Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хайдарзода, М.П. Проблемы совершенствования законодательства и квалификации преступлений экстремистской направленности в Республике Таджикистан: монография / М.П. Хайдарзода. – Душанбе: ЭР-Граф, 2022. – 224 с.

ki2Монографияи мазкур ба проблемаҳои мукаммалсозии қонунгузорӣ ва квалификатсияи ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта бахшида шуда, дар меҳвари сиёсати зиддиҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф гардидааст. Дар он ба ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқии пайдоиш ва инкишофи мафҳуми «экстремизм» ва мустақарсозии он дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, мукаммалгардонии мафҳумҳои «фаъолияти экстремистӣ», «ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта» ва дигар мафҳумҳои ҳамҷавор дар қонунгузории амалкунанда, масъалаҳои тафриқабандии ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта ва дигар ҷиноятҳои ба онҳо монанд афкори арзишманд матраҳ гардида, шаклҳои зӯроварона ва ғайризӯроваронаи экстремизм асоснок карда шудааст. Дар доираи монография ба муаммоҳои қонунгузории амалкунандаи зиддиэкстремистӣ, мухолифатҳо вобаста ба татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта ва қоидаҳои квалификатсияи онҳо ҷавобҳои мушаххас пайдо карда шуда, тавсияҳо оид ба такмил додани асосҳои назариявӣ, ҳуқуқӣ ва амалии ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта низ пешниҳод гардидаанд.
Монография барои донишҷӯён, курсантону шунавандагон, магистрҳо, аспирантон (адъюнктон), омӯзгорон, олимон, кормандони амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва доираи васеи хонандагон, ки завқманди дарки масоили муқовимат ба кирдорҳои хусусияти экстремистидошта мебошанд, тавсия карда мешавад.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...