Бо хатм намудани Академияи ВКД ҷавонони хуштолеъ соҳиби диплом шуданд












Дар маросими дипломсупорӣ ба хатмкунандагони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 19 июн дар саҳни ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ доир гардид, оид ба дастгириву зоҳир намудани ғамхорӣ нисбати ҷавонон, таваҷҷуҳи роҳбарияти ВКД ва Академияи он ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани кадрҳои ба талаботи замон мутобиқ, фароҳам овардани шароити мусоиди илмомӯзӣ барои курсантҳо ва дар ин замина, бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон ибрози назар карда шуд.
Дар ин чорабинии бошукӯҳ, ки бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо, роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони Академия, инчунин, шунавандагону курсантон ва волидони онҳо баргузор гардид, факултетҳои №№2, 5 ва 6-и ин даргоҳи илмро дар самтҳои ҳуқуқшиносӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор теъдоде аз курсантон хатм намуданд. Дар ин миён, 4 нафар курсант Академияро бо дипломи аъло хатм карда, соҳиби рутбаи лейтенанти калони милитсия гардиданд.
Тавре муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ғайратшо Муборакшозода изҳор намуд, «чорабинии имрӯзаи мо дар замоне баргузор гардида истодааст, ки мардуми сарбаланди тоҷик ба яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамаҷониба омодагӣ дида истодаанд. Гузашта аз ин, мо дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дорем ва албатта, давлатдории миллиро бе ин ду рукни муҳим - Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва расидан ба Ваҳдати миллӣ саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир буда, маҳз бо хизматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонбозиҳои ин абармарди дунёи сиёсат ба миллати тоҷик муяссар гардид, ки ба сулҳу суботи сартосарӣ бирасад. Натиҷаи ҳамаи корбариву давлатсозиҳои дуруст ин аст, ки мову шумо имрӯз дар як фазои орому осоишта кору зиндагӣ дорем. Ба ин муносибат шумо - хатмкунандагони азиз, инчунин, тамоми иштирокчиёни чорабинии имрӯзаро бо ин санаи хотирмон самимона табрик менамоям. Умедворам, ки ҳамагон зери парчами Ваҳдати миллӣ муттаҳид гардида, барои шукуфоӣ, рушду тараққиёт, сабзу хуррам гардонидани сарзамини аҷдодӣ, таҳкими сулҳу субот ва пойдории давлату миллати куҳанбунёдамон камари ҳиммат баста, ба сӯйи фардои дурахшон қадамҳои устувор мениҳем».
Муовини Вазири корҳои дохилӣ дар тақвияти суханонаш афзуд, ки Академияи Вазорати корҳои дохилӣ низ зодаи даврони соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати комили ҷомеаи Тоҷикистон буда, тавонистааст дар муддати на чандон тӯлонии фаъолият ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.
«Мисоли равшани он шумо - хатмкунандагони муҳтарам мебошед, ки имрӯз ҳамчун мутахассисони баркамол барои таъмини амнияту суботи кишвар ва умуман, хизмат ба миллату давлати хеш саф кашидаед. Вале набояд фаромӯш кард, ки оғоз аз ин лаҳзаҳои хотирмон, давлату миллат дар назди шумо масъулияти бештареро аз ҷумлаи таъмини амнияту суботи комили ҷомеа ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир мегузорад. Албатта, бо боварии комил метавон гуфт, ки бо донишу маърифат ва ҷаҳонбии андӯхта аз омӯзгорону роҳбарони хеш, аз уҳдаи чунин масъулият низ сарбаландона баромада метавонед», - гуфт ӯ.
Мавсуф ба масъалаи муҳим - омодасозии кадрҳои баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан барои мақомоти корҳои дохилӣ дахл намуда, аз таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти ВКД ба ин самти асосӣ ёдовар шуд. Ғ. Муборакшозода дар муроҷиат ба хатмкунандагони Академия чунин иброз намуд:
«Масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯи талаботи имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дошта, аз тарафи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ низ барои тарбияи чунин кадрҳои ҷавону умедбахш кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ дода мешавад. Бинобар ин ҳамаи мо, алалхусус шумо - хатмкунандагони гиромиқадрро лозим аст, ки дар чунин лаҳзаҳои ҳассос, ки ашхосу гурӯҳҳои ҷиноятпеша бо ҳар роҳу восита мехоҳанд амнияти ҷомеаро халалдор намуда, зиндагии осудаи мардумро барҳам зананд, бо дилу нияти пок ва созанда камари ҳиммат баста, ба миллату давлат ва касбу савганди хеш содиқ бошем».
Дар навбати худ, дар идомаи маросими хатми курсантон, инчунин сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло қайд кард, ки роҳбарияти Ҳукумати кишвар ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. Ҳамин аст, ки аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст, ки дар доираи он имрӯзҳо дар саросари кишвар, аз ҷумла дар Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи он корҳои зиёди ободониву созандагиҳо сурат гирифта, барои тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии ҳайати шахсӣ, хусусан олимону омӯзгорони ҷавон ва курсантон пайваста маҳфилҳои гуногуни илмию фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ гузаронида мешаванд.
Тавре қайд карда шуд, Вазорати корҳои дохилӣ, хусусан Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати кадрии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳое, ки тоза Академияро хатм кардаанд, ҳамаҷониба талош менамояд. Ин аст, ки ҳамаи онҳое, ки ин муассисаи таҳсилоти олии касбиро хатм кардаву имрӯз соҳиби диплом шуданд, бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия П. Насуриён изҳор намуд, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти корҳои дохилӣ, алалхусус ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки ҳамчун муассисаи олии таълимӣ масъули тайёр намудани кадрҳои ҷавон ва болаёқати ин мақомот мебошад, зиёд аст. Далели ин гуфтаҳо таваҷҷуҳи доимӣ ва ташрифҳои пайвастаи Пешвои миллат ба Вазорати корҳои дохилӣ ва бунёди Академияи наву замонавии ҷавобгӯ ба талаботи муосири таълим буда метавонанд.
Мавсуф дар охири суханронӣ бори дигар хатмкунандагонро бо ин санаи фархунда ва фаромӯшнашаванда, ки дар ёди ҳар яки онҳо абадан нақш хоҳад баст, табрик гуфт.
«Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш ба шумо - шогирдони азиз, роҳи сафед гуфта, орзумандам, ки обрӯю нуфузи милитсия ва Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар байни ҷомеа боз ҳам баланду қавитар мегардонед», - зикр намуд сардори Академия.
Тавре гуфтем, миёни он ҷавонони хуштолеъ, ки дар ин рӯз Академияи ВКД-ро хатм карданд, чор нафарашон соҳиби дипломи аъло ва рутбаи махсуси лейтенанти калони милитсия гардиданд. Яке аз онҳо лейтенанти калони милитсия Шоҳин Амонзода аст, ки баъди хатми факултети №2 аз тарафи роҳбарияти мақомот бо дипломи аъло сарфароз гардонида шуд. Воқеан, имрӯз ба хубӣ чеҳраи гарму самимӣ ва қаноатманд аз ташаббусу дастгириҳои роҳбарияти ВКД ва Академия дар ӯ аён буд. Дар суҳбате ки баъди анҷоми маросими дипломсупорӣ бо ин ҷавони хуштолеъ доштем, нахуст аз вай пурсидем, ки чӣ эҳсосе ӯро фаро гирифта?
Шоҳин Амонзода шодии худро пинҳон накарда, иброз дошт, ки воқеан ҳам хурсандии ӯро ҳадду канор нест.
«Агар як тарафи муваффақиятамон дар саъю кӯшиши худи мо бошад, пас, ҷониби дигари комёбиамон саҳми волидонамон дар сахтгирӣ ва таълиму тарбия мебошад. Албатта, нақши роҳбарияти Академияи ВКД ва омӯзгорони пуртаҷрибаи он низ дар расидани мо ба чунин натиҷаҳои баланд бениҳоят калон аст. Дарвоқеъ, он шароити хубе ки барои донишандӯзии мо - ҷавонон, аз тарафи роҳбарияти ВКД дар ин боргоҳи илму маърифат муҳайё гардидааст, барои таҳсилу дар оянда соҳибкасб шудани ҳар яки мо мусоид мебошад», - иброз намуд ӯ.
Зимни суҳбати мо бо волидони хатмкунанда Сабрина Азиззода низ, ки дар ин рӯз фарзандашон соҳиби диплом гардид, ҷолиби диққат аст. Тавре волидони ӯ Усмон Азизов ва Заррина Саидова иброз намуданд, ҳарчанд саҳми онҳо дар тарбияи фарзандашон назаррас аст, вале сахтгириҳои омӯзгорони Академияи ВКД ва фароҳам будани шароити хуби донишандӯзӣ дар ин макони илм боиси ба чунин мартабаҳои баланд расидани Сабрина шудааст.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ аз номи хатмкунандагон лейтенанти калони милитсия Давлат Расулзода баромад карда, иброз намуд, ки дар ҷавоб ба он ҳама дастгириву ғамхориҳое, ки тайи солҳои таҳсил дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дидаанд, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба савганди хеш содиқ монда, баҳри ободиву шукуфоии сарзамини аҷдодӣ ҷаҳду талош намоянд.
Ҳамчун рамзи эҳтиром ба мақомоти корҳои дохилӣ ва Академияи он, аз тарафи хатмкунандагон дар вазъияти тантанавӣ барои Осорхонаи ВКД туҳфаи хотиравӣ супорида шуд.
Барномаи ҳунарӣ дар иҷрои санъаткорони шинохта хотимабахши ин чорабинии тантанавӣ буд.
Р. ИЛЁСЗОДА,
У. ОЛИМ







































































































































































