Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курсант Зардаков Довуд - иштирокчии фаъоли озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ»

394

Курсантони Академияи ВКД дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо сарапрастии шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр ва кафедраҳои Академия ширкати фаъол доранд.
Яке аз ин курсантони фаъол Зардаков Довуд Сироҷиддинович - курсанти курси 5-уми факултети №2 мебошад, ки дар баробари таҳсил бо баҳои хубу аъло дар Академия дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкати фаъол дорад.
Зардаков Довуд истеъдоди баланди шоирӣ дошта, яке аз аъзоёни фаъоли маҳфили «Ҳамешабаҳор» таҳти роҳбарии шоири шинохта Хайрандеш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад.
Зардаков Довуд дар се марҳилаи Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» дар Академия, ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва шаҳри Душанбе иштироки фаъол намуда, бо Ифихорнома ва Диплом мушарраф гардид.
Бо ин дастовардҳо ӯро самимона табрик гуфта, комёбиҳои нав ба нав орзумандем.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

payom1

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад.