Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло, бахшида ба 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ

275Меҳмонони арҷманд, собиқадорони шарафманди ҷангу меҳнат! Ҳозирини муҳтарам!

Ҳамагон хуб медонем, ки аз санаи 9 май ба пирӯзии бузург бар фашизм ҳафтоду нӯҳ сол сипарӣ мегардад.
Ба ифтихори ин санаи таърихӣ ҳамаи Шумо собиқадорони ҷангу меҳнат, ҳамкасбони иззатманд ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро, ки дар таъмини ҳаёти осоиштаи Ватан саҳми арзанда гузоштаед, самимона табрик мегӯям.
Бо тақозои раванди таърих, халқи тоҷик низ дар баробари дигар халқу миллатҳои собиқ Шуравӣ имтиҳону озмоишҳои фоҷиабори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро аз сар гузаронидааст. Бинобар ин, рӯзи Ғалаба як пораи воқеии сарнавишт, як саҳифаи пурифтихори таърих ва як намунаи беамсоли корнамоиҳои падарону бародарони калонсоли моро дар арсаи мудҳиштарин ҷанги ҷаҳонии асри гузашта таҷассум менамояд.
Имрӯз баъди гузашти 79 сол, миқёс, арзиш ва шаҳомати корномаи беназири халқ дар қалбу хотираи мо боз ҳам равшантар мегардад. Башарият дар масири таърих ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро, ки 1418 шабонарӯз идома ёфта бошад, аз сар нагузарондааст. Ҷанги дуюми Ҷаҳонӣ аз рӯи миқёсу андоза низ даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи олам буда, дар он беш аз 72 давлатҳои хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40-давлатро фаро гирифта буд.
Дар набардҳои ин ҷанг беш аз 110 миллион аскарону сарбозон сафарбар шуда, зиёда аз 30 фисади онҳо дар набардҳо ба ҳалокат расиданд. Аз рӯи ҳисоби коршиносон зарари умумии ҷанг 4,5 триллион доллари Амрикоиро ташкил дода, бештар аз 55 милион одамон қурбон ва садҳо миллион аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд ба азоб гирифтор гардиданд.
Ҳарчанд мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон аз майдони ҷанг ҳазорон фарсах дур буд, вале дар дили ҳар як тоҷики ватандӯст нисбати душман нафрат пайдо гардида, онҳоро барои ихтиёран ба ҷабҳаҳои набард сафарбар гардидан водор мекард. Садои мудҳиши ҷанг зангулаи наҳси худро зада аз ҳар оила наздиктарин касонро ба ҳифзи Ватан сафарбар мекарданд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ягон фронти ҷангие набуд, ки дар он фиристодагони Тоҷикистон иштирок накарда бошанд. Онҳое, ки дар майдони ҷанг буданд бо шуҷоату далерӣ ва ҷонфидоӣ, онҳое, ки дар ақибгоҳ буданд, бо меҳнати ҳалолу шарафмандонаашон Рӯзи Ғалабаро наздик мекарданд. Аз ин рӯ корнамоиҳои ҷангии фиристодагони Тоҷикистон ва меҳнати шарафмандонаи занҳо, муйсафедон ва наврасон дар ақибгоҳ, сазовори аҳсан мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотии худ ба ифтихори ҷашни 64-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҳз қаҳрамонии фиристодагони Тоҷикистонро дар майдони ҷанг ва комёбиҳои меҳнатии мардумро дар ақибгоҳ ба назар гирифта чунин қайд намудаанд: «Ҳоло даврони истиқлол аз мо тақозо менамояд, ки ҳаёту рӯзгори чунин қаҳрамонону диловаронро омӯзем ва ба дигарон омӯзонем. Зеро ҷоннисориҳои онҳо дар майдони набард барои насли ҷавони миллат дарси матонату шуҷоат, ватандорию ватанпарастӣ, намунаи ҷасорат ва хислатҳои инсонӣ буда, барои бунёди ҷомеаи навини мо ва ба тарбияи насли созанда дар рӯҳияи ватанхоҳиву фидокорӣ мусоидат менамояд».
Ғалабаи инсоният дар Ҷанги дуюми Ҷаҳонӣ дорои аҳамияти бузурги таърихӣ буда, сарфи назар аз ҷаҳонбинии сиёсӣ ва мансубияти қавмиву нажодӣ, миллатҳо ва халқҳои гуногуни олам бо иттиҳоду ягонагӣ тавонистанд ваҳшонияти фашизмро дар миқёси сайёра аз байн баранд.
Тоҷикистон низ чун узви ҷудонашавандаи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ин ҷанги даҳшатнок талафоти зиёд дод. Беш аз 250 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳои мубориза шуҷоат ва корнамоиҳои бузург нишон дода, 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Зиёда аз 50 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф шуда, тақрибан 60 нафари онҳо Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 15-нафар соҳиби пурраи се дараҷаи «Ордени Шараф» гардидаанд.
Бояд қайд намуд, ки дар баробари дигар табақаҳои ҷамъиятӣ ва касбу кори мухталиф 1630 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳимояи Ватан бархостанд, ки чор нафари онҳо, аз ҷумла Недашивин Веньямин Григорьевич, Шарипов Эргаш Қосимович, Мирзоев Магамет Ховаджи, Новосельцев Михаил Иванович унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравиро сазовор гардидаанд.
Ҳамзамон зикр намудан зарур аст, ки милитсияи Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба ҳолати вазнини фаъолият рӯ ба рӯ гардид. Чунки, вазъи сиёсии мураккаб, сафарбарнамоии наваскарон, назорати вазъи сиёсӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии унсурҳои гуногуни ҷинояткорӣ, аз ҷумла дастгир ва безарар гардонидани дастаҳои навзуҳури муташаккили ҷинояткорӣ, дуздии моликияти ҷамъиятиву давлатӣ ва дигар падидаҳои номатлуби хоси замони ҷангӣ барои милитсияи Тоҷикистон мураккабиҳои хосро ба вуҷуд оварда буданд. Аммо милитсияи Тоҷикистон тавонист, ки аз иҷрои чунин вазифаҳо бо сарбаландӣ баромада, барои насли имрӯзи мақомот таҷрибаи мактаби ҷавонмардиро боқӣ гузорад..
Вобаста ба шароит ва вазъияти иҷтимоӣ ҳар насл дар назди таърих бо кору рафтор ва фаъолияти худ нақш мегузорад. Насли гузаштаи мо алалхусус собиқадорони ҷангу меҳнат, бунёдгузорони мактаби бузурги қаҳрамони буда, бо масъулияти маънавию ахлоқӣ ва ҷонфидоиҳои худ баҳри Ватан барои ҷавонон намунаи ибрат мебошанд. Аз ин хотир мо насли имрӯзи ҷомеа, қарзи худ мешуморем, ки хотираи неки чунин шахсиятҳои сарсупурдаи Ватанро пос дорем. Хизматҳои шарафмандонаву корнамоиҳои таърихии онҳо ҳаргиз аз ёдҳо нахоҳад рафт ва анъанаҳои қаҳрамониву фидокориҳояшон аз насл ба насл идома хоҳад ёфт.
Лозим ба ёдоварист, ки давлату Ҳукумати Тоxикистон, хусусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони ҷангу меҳнат ғамхориҳои беназир зоҳир менамоянд.
Маҳз дар заминаи чунин ғамхориҳо, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро пайваста талош менамоянд, то собиқадорони ҷангу меҳнат дар маркази таваҷҷуҳи фаъолияти касбӣ қарор дода шуда, роҳнамои насли имрӯзи мақомот бошанд
Зеро, Шумо собиқадорони арҷманд шоҳиди аслии корнамоиҳои ҷангиву меҳнати, чун пораи таърихи зиндаи миллат барои мо ибратбахш мебошед.
Дар анҷоми сухан барои Шумо собиқадорони ҷангу меҳнат, маърӯзачиён ва умуман ҳозирини арҷманд барору комёбӣ таманно дорам.
Бигузор, фазои Тоҷикистони азиз доимо беғубор буда, сулҳу амният ва ваҳдати комил побарҷо бошад.
Иди Ғалаба муборак собиқадорон ва ҳамкасбони гиромиқадр!





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...