Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар озмуни илмии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мубрами фаъолияти ҷузъу томҳои кофтукови ҷиноятии кишварҳо-аъзоёни ИДМ

1008Аз 1 феврал то 15 марти соли 2024 дар Академияи ВКД Россия дар ш. Омск озмуни байналмилалии корҳои беҳтарини илмии курсанон ва шунавандагони мактабҳои олии таълимии низоми ВКД кишварҳо-аъзоёни ИДМ дар мавзуи «Фаъолияти фаъолияти ҷузъу томҳои кофтукови ҷиноятӣ» баргузор гардид.1009
Ба озмун зиёда аз 30 кори илмии курсантону шунавандагони макотиби олии низоми ВКД Россия, Белоруссия ва Қирғизистон пешниҳод шуда буданд. Аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон курсанти гурӯҳи таълимии 212-и курси дуюми факултети № 6, милитсияи қаторӣ Исмоилов Азамат бо кори илмии худ дар мавзуи «Танзими қонунгузории амалигардонии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок намуд. Роҳбари илмӣ - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Арипов А.Л. буд.
Озмун дар ду марҳила баргузор гардида, кори илмии Исмоилов А. аз даври интихобӣ гузашта, 13 март марҳилаи дуюм баргузор гардид, ки дар он иштирокчиёни озмун корҳои худро дар доираи муаррифии шифоҳӣ пешкаш намуданд. Исмоилов А.Р. дар шакли онлайн иштирок намуд.
Комиссияи озмунӣ аз рӯйи натиҷаҳои маърузаҳо ба хулосае омад, ки мавзуи таҳқиқоти А.Р. Исмаилов хеле мубрам буда, сазовори баҳои баланд мебошад. Аз ин рӯ, бо қарори Комиссияи озмунӣ кори илмии Исмоилов А.Р. ҷойи дуюмро ишғол намуда, бо Дипломи дарачаи дуюм сарфароз гардида шуд.
Қобили зикр аст, ки 15 феврали соли 2024 байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВКД ВКД Россия дар ш. Омск Протокол оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва фаъолияти илмӣ ба имзо расид ва иштироки курсанти муассисаи таълимии мо дар озмун нахустин чорабинии муштарак аст. Мо итминон дорем, ки ҳамкориҳои байни муассисаҳои таълимии мо боз ҳам боэътимодтар ва муассиртар хоҳанд шуд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...