Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курсҳои “Малакаи роҳбарӣ” дар Академияи ВКД

1853

Дар заминаи факултети №3-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои “Малакаи роҳбарӣ” идома ёфта истодаанд.

Имрӯзҳо вобаста ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №204 аз 27 апрели соли 2022 аз рӯи барномаи «Малакаи роҳбарӣ» кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ дар заминаи Академияи ВКД аз машғулиятҳои таълимӣ бархӯрдор шуда истодаанд.
Чунончи, барои гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос аз 22 апрел то 4 майи соли 2024, 21 нафар кормандзанон аз тамоми ҷузъу томҳои марказию маҳаллии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардиданд.

1854

Дар рӯзи аввали баргузор гардидани курси такмили ихтисос сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло бо шунавандагони курсҳо вохӯрӣ гузаронида, сипас дар мавзӯи «Нақши зан - роҳбар дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» суҳбати пурмазмунеро ба анҷом расонид.
Ғайр аз ин, муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи дотсенти кафедраи “Фанҳои ҷамъиятӣ”-и факултети №2-и Академияи ВКД, подполковники милитсия Самиъзода Бахтиёр ба самъи кормандзанон расонида шуд.
Бояд қайд кард, ки дар барномаи таълимии курси мазкур машғулиятҳои ҷолиби лексионӣ ва амалӣ аз ҷониби мутахассисони баландихтисос, олимони шинохтаи ҷумҳурӣ, собиқадорони соҳа, намояндагони дигар идораву вазорат ва муассисаҳо дар назар аст.

18551856

Боварӣ дорем, ки кормандзанони ҷузъу томҳои ниҳоди мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин машғулиятҳо баҳраманд гашта, баъди хатми он бо диду назар ва афкори нав ба коргоҳи хеш бармегарданд.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...