Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЛАҲЗАҲОИ ТАҚДИРСОЗИ ТАЪРИХӢ ДАР САМТИ ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

29Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста зикр мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад аз ҷониби дигар чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Чунончи санаи 9 марти соли 2024 дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мулоқот доир намуда доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намуданд.
Яке аз масъалаҳое, ки дар мулоқот ироа гардид ин таҷлил намудани бузургдошти шахсиятҳои бузурги таърихӣ, фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ба монанди Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки машҳур бо номи Имоми Аъзам аст, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, инчунин ба забони тоҷикӣ тарҷума, нашр ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардонидани Қуръони Карим далели гуфтаҳои боло аст.
Дар рафти мулоқот Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора намуданд: «Мо тасмим гирифтаем, ки ин гуна иқдом, аз ҷумла нашри тоҷикии матни Қуръони Каримро минбаъд низ идома диҳем, то ин китоби муқаддас барои пок нигоҳ доштани асолати динии мардумамон дар ҳар хонадони мамлакат мавҷуд бошад».
Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки солҳои охир вусъати бесобиқа ёфтани талоши абарқудратҳо барои амалисозии манфиатҳои худ, азнавтақсимкунии дунё, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», густариши бесобиқаи фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки мутаассифона, хусусияти динӣ касб намудааст, вазъи мураккаби дар пайи пандемияи КОВИД – 19 бавуҷудомада, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он – хушксоливу камобӣ, норасоии маводи ғизоӣ ва гуруснагӣ вазъи ҷаҳонро мураккабу пешгӯйинашаванда гардонида истодааст.
Вобаста ба гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.
Чунон ки дар боло қайд карда шуд ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба ҷомеаи ҷаҳони таҳдид дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкур ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъитияро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремисти дошта муваззаф гардонидааст.
Дар идомаи ин раванд, қонунҳо «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 ва 2021 – 2025 қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Тавре зикр гардид, дар кишвар бо қарорҳои Суди Олӣ фаъолияти 28 ташкилоти экстремистиву террористӣ манъ шудааст, вале ҳолатҳои шомил шудан ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо ҳанӯз ба назар мерасанд.
Дар рафти мулоқот Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро од ба он, ки дар 10 соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва сӯиқасд ба он ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва сӯиқасд ба он пешгирӣ гардидааст ва тибқи маълумоти мавҷуда дар се соли охир 24 нафар шаҳрвандони мо дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ даст задаанд, ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки ин ҳолат нигарониҳои ҷиддии ҷомеаро ба миён меорад.
Илова бар ин, бо иқдоми башардӯстонаи роҳбарияти мамлакат ба қонунгузории ҷиноятӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, муқаррар гардид, ки дар сурати ихтиёран даст кашидани шаҳрвандон аз иштирок дар фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, инчунин, қатъ кардани иштироки минбаъда дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар кишварҳо онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.
Бо истифода аз ин имконият дар даҳ соли охир 1640 нафар ба Ватан баргаштанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо қатъ карда шуданд.
Танҳо соли 2023-юм 328 ва дар ду моҳи соли ҷорӣ 140 нафар шаҳрвандон аз ин имконият истифода кардаанд.
Аммо ҳоло 4075 нафар шаҳрвандони кишвар барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарор доранд.
Аз ин хотир, аз тарафи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш дода шуд, ки дар назди Прокуратураи генералӣ ситод оид ба баррасии муроҷиатҳои шахсони барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарордошта таъсис дода шавад, ки ин амал саривақтӣ мебошад. Дар ин замина ба шаҳрвандон бори дигар муроҷиат карда шуд, ки фирефтаи ҳар гуна дасисаҳа нагардида, фикри падару модар, фарзандон, обрӯйи давлат ва миллатро карда дилпурона ба Ватан баргарданд ва аз имкониятҳои дар қонун пешбинӣ гардида истифода баранд.
Аз ин лиҳоз, дар ин лаҳзаҳои тақдирсози таърихӣ танҳо матонату мардонагӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, эҳтирому эътимод ба фарҳанги миллӣ, тамаддуни созандаи исломӣ ва арзишҳои умумиэътирофшудаи башарӣ метавонанд, кишвари азизамон Тоҷикистонро аз ин разилатҳои замон эмин дорад.
Бо дарназардошти масъалаҳое, ки зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташкил намудани чунин вохӯрӣ он аст, ки ҳар сокини мамлакат бояд дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва шукргузорӣ аз давлати ободу соҳибистиқлол тарбия ёфта, дар самти ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ, манфиатҳои миллӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ саҳми арзишманд гузорад.
Сардори кафедраи ФОҶ МКД,
н.и.ҳ., полковники милитсия
Абдуллозода Н.Р.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...