Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот

502Таърихи мулку мулкдорӣ гувоҳ аст, ки аз қадим то имрӯз бисёре аз миллат ва давлатҳои ҷаҳон дорои Пешвои миллати хеш буда, онҳо давлати худро ба як ҷомеаи саодатманд расонида, аз нестшавӣ ва парокандагӣ наҷот додаанд.
Набудани роҳбари қавии сиёсӣ ба ҳайси Пешвои миллат, яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ дар Тоҷикистон буд. Бо ин мақсад зиракӣ ва бедории миллиро набояд аз даст дод. Нотавонбинони миллат, созмонҳои ифротгароӣ ва хоҷагони онҳо ором нестанд, балки барои ноором сохтани авзои сиёсии кишвар пайваста бо ҳар шева дар ҳолати нафратэҷодкунӣ ба шахсияти Пешвои миллат ва давлати миллии тоҷикон ҳастанд.
Аз ҳамин нуқтаи назар, имрӯз ҳимояи якпорчагии кишвар, ҳифзи сулҳу субот ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми кишварро ташкил медиҳад.
Албатта, ҳар нафаре дар миёни мардум бо меҳнати ҳалол, ростқавлӣ, ва қаҳрамонӣ мақому фазилат пайдо намояд, мардум ӯро бо зеботарин сухан ва арзишмандтарин ном ёд намуда, дӯст медоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи нафаронест, ки муҳаббати мардум ӯро иззату эҳтиром дода, лоиқ ва шоистаи раҳбарии Тоҷикистон ва мардуми шарифи он гардонидааст.
Эмомалӣ Раҳмон замоне зимоми қудрати сиёсии кишварро ба даст гирифт, ки Тоҷикистон дар гирдоби ҷанг ва фитнаҳои бузург афтода, хатари аз байн рафтани миллату давлат, забону таърих ва тамомияти арзии кишвар пеш омада буд. Мардум ба гурӯҳ ва созмонҳои мухталиф ҷудо гашта, ба якдигар бо забони тиру теғ сухан мегуфтанд.
Дар чунин вазъияти хатарнок ва тақдирсоз барои ҳастию бақои миллату давлат Эмомалӣ Раҳмон парчамбардори сулҳ, ваҳдат, ҳувияти миллӣ ва Пешвои Тоҷикистони азиз гардид!
Он рӯзҳои мудҳиш ошуфтагӣ, парешонии рӯзгор, ноумедӣ ва хушунат ҷомеаро фаро гирифта буд. Амният ва осудагӣ барои ҳамагон арзиш пайдо намуд, аммо касе кафолат ва масъулияти амнияти дигар касро дода наметавонист. Киштии давлат ва миллат дар амвоҷи тӯфон бесарнишин ва халабон боқӣ монда буд.
Афрод ва гурӯҳҳои ҷинояткор аз ин фурсат истифода намуда, ба ҷони олимон, намояндагони мардумӣ, кормандони давлатӣ, сӯиқасд менамуданд. Ҳастию бақои миллат дар зери хатари ҷиддӣ қарор гирифта буд. Дар чунин рӯзгори тираву тор ҷомеа ва кишвари Тоҷикистон ниёз ба Пешвои хирадманд ва инсони шариф дошт, то бори амонат ва масъулияти кишвардориро ба зимаи хеш бигирад. Маҳз дар чунин вазъияти хатарнок ва тақдирсоз барои мавҷудияти миллату давлат Эмомалӣ Раҳмон парчамбародори сулҳ, ваҳдат, ҳувияти миллӣ ва Пешвои Тоҷикистони азиз гардид!
Соли 1992 фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Нахустин дастоварди бузурги миллат дар вазъи ҷанги шаҳрвандӣ қарор доштани кишвар раҳбари давлат таъйин шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Интихоботи дуруст сароғози хушбахтӣ барои миллат ва давлатдории тоҷикон гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Пешвои миллат дар ин ҷодаи масъулиятнок нахуст ба парчам - нишонаи асосии давлату миллат эҳтиром гузошта, дар назди ҳозирин ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳор дошт, ки ба ҷанги таҳмилӣ хотима мегузорад. Миллат ва давлатро аз нестшавӣ ҳифз намуда, тамоми гурезагони иҷборӣ, яъне ҳамватонони азизро аз Афғонистон ва соири кишварҳои дунё ба Тоҷикистон меоварад. Ӯ изҳор дошт, ки то замоне як тоҷик берун аз ватан қарор дорад, ман осуда ва ором буда наметавонам. Тоҷикистон хонаи ҳамаи тоҷикон аст.
Ҷавҳари ҷавонмардӣ ва хиради азалӣ дар симои зоҳирӣ ва андешаву афкори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо чун офтоби тобон нурафшон буд. Ӯ низоми иқтисодии кишварро, ки дар натиҷаи дигаргун гаштани сохтори сиёсию умури давлатдорӣ ва ҷанги таҳмилӣ аз ҳам пошида, тахрибу валангор гашта буданд, аз нав дар шароити низоми демократӣ бозсозӣ намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзи корӣ натанҳо дар фикри хомӯш ва саркӯб намудани оташи ҷанг, ҳифзи тамомияти арзӣ, таъмини ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва маҳв намудани гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст ва разманда буд, балки ӯ ҳамчун як сиёсатмадори варзида барои ояндаи дурахшон ва саодатманди миллату кишвар аз самими қалб талош менамуд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои худшиносӣ, худогоҳӣ, эҳёи мероси таърихӣ ва хомӯш намудани оташи ҷанг силсилаи ҳамоиш ва бузургдошти бузургони миллат ба монанди Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рудакӣ, Шайх Камоли Хуҷандӣ, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Носири Хусрави Қубодиёниро дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намуд.
Бо талошҳои бевоситаи Пешвои миллат мероси миллӣ ва шахсиятҳои маъруфи илмию адабӣ омили муҳими ба ваҳдат расидани миллати ҷангзадаи тоҷик гардид. Шоирон, адибон, нависандагон ва аҳли зиёро ба муқовимат бар зидди ҷанги таҳмилӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ даъват намуд. Онҳоро аз доираи тарсу ноумедӣ наҷот дод.
Бо шарофати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон илму дониш, хираду фазл дар ҷомеа садрнишин гашт. Умед ба зиндагӣ ва баргашти гурезагон ба ватан оғоз гардид.
Бо талошҳои бевоситаи Пешвои миллат имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои ҳасанаи дипломатӣ барқарор намудааст. Истиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати алоҳида мешиносанд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи идеология ва фарҳанги асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ буда, сипари амнияти фарҳангиро барои таъмини сулҳу субот ва бақои халқи тоҷик фароҳам сохт. Дар ин замина як силсила чорабиниҳои фарҳангӣ ва бузургдошти шахсиятҳои маъруфи миллиро ба роҳ монда, миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ аз дини мубини ислом пуштибонӣ намуда, эълон намуд, ки терроризм ва экстремизм ба ислом ягон иртибот надоранд. Ислом зидди ҳама гуна хушунат, террор ва тундгароию ифрот аст. Шахси террорист миллат, дин, Ватан ва фарҳанг надорад.
Сиёсати фарҳангдӯстӣ, меросмеҳварӣ ва инсонпарваронаи Пешвои миллат барои тақвиятёбӣ, мустаҳкам гардидани ҳувияти миллӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ нигаронида шуда, ҳисси ватандӯстии ҷавонони кишварро бедор намудааст. Чунин ҳолати кор эътибор ва эҳтироми Пешвои миллатро дар байни аҳолӣ ва дар арсаи байналмиллалӣ маъруфу машҳур гардонидааст.
Рузихонзода С.Р., муовини сардори факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...