Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курсанти Академияи ВКД қаҳрамони мусобиқа гардид

614

Рӯзҳои 22-23-юми декабри соли 2020 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бори аввал гӯштини миллии камарбандии тарзи классикӣ ва озод байни калонсолон баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар толори варзишии шаҳр бо иштироки дастаҳо аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Бадахшон баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи варзишӣ паҳлавонон барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат намуданд. Дар вазни 75 кг курсанти курси 1-уми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Орифҷонзода Шаҳбоз, зери тарбия ва тамринҳои Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландаров Фурқатҷон Мирзоевич барои гирифтани медали тилло дар шакли гуштини миллии камарбандии тарзи классикӣ ва медали биринҷии гуштини миллии камарбандии тарзи озод ва Ифтихорномаи ин мусобиқа мушарраф гардид. 

Бояд зикр намуд, ки гуштини миллии камарбандӣ таърихи ҳазорсолаҳоро доро буда, ҳамқадами иди ҷаҳонии Наврӯз мебошад. Дар тамоми кишварҳое, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни оғози баҳору шукуфтанҳо ва аҷдодӣ ҷашн гирифта мешавад, дар он гуштини камарбандӣ ҳамчун мусобиқаи асосии наврӯзӣ гузаронида шуда, ҳамаи пиру ҷавон қувваозмоӣ мекунанд.
Орифҷонзода Шаҳбоз бо дониш ва интизоми намунавӣ дар миёни курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати профессорону омӯзгорон дорои обрӯ ва эътибори хосса мебошад.

Файзизода Шаҳром, курсанти курси 1 факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

payom1

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад.