Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи солонаи байналмилалии иттиҳодияҳои сарони политсия дар ШМА

309

Аз 25 то 29-уми октябри соли 2019 дар шаҳри Чикагои иёлоти Иллинойси Штатҳои Муттаҳидаи Америка Конференсияи солонаи байналмилалии иттиҳодияҳои сарони политсия баргузор гардида истодааст, ки ин конференсияи 126-умин буда, аз соли 1893 инҷониб ҳар сол доир карда мешавад.
Дар кори конференсия аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД генерал-майори милитсия Зикрулло Ҳукуматулло, сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, муовини роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ подполковники милитсия Саидахмедова Умеда ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда истодаанд.
Дар рафти конференсия масъалаҳои ислоҳоти милитсия, васеъгардонии ҳуқуқҳо ва имкониятҳои занон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, таҳияи стратегия оид ба таъмини ҳифзи тартибот дар ҳамкорӣ бо ҷомеа, мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунамотез, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноят, хариду фурӯши одамон ва ҷинояткории муташаккилона мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

102103104

Айни замон, Конференсияи солонаи байналмилалии иттиҳодияҳои сарони политсия идома дошта, аз натиҷаи он иловатан иттило дода мешавад.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

payom1

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад.