегии ВКД ИҶШС соли 1970 ба фаъолият шурӯ кард ва дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси мақомоти корҳои дохилӣ ҳиссаи арзанда гузошт. Дар ин мактаб дар қаторӣ дигар сиклҳо, сикли тайёрии ҷисмонӣ таъсис дода шуда буд, ки дар он ба курсантону шунавандагон дар муддати ду сол фанҳои Тайёрии ҷисмонӣ, Тайёрии оташфишонӣ, Тактикаи махсус ва Тайёрии ронандагӣ омӯзонида мешуданд.
Роҳбари аввалини сикли тайёрии ҷисмонӣ аз соли 1970, капитани милитсия Сарыгин Василий Фёдорович ба шумор меравад. Аз соли 1976 ҳамчун кафедраи Тайёрии ҷисмонӣ ва ҳарбӣ номгузорӣ карда шуда то соли 1991 фаъолияти худро давом додааст, ки роҳбарии онро, подполковники милитсия Орипов Тухтахоҷа ба ӯҳда дошт.
Кабинети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 Қарор «Дар бораи ташкил додани Мактаби олии Душанбегии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23 декабри соли 1991 таҳти №372 қабул намуд, ки он барои таъмин намудани МКД бо мутахассисони ин соҳа равона карда шуда буд. Худи ҳамон сол дар Мактаби олии Душанбегии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи «Тайёрии ҷисмонӣ ва ҳарбӣ» таъсис дода шуд.
Аз соли 1992 то соли 1997 кафедраи Тайёрии ҷисмонӣ ва ҳарбиро, полковники милитсия Юльчиев Шавкат Хоҷиевич роҳбарӣ намудааст. Омӯзгорони ин кафедра аз фанҳои Тайёрии ҷисмонӣ, Тайёрии оташфишонӣ, Тактикаи махсус ва Тайёрии ронандагӣ дарс мегузаштанд. Дар ин давра кормандони амалии пуртаҷриба, барои малакаю донишҳои амалии худро ба насли ҷавон пешкаш намудан ба ҳайси омӯзгорон даъват карда шуда буданд.
Аз соли 1997 то соли 2005 роҳбарии кафедра ба души корманди амалии пуртаҷриба, подполковники милитсия Аминов Хайриддин Нуридинович вогузор карда шуда буд. Ин шахси кордону роҳбари наҷиб бевосита барои беҳбудӣ ва пешравии кафедра саъю кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Дар ин давра таҳти роҳбарии ин шахси ботаҷриба дар кафедра таҳавуллоти назаррасӣ мусбӣ ба анҷом расонида шуд. Бояд қайд кард, ки дар ин давра Яхьяев Фарҳод Наимович, муаллими кафедра, лейтенанти милитсия дар соли 2003 дар мусобиқаи байналмиллалӣ иштирок намуда соҳиби унвони устоди варзиши дараҷаи байналмиллалӣ гардид.
Бо фармони сардори Академия соли 2005 кафедра Тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ номгузорӣ карда шуд ва роҳбарии онро, майори милитсия Раҳимов Рустам Хушбахтович ба ӯҳда гирифт. Аз соли 2009 то инҷониб кафедраро, полковники милитсия Темиров Суфҳонидин Бурхонович роҳбарӣ мекунад, ки аъзоёни кафедра аз омӯзгорони ботаҷриба ба монанди: Сангов Мирзоали - муаллими калони кафедра, полковники милитсия, Зокиров Муродалӣ Назаралиевич - муаллими калони кафедра, полковники милитсия, Шакаров Бахтиёр Назифович – муаллими кафедра, лейтенанти калони милитсия, Раҳмонов Искандар Нигматулоевич - муаллими кафедра, лейтенанти калони милитсия, Нуралиев Акрамҷон Ҳаитмуродович – муаллими кафедра, лейтенанти калони милитсия, Яхьяев Фарҳод Наимович – муаллими кафедра, лейтенанти милитсия, Саидов Илҳом Ҳалимович - сардори синфхонаи таълимӣ (ҳоло ин вазифа холӣ), лейтенанти калони милитсия иборат мебошад.
Айни замон устодони кафедраи Тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ дар факултетҳои №№2, 3 ва 5 Академия аз рӯи 4 фанҳои таълимии Тактикаи махсус, Тайёрии ҷисмонӣ, Тайёрии оташфишонӣ, Тайёрии ронандагӣ машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаранд.
Барои рушди кафедра дар солҳои гуногун кормандони зерин саҳми арзанда гузоштанд: Саидов Г - капитани милитсия, Супрун П - капитани милитсия, Левченко О - капитани милитсия, Норов К - подполковники милитсия, Лелейко Н – подполковники милитсия, Туйчиев М.Т - подполковники милитсия, Орипов П.С - подполковники милитсия, Нарулин В.С - подполковники милитсия, Каримов Р - подполковники хизмати дохила, Сангов М - полковники милитсия, Аминов Х.Н - полковники милитсия, Комилов А - майори милитсия, Шодиев А - майори милитсия, Холиков У - майори милитсия, Абдурахмонов Б.А - капитани милитсия, Бобоқулов Р.Б - лейтенанти калони милитсия ва Шарипов А - лейтенанти калони милитсия. Қайд намудан зарур аст, ки аз устодони ҳамон вақт дар кафедра фаъолият намуда, подполковники милитсия Норов К. соли 1997 дар чемпионати ИҶШС аз рӯи намуди армспорт иштирок намуда чемпиони ИҶШС шуда, меъёри дараҷаи устоди варзиши ИҶШС иҷро кардааст. Ҳамчунин, майори милитсия Холиқов У. номзади устоди варзиши Чумҳурии Тоҷикистон аз намуди гуштини Дзю-до шудааст.
Ҳоло ҳайати омӯзгорони кафедраро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин ҳам боиси ифтихор аст, зеро сарвари давлат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонон қайд намуданд: Агар ҷавонон ояндаи миллат бошанд пас ҷавонони боистеъдоду лаёқатмандро мояи ифтихор ва сарбаландии миллӣ номид.
Ҳангоми фаъолияти кафедра аз ҷониби устодони кафедра мувофиқи нақшаи тақвимии чорабиниҳои варзишии оммавӣ 480 чорабиниҳои варзишӣ аз намудҳои Футбол, Футболи хурд, Баскетбол, Волейбол, Тенниси рӯи миз, Гуштини миллӣ, Самбо, Бокс, Варзиши сабук, Дастхобонӣ, Бандкашӣ, Турниккашӣ, Сангбардорӣ, Тирпарронӣ, Шоҳмот ва Шашка гузаронида шудааст. Дар ин мусобиқаҳо устодони кафедра варзишгарони болаёқатро интихоб намуда, ба дастаи яккачини Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мекарданд, ки онҳо дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок мекарданд. Дар муддати 20 сол дастаҳои варзишии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зиёда 120 мусобиқаҳои гуногун иштирок намуда, 36 Ҷом, 92 медал ва 120 ифтихорномаҳо ба хазинаи варзишии Академия дохил карданд. Дар соли 2009 сардори факултети №2, полковники милитсия Раҷабов Р.М. варзишгари беҳтарини ВКД дониста шуда, ӯ аз ҷониби Ҷамъияти Динамо ВКД Чумҳурии Тоҷикистон бо медали 85 солагии таъсисёбии милитсияи тоҷик сарфароз карда шуд. Дар ин муддат 1 нафар курсанти Академия дараҷаи устоди варзиши Тоҷикистон ва 17 нафар курсантон дараҷаи номзади устоди варзиши Тоҷикистонро ба даст оварданд. Бояд қайд кард, ки ин натиҷаҳо бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Академия ва фаъолияти пурсамари омӯзгорони кафедраи Тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ, зери роҳбарии, полковники милитсия Темиров С.Б. ба даст омадаанд.
Кафедра бо дигар кафедраҳои муассисаҳои олии таълимӣ, аз ҷумла Донишгоҳи ҳарбиии Тоҷикистон ва Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон робитаи зич дорад. Хайати устодони кафедра дар семинару конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, тренингҳо ва дигар чорабиниҳои хусусияти илмӣ ва варзишӣ фаъолона иштирок мекунанд.





Китобҳои олимони академия

payom1

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад.