Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАРОСИМИ ГУЛГУЗОРИИ КОРМАНДОНИ АКАДЕМИЯИ ВКД ДАР ОРОМГОҲИ МЕМОРИАЛИИ “ЛУЧОБ”

001002003004005006007008009010011012013014015Нисфирӯзии 26-уми майи соли 2026 роҳбарият, сардорони факултетҳо, кафедраҳо ва ҳайати шахсии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати арҷгузорӣ ба Қаҳрамонони миллат ба оромгоҳи мемориалии “Лучоб” ташриф оварда, оромгоҳи рамзии Қаҳрамонони Ватанро зиёрат намуданд.

Бояд иброз намуд, ки он иқдоми шоиста ва таърихие, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои авохир анҷом дод, дар миёни на танҳо ҳаммиллатон, балки кишварҳои дуру наздики минтақа як таваҷҷуҳи хосеро ба вуҷуд овард.

Ба Ватани аҷдодӣ овардани хоке аз оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллатҳои гуногун, ки бар асари сиёсати ноадолатонаи роҳбарияти вақти шуравӣ ҷони хешро аз даст дода буданду дар оромгоҳи рақами якуми Донскоеи шаҳри Москва ба хок супурда шудаанд, аз таваҷҷуҳ ва эҳтироми хоси Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Дар миёни ин нобиғаҳои баргузидаи халқҳои шуравӣ фарзандони ҷоннисору фарзонаи миллати тоҷик Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад низ дафн шудаанд, ки порае аз хоки поки онҳо бо риояи ҳама суннатҳои динию дунявӣ, ба Ватан оварда шуда, дар оромгоҳи Лучоб дафн карда шуданд.

Вақте, ки имрӯз ҳайати шахсии Академияи ВКД ба ин мавзеи муқаддаси пойтахтамон ташриф оварда буданд, оромгоҳ хеле серодам буд ва боз чандин ҳайатҳои идораву вазоратҳо, аҳли ҷомеаи кишвар, одамони алоҳида, донишҷӯёну мактаббачагон ба зиёрати ин шахсиятҳои таърихӣ омада буданд.

Зимни гузаронидани ин маросим сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия НАСУРИЁН Пулод Асадулло бахусус таъкид кард, ки иқдоми анҷомдодаи Роҳбари давлатамон идомаи мантиқии сиёсати башардӯстонаю фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, маҳаки худшиносии миллӣ мебошад ва дар оянда ба таҳкими руҳияи ватандӯстии наслҳои ояндасози Ватан мусоидат хоҳад кард.

Чорабинии мазкур, ба иштирокчиёни он ва алалхусус ба курсантони Академияи ВКД таассуроти фаромӯшнашаванда ба ёдгор гузошт.

НАЗАРЗОДА НОСИР-полковники милитсия





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...