Баргузории озмуни «Курсанти беҳтарин дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯи»
Бояд кайд кард, ки ҳамасола дар асоси нақша чорабинихои асосии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Курсанти беҳтарин дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад, ки бо дастуру роҳнамоиҳои Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ҳукми анъана даромадааст.3-юми октябри соли равон дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти даври аввали озмуни «Курсанти беҳтарин дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯи» доир гардид. Дар ҷамъбасти даври аввали озмун 7 нафар курсантон аз ҳисоби курси 3-юм, 4 нафар, милитсияи қаторӣ Абдуллозода А. гурӯҳи 301, милитсияи қаторӣ Савризода Н., гурӯҳи 301, милитсияи қаторӣ Рӯзиев Д., гурӯҳи 302, милитсия қаторӣ Ҳоҷизода С., гурӯҳи 303 ва милитсияи қаторӣ Умаров Ш. гурӯҳи 304 ва аз ҳисоби курси 4-ум, 3 нафар милитсияи қаторӣ Абдуллоев А., гурӯҳи 401, милитсияи қаторӣ Холиқов А., гурӯҳи 404 ва милитсияи қаторӣ Ибодзода И., гурӯҳи 402, ки дар даври авал иштирок намуда беҳтарин ҳисобида шуданд.
Тибқи низомнома даври аввали озмун дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2024 то 3 октябри соли 2024 баргузор гардид.
Дар ҷараёни баргузории озмуни мазкур савияи дониш ва маҳорату малакаи оперативии курсантон, ки бо донишҳои назариявию амалӣ мустаҳкам гардидааст, баҳогузорӣ ва беҳтаринҳо муайян карда шуданд.
Ҳамин тавр, милитсияи қаторӣ Абдуллоев Анвар курсанти курси 4-уми гурӯҳи 401 ҷойи аввал, милитсияи қаторӣ Холиқов Абдухолиқ курсанти курси 4 гурӯҳи 404 мақоми дуюм ва милитсияи қаторӣ Ибодзода Исмоил курсанти курси 4 гурӯхи 402 ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Ғолибони озмун аз чониби роҳбарияти факултети №4 бо Ифтихорнома ва Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.
Абдуллозода Н.Р., сардори кафедраи ФОҶ МКД факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия