Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЗИЁРАТИ ҚАҲРАМОНОН ВА ЧЕҲРАҲОИ ШИНОХТАИ МИЛЛАТ

000102030405060708   Имрӯз, 26-уми майи соли 2026 зимни ташриф ба Оромгоҳи мемориалии Лучоб аз фурсат истифода бурда оромгоҳи дигар Қаҳрамонони Тоҷикистон, ходимони давлатию фарҳангӣ ва ҷамоатчигии ҷумҳурӣ ва миллатамонро низ зиёрат кардем.

         Дарвоқеъ, ин мавзеъ дар яке аз ҷойҳои хушманзараи пойтахти кишварамон қарор дорад.Оромгоҳ хеле тозаву озода, чашмгир буда, мақбули ҳар бинанда мегардад.

       Дар оромгоҳ шахсиятҳое хобидаанд, ки дар бунёд, рушду инкишофи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлатамон саҳми арзанда ва шоиста гузоштаанд.

       Дар ин мавзеъ ҳама хобанд: ходимони сиёсӣ, давлатӣ, фарҳангӣ, олимон, нависандагон, шоирон, ходимони санъату ҳунар, илму техника ва дар умум намояндагони ҳар касбу ҳунар.

       Вақте аз назди онҳо мегузарӣ хоҳу нохоҳ ёди онҳо меояд: суханрониҳояшон, баромадҳояшон, китобҳояшон, саҳму ранҷашон, таваҷҷуҳу ғамхориҳояшон ва ҷамоҳири зебою сарсабзу шукуфоне, ки барои насли имрӯз ба мерос гузоштаанд.

       Онҳо, чеҳраҳои шинохтаи миллатанд, ки дар роҳи маърифат, маориф, иқтисодиёту иҷтимоиёт, бедории фикрии миллат размиданд, ҳаёту мамоти худро дареғ надоштанд.

       Ҳар бинанда, зери лаб, аз қаъри дил ба онҳо самимона сипос мегӯйяд, шукр менамояд, ки чунин фарзонафарзандонро миллати мо дорад ва ҳар яке дар алоҳидагӣ барои наслҳои имрӯзу фардо хотиротеро ба ёдгор гузоштааст.

       Дидани оромгоҳ дар вуҷуди ҳар бинанда як ғайрату ғурури хосеро мепарварад, бовариро ба оянда таҳким мебахшад, нияту орзӯ ва гомҳои навро бедор менамояд.

       Мо ки пайвандгари наслҳо мебошем бояд суннату анъаноти миллиамонро рушду такомул дода, онҳоро ҳамеша пос дорем ва бароямон муқаддас бошанд.

       ХОТИРОТАШОН ҲАМЕША АБАДЗИНДА БОД!

   НАЗАРЗОДА НОСИР-полковники милитсия





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...