Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд бо ҳайати шахсии Академияи ВКД

64317-уми апрели соли 2024 вохӯрии сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло бо ҳайати шахсии факултетҳои №5 ва № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.642
Ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур омӯзиши нуктаҳои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки 9 марти соли ҷорӣ баргузор гардид, иборат буд.
644Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои хурофотпарастию таассуб, таълимоти ғайриқонунии динӣ, гаравиши ҷавонон ба созмонҳои террористию ифротгароӣ, инчунин риоя намудани меъёрҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва дигар масоили мубрам изҳори назар карда шуд.
Убайдуллоев Ш., Раҷабалиён А.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...